Skip to main content

02 майи соли равон Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти кории олимону кормандони муассисаҳои илмии академия аз Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид ба амал оварда, зимнан бо олимону кормандони ин ниҳод вохурӣ доир намуд. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз беҳтарсозии шароити корӣ дар утоқҳои кормандони Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулин барои фароҳам овардани шароити корӣ изҳори сипос баён намуданд.

Ҳамзамон роҳбарияти академия бо олимону кормандони ниҳоди мазкур вохурӣ доир намуда, фикру андешаҳои хешро доир ба фаъолияти илмию таҳқиқотии Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баён дошта, ҷиҳати пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои тиббӣ ба масъулини соҳа вазифаҳои мушаххас дода шуд. Таъкид шуд, ки соҳаи тандурустӣ имрӯзҳо дар саргаҳи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ рушди бомайлон намудааст.

Дар идомаи вохурӣ роҳбарияти академия доир ба масъалаҳои мубрами зинаҳои гуногуни илмҳои тиббӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, зикр дошт, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» мо бояд корҳои муҳимро ба сомон расонем. Ҳамин аст, ки вазифаи нахустини мо олимону зиёиён пеш аз ҳама омода намудани мутахассисони баландихтисоси касбӣ дар зинаҳои гуногуни илмӣ мебошад.

Таъкид шуд, ки дар оянда ба самти механизми ҷалби кадрҳои ҷавон ба муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муҳайё намудани шароити иҷтимоӣ барои онҳо тадбирҳои нав бояд андешид. Ҳадафи нахустини ҳар як фарди хештаншинос ин пеш аз ҳама ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ, пешрафти ҷомеа, рушди илму эҷод, ҳувияти миллӣ, муаррифии бештару аёнтари арзишҳои таърихиву фарҳангӣ дар арсаи байналмилаӣ мебошад.