Skip to main content
Ҷаҳонишавӣ раванди ҷаҳони муосирро бисёр мураккаб, пурасрор ва пур аз ихтилофу низоъ гардонид. Имрӯзҳо дар фазои маҷозии олам падидаву ҳодисаҳое ба вуқӯъ пайваста истодаанд, ки рӯз то рӯз ҳаётро дар сайёраи Замин беш аз пеш ба таҳдиду хатар рӯбарӯ сохта, рӯзгори тамоми инсониятро тира ва умеду бовариро аз дилҳои инсонҳо нисбат ба ояндаи нек рабуда, авзои давлатҳоро бӯҳронитар гардонидааст.

1231Дарвоқеъ дар шароити тағйирпазирии арзишҳо дар замони ҷаҳонишавии манфиатҳо, сӯистифодаи ғаразнок ва ҳадафманди ин зуҳуроти манфӣ аз ҷониби нерӯҳои мухталифи сиёсӣ афзун гардида, рӯ овардани бозигарони майдони сиёсии олам ба ин амали мудҳиш ва зишт ҳамчун воситаи расидан ба мақсадҳои нопок дар шаклҳои гуногун сурат мегирад. Терроризм ҳамчун воситаи расидан ба мақсадҳо бо сифатҳои нав ва симоҳои дигаргун муаррифӣ гашта, дар байни аҳли сиёсати ҷаҳонӣ зери гарди ғаразу манфиатҳо худро пинҳон карданист, ин ҳолат дар олами илми ҷиноятӣ шинохти дақиқ ва баҳодиҳии воқеии онро ба маротиб душвор гардондааст.

Албатта, ҳеҷ манфиат, ҳеҷ ғараз ва ҳеҷ як нерӯи сиёсӣ, ки дар партави ҳастии инсон зуҳур менамояд аз назари ахлоқи башарӣ ва қонунии умумии адл ин зуҳуротро ҳодисаи мусбат ва сазовори рафтори инсонӣ дониста наметавонад ва вобаста ба ин Президент ҳақиқатнигорона таъкид намуданд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.» Онҳое, ки дар сиёсати байналмилал бо ҳар роҳу восита дастандаркорони иддае аз чунин ҳодисаҳои манфур гашта, намояндагони онро ҳамчун муборизони роҳи ҳақ муаррифӣ менамоянд, бояд аз ин зовия дуруст андеша намоянд ва ҳеҷ гоҳ аз хотир наброранд, ки ҳеҷ неъмат, ҳеҷ арзиш ва ҳеҷ манфиат ва қудрат болотар аз қадр ва манзалати инсон буда наметавонад. Ҳама неъматро дастрас намудан мумкин аст, ҳама вайронаҳоро обод кардан имкон дорад, ки агар вайрон шавад бо дасти инсонӣ аз нав сохта мегардад, вале умри бармаҳал кандашудаи инсонро касе аз нав зинда карда наметавонад. Аз ин рӯ ҳақ ба ҷониби Президент аст, ки «террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.»

Чанд вақт қабл аз қаринаи тадқиқоти илмӣ мо атрофи ин падидаи манфур изҳори назар намуда будем, бо дарназардошти он ки дар шароити нав ин зуҳурот шаклҳои нав гирифтааст ва Пешвои муҳтарами миллат аз он ҳамчун таҳдиди глобалӣ ёдрас шуда аз гуногунфаҳмиаш изҳори нигаронӣ намуданд, зарур шуморидем бори дигар ба табиати ҳуқуқии он, омилҳои тавлиддиҳанда ва қисматҳои таркибиаш дидаи таҳқиқ дузем. Зеро баррасии рукнҳои ин зуҳуроти манфӣ дар маҷмӯъ дар шинохти воқеии оқибатҳои манфии он кӯмак намуда, имкони истодагарӣ ва мубориза бо онро осон менамояд.

Истилоҳи терроризм аз ду қисмат аз калимаи лотинии «terror» «терорр» «тарс», «ваҳшоният» ва суфикси исмсози «изм», ки ба исмҳои мардона сифати ҷараён, самт ва ба раванди ҳодисоти дар решаи онҳо мавҷуд буда табдил ёфтанро зам менамояд, иборат аст. Мисол, сталинизм, фрейдизм, исламизм, архаизм. Дар ибтидо дар муборизаи байниҳамдигарии инсонҳо террор эҳтимол бо мақсади тарсонидан ва ба таҳлука андохтани рақибон ва аҳли ҷомеа, дар шакли зӯрии ҷисмонӣ ва то несту нобуд кардани онҳо истифода мешудааст. Аммо баъдан дар шароити пайдоиши нахустин давлатҳо ба назари олимон террор ҳамчун усули ба мақсад расидан дар муборизаи сиёсӣ бо таҳдиди истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ ва маънавию рӯҳӣ зуҳур карда навъҳои мухталифи худро касб кардааст.

Имрӯз бошад терроризм ба масъалаи глобалии замони муосир, воситаи муассири тарси инсоният, нерӯи манфии вайронкунандаи низомҳо, унсури нодуруст ва манфии расидан ба мақсадҳо, таҳдиди ҷиддӣ ба фарҳангҳо, тамаддунҳо ва ба бехатарии ҷаҳон ва ҳар давлати демократӣ, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал гаштааст. Ин ҳама боис гаштааст, ки дар баробари илми ҳуқуқи ҷиноятӣ ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон ҳама думболи ҷустуҷӯӣ воқеият ва табиати аслии ин зуҳуроти манфӣ гаштаанд. Ибтидои муқовимат ва истодагарӣ бо ин зуҳуроти манфӣ, ки рӯзафзун чун тори анкабут ба тори низому тартиби ҷаҳонӣ бо шаклу навъҳои мухталиф рахнаҳо ворид месозад, албатта ин шинохтан ва эълон кардани аслияти он аст. Дуруст аст, ки душманро нашинохта бо ӯ мубориза бурдан номумкин аст.

Дар ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ду намуд терроризм маънидод карда мешавад:

якум, терроризм бо мақсадҳои сиёсӣ, яъне дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ, низоми ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, воҳима андохтан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, пайдо кардани нобоварии халқ нисбати ҳукумат ва президент фалаҷ гардонидани фаъолияти мақомоти сохторҳои давлатӣ.

дуюм, терроризми ҷиноятӣ, яъне гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ҷиҳати барои худ фароҳам овардани вазъияти муътадили ҷиноӣ, ки ҳеҷ кас садди роҳи онҳо нашавад ва шароит муҳаё месозанд барои содир кардани ҷиноят. Масалан, ҷиноятҳои трансмиллӣ, бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор алоқаманд буда ва ғ. Дар самти иқтисодиёт гурӯҳи ҷинояткор бо истифодаи террор рақибони худро метарсонанд ва диққати мақомоте, ки ба ҷиноятҳои муташаккил сару кор доранд, ба дигар ҳодисаҳо ҷалб менамоянд.

Азбаски ин ду намуди терроризм ба якдигар алоқаманданд, ташкилотҳои террористӣ гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро, дар соҳаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, харидуфурӯши силоҳ ҷиноятҳои трансмиллиро истифода мебарад ва ҳатто бо пулу силоҳ ва моддаҳои нашъаовар таъмин мекунад, байни якдигар ҳамкорӣ доранд.

Ташкилотҳои террористии байналхалқӣ дар тамоми дунё бо якдигар аз тариқи шабакаи интернет ва дигар воситаҳо, ҳамкорӣ мекунанд. Олимону коршиносон оид ба сабабҳои пайдоиши терроризм ва рушд гирифтани он дар замони нав як қатор корҳои тадқиқотиро ба анҷом расонидаанд. Хулосаи умдаи онҳо ин аст, ки фаъолияти террористонро ҳеҷ вақт ва дар ҳеҷ сурат ҳимоят кардан лозим нест. Аммо худи ҷинояткорону террористон ва гурӯҳҳои манфиатдори сиёсӣ барои собит кардани ҳаққонияти худ ба дифои якдигар баромада аз амалҳои террористии ҷудогона дастгирӣ менамоянд.

Масалан, террористони покистонӣ, террористони Ирландияи Шимолӣ ва Индонезияро ҳамчун гурӯҳҳои озодихоҳ, ки барои Ватан ва озодии миллат мубориза мебаранд, маънидод мекунанд. Ё худ, амалиётҳои курдҳо дар Туркия ва Ироқ низ ба ҳамин тартиб аз ҷанбаҳои гуногун ва субъектони мухталиф чандмаъно шарҳ мегарданд. Ҳамаи амалҳои тахрибкоронаи онҳо дар асл аз назари табиати содиршавиашон, албатта терроризми сиёсӣ ба ҳисоб мераванд, ки тавассути онҳо одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд ва зарари иқтисодӣ ба ҷомеа расонида мешавад.

Фарқияти терроризми ҷиноятӣ аз терроризми сиёсӣ дар он аст, ки гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ барои муташанниҷ гардонидани вазъият ва содир кардани ҷиноятҳои дигар, масалан барои амалӣ сохтани амали террористӣ шароит муҳайё сохта, ба ин васила диққати мақомоти дахлдорро ҷалб мекунанд. Аммо дар ҳарду сурат мақсади онҳо зарба задан ба сохти давлатдорӣ, заиф сохтани пояҳои бехатарии давлат ва шубҳа андохтан дар дили мардум мебошад ва дар ҳарду ҳолат аҳолии бегуноҳ зарар дида, амнияти ҷамъиятӣ халалдор мегардад.

Азбаски ташкилотҳои террористӣ бо ҳам иртиботи қавӣ дошта, яке аз воситаҳои асосии зуҳури ҷиноятҳои муташаккил ба ҳисоб мераванд, кумаки иқтисодии онҳо ба воситаи ҷиноятҳои трансмиллӣ таъмин карда мешаванд. Гурӯҳҳои муташаккил гардиши ғайриқонунии маводи нашъадорро зери назорат мегиранд. Дар ҷаҳони муосир усулҳои нави террор бо суиистифода аз «террористони худкуш»-и мардон ва занон «шаҳид, ё ин ки фидоиён» васеъ паҳн гардида истодааст.

«Террористони худкуш» бо фаъолияти тахрибкоронаашон аввалан дар давлатҳои араб ва баъдан дар тамоми ҷаҳон паҳн гардида, мавқеи худро ҳамчун силоҳи таъйиноти стратегӣ муайян кардаанд.

Акнун дар шинохти истилоҳи террорист дар навбати аввал, бояд мафҳуми «террористи худкуш»-ро дуруст дарк кунем. Дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ як қатор калимаҳои ба ин мафҳум монанд вуҷуд доранд, ба монанди «терроризм бо роҳи худкушӣ» (суицидальный терроризм), «терроризми қурбонӣ» (жертвенный терроризм), «камикадзе», «шаҳид» ва ғайра.

Терроризм бо роҳи худкушӣ имрӯз дар баробари паҳн гардидан дар тамоми мамолики дунё, боз ба худ базаи ғоявии устуворро пойдор кардааст. Дар шароитҳои муосир ҷоннок гардидани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккил, ки ба шохаҳои гуногуни иртиҷоӣ тақсим мешаванд бо истифода аз усулҳои террор ба марому мақсадҳои худ ноил мегарданд. Яъне мо бо ҳодисаҳои омехтаи ҷиноятӣ рӯ ба рӯ мешавем, ки дар таркиби он аломатҳои чандин ҷиноят мавҷуд аст.

Амалҳои террористие, ки аз тарафи террористони худкуш содир карда мешаванд, якчанд хусусиятро доро мебошанд:

Оқибати амали террористӣ дараҷаи махсуси хавфнокӣ дорад.

Бениҳоят мураккаб будани пешгирӣ ва огоҳонидани чунин навъи ҷиноятҳо. Чӣ тавре ки таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, огоҳонидан ва пешгирӣ намудани ҳамлаҳои террористони худкуш бениҳоят мушкил буда, дар бештари мавридҳо натиҷаҳои мусбати пешгирии он имконнопазир мебошад.

Содир шудани чунин амалҳои террористӣ аҳолиро ба тарсу ваҳм оварда дар ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

Террористи худкуш маводи таркандаро одатан бевосита бо ҳадафи мушаххас ба ҷойи лозима оварда, ба кор медарорад. Мавриди муайян намудани террористи худкуш, безарар гардонидан ва пешгирию барҳам додани мақсади ӯ, умуман ғайриимкон мебошад, зеро террористи худкуш дар ҳама ҳолатҳо моддаи таркандаро ба кор дароварданаш мумкин аст.

Фавтидани террористи худкуш баъд аз амалҳои террористӣ, ташкилкунандагонро дар бештари мавридҳо пинҳон монда, роҳҳои тарк кардани ҷойи ҳодисаро барои иштирокчиён осон менамояд, чунки ин амалҳо худ на танҳо вазифаи муҳимми макомот аст, инчунин аз вазифаҳои мураккаби коркарди банақшагирии иловагии ташкилкунандагон низ ба шумор меравад.

Терроризми худкуш имрӯз дар ҷаҳон на танҳо васеъ паҳн гаштааст, балки ба пойгоҳи мустаҳками ғоявие табдил ёфтааст, ки барои доимо пурра кардани қатори худ заминаи усулиро тайёр мекунад ва аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ дастгирӣ меёбад.

Ба ташкилотҳои террористӣ созмон додани барномаҳои махсуси мадҳушкунандаи мафкураи ҷавонон, ба роҳ мондаи тайёрии равонӣ ва таълими усулҳои ба марг гирифтор кардани онҳо аз назари эътиқодӣ ва боварҳо муяссар гардидааст. Ба ҳар як одами солимақл, табиат савқи табиии муҳофизати худро додааст ва барои доро будан ба чунин савқу ирода инсон иродаи мустаҳкам дошта, тарбияи нек гирифта бошад.

Иродаи террористи худкуш, ки барои ҳарчи бештар нобуд гаштани шаҳрвандони бегуноҳ равона мегардад, ҳатто ба давлати зулмдошта, аз ҷиҳати моҳияти рӯҳии (психологии) худ аз нобуд шудан дар ҷанг фарқ дорад.

Дар вақти амалиётҳои ҳарбӣ-тактикӣ ҷанговарон барои он ба худкушӣ даст мезананд, ки нуқтаҳои оташфишонии душманро нобуд созанд. Худро метарконанд, то ки ба асорат наафтанд, ё ин ки дигаронро наҷот диҳанд, халқро аз асорат халос намоянд ва дар баробари ҳамин кӯшиш мекунанд афсарони душманро нобуд созанд. Ҳангоми амалиёти террористӣ дар ш. Беслани Федератсияи Русия ҷанговарони қувваҳои махсуси ХФБ (ФСБ) Русия бо тани худ пеши гранатаҳои партофтаи террористҳоро гирифтанд, то ки аз пораҳои он кӯдакон – гаравгонҳоро ҳифз намоянд. Яъне аз назари мақсад ва муҳтаво низ онҳо аз ҳам фарқ мекунанд.

Дар бисёр ҳолатҳо террористони худкуш гумон намекунанд, ки онҳо пешакӣ ба қатори фавтидагон дохил кунонида шудаанд ва «кӯр-кӯрона» бо хоҳиши дигар ашхос ба сифати қосид – контейнер ва восита барои дастраскунии маводди тарканда ҳадафмандона истифода бурда мешаванд.

Дар роҳи ташкили амалиёти террористӣ дар пеши иҷрокунандаи он дар баъзе амвридҳо вазифа гузошта мешавад, ки маводди тарканда ё борхалтаро ба ҷойи таъйин гардида ба дасти каси дигар супорад ё дар ҷои муайяншудае гузорад, дар бораи чизи дар дохили он буда дар бештари ҳолатҳо мумкин аст хабар ҳам надошта бошад, бинобра он пешакӣ огоҳ кунонида ҳам намешавад, зеро тақдири ояндаи ӯ алакай ҳал гардидааст.

Қарор дар бораи ба марг дучор гаштани террорист ба ақидаҳои динии идеологии ӯ вобаста мебошад. Чунин боварӣ метавонад дар одам худ аз худ дар асоси таҷрибаи ҳаётии ӯ ва вобаста ба ҳақиқати ӯро иҳота намуда ба амал ояд, ё ин ки онҳо метавонанд дар ӯ ба таври мақсаднок аз берун бо роҳи технологияҳои монопулярӣ ворид карда шавад.

Бо дарназардошти чунин омилҳо баъзе таълимотҳои динӣ тайёрии равонии пайравони худро барои муборизаи беамон ба нигоҳдории арзҳо дар роҳи хилофат бо мақсади муайян омода намуда, таҳти таъсири эътиқоди динӣ ё иродавӣ, нобуд сохтани худро зарур мешуморанд.

Асосан ин усул барои ташкилотҳои иртиҷоӣ хос мебошад, ки он сохти ташаккулёфта ва мустаҳками тартиби тайёр кардани террористони худкуш маҳсуб мегардад. Онҳо аз сатҳи саводи пасти ҷавонон сӯиистифода намуда ба таври мутаассибона ба ташкилоти террористӣ онҳоро аввалан ҷалб ва тарбия намуда, баъдан ба ғояи худ содиқ сохта ба рои иҷои амалҳои вайронкоронаи террористӣ раҳсипор менамоянд.

Ташкилотчиён ва иштирокунандагони амалиёти террористиро, ки ба худнобудсозии иҷрокунандагони онҳо оварда мерасонад, аз назари услуб, ташкили кор, ба нақшадарории амалиёт ва рафъи оқибатҳои кирдори ҷинояткорона метавон ба якчанд навъ тақсим намуд: фармоишгарон ва ба маблағ таъминкунандагони ин навъи амалиёти ҷиноятӣ; размандагон-роҳбарон; бартарафсозони иҷрокунандагони эҳтимолӣ; дастурдиҳандагон оид ба омодашавии рӯҳӣ; иҷрокунандагони ҳақиқӣ; назораткунандагони иҷрои амалиёти террористӣ; муайнсозони нақши иҷрокунандагон ва ғ.

Дар баробари ин, мутасаддиёни тайёрии амалиёти террористӣ метавонанд дар интихоби номзад, ҷалб намудан ва тайёр намудани он бевосита ва ё бавосита иштирок намоянд ин вобастагӣ дорад аз дигар омилҳо. Ба ғайр аз ин, ба сифати одамҷалбнамоӣ метавонад шахсе баромад намояд, ки худ шахсан тайёр аст дар амалиёти террористии худкуш иштирок намояд.

Барои тезонидани интихоби номзадҳои ба марг маҳкумшудагон аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ усулҳҳои гуногун истифода бурда мешавад. Яке аз ҷойҳои аввалинро дар рӯйхати мазкур шаклҳои равонии бедоркунии ҳиссиёти онҳо ва ба марг ҷалбкунии моддии онҳо ташкил медиҳад. Бисёр вақт нарасидани воситаҳои ҳаёти солими шаҳрвандӣ ва набудани дониши кофии дунявӣ ва динӣ, зери таъсири ақидаҳои идеологӣ монондани ҷавонон дар ҷиноят, боиси ба марг ҷалбкунии онҳо мегардад. Дар ин раванд ҳам омилҳои маънавӣ ва ҳам моддӣ нақши муайян мебозанд.

Дар бисёр ҳолатҳо пешвоёни ташкилотҳои террористӣ ба ваъдааҳои молии додаашон вафо менамоянд ва бо истифода аз ин роҳ ва усул ба ҳайси террористи худкуш шахсони нав ҷалб карда мешаванд. Аз назари равонӣ ва эътиқодӣ омода кардани террористони худкуш ба омилҳо ва шароитҳое такя мекунад, ки онҳо дар маҷмӯъ заминаи мусоид барои истифодаи эътиқоду боварии ҷавонон муҳаё менамояд. Ба фаъолияти экстремистӣ ва террористии чунин афрод метавонад чунин шартҳо мувофиқат намояд:

Гуногунии равандҳои динӣ бо ҳуқуқҳои афзалиятнок ба майдони муборизаи кашфи ҳақиқат баромада, масъалаҳои сиёсӣ ва маънавиро ба худ тобиш медиҳанд.

Паҳнкунии фаъолияти тоталитарӣ ва деструктивии равияҳои анъанавӣ, ки ба мурури замон ба талаботи умум ҷавоб намедиҳанд.

Маҳв кардани муносибатҳои одамдӯстӣ, эҳтиром ва таҳаммулгароӣ дар муносибат ба шахсоне, ки дигар ақидаҳоро дастгирӣ мекунанд.

Догматизм ва шахшавии андеша, ки боварии шахсиро ба ҳақиқат табдил додаст ва дар ин замина қабул накардани танқид ё дарднок қабул кардани он нисбати худ, ки ба истифодаи зӯроварӣ ва фишороварӣ рӯ меорад.

Думаъногӣ ва зиддияти як қатор мухолифатҳои матнҳои диние, ки барои маънидодкунии бемаврид заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Дар бисёр ҳолатҳо шахсоне ба амалиётҳои террористӣ ҷалб карда мешаванд, ки ба фанатизм гирифтор шудаанд. Дар чунин ҳолат дар рафти омӯзиши динӣ, содири фатво ё ҳангоме, ки шаҳрвандон ба таври ихтиёрӣ бо боварии худ ба сӯйи марг майли рафтан доранд, пайдо мешавад. Ин ҳолат аз ҷониби ташкилкунандагон ҳамчун тӯҳфа ба зудӣ дастгирӣ меёбад.

Чунин шахсони гирифтори васвасаи терроризм гашта аз назари сатҳи маърифат ва маълумот гуногунанд: аз маълумоти нопурра то ба хатмкардагони донишгоҳҳои маъруф ва дорандагони дараҷаҳои илмӣ байни онҳо мавҷуд аст. Одатан онҳо ё бо ҳиссиёти зери таъсири воқеияти ичтимоӣ ва ё эҳтимол бо норасоии равонӣ байни худ умумиятҳо доранд. Вале ҳақиқат он аст, ки тарз ва усули муносибати онҳо ва баёни назар ва норизояташон нисбат ба ҷомеа ғайриқонунӣ ва ваҳшиёна аст.

Дар ин ҷо, ҳодисае ба амал меояд, ки аломатҳои экстремистии субъективӣ- бегонагардии инфиродӣ, маҳдудияти имконият, бадбинӣ ва хусумати шахсӣ, камсаводӣ бо дигар унсурҳои равонӣ дар маҷмӯъ дар зеҳнияти як инсон муттаҳид гашта он тавассути шахсони ташкилкунанда бо усулҳои таъсиррасонии равонӣ ва эътиқодӣ ба амалҳои муайяни террористӣ зуҳур менамоянд.

Фаъолияти террористӣ аз назари таркиб мураккаб буда аз чунин қисматҳо иборат аст: ташкил, банақшагирӣ, тайёр кардан ва содир намудани амали террористӣ; иғво андохтан ба амали террористӣ, зӯроварӣ ба ашхоси воқеӣ ё маҷбур кардани ташкилот, несту нобуд сохтани молу мулк ва дигар объектҳои моддӣ бо мақсадҳои террористӣ;ташкили воҳидҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, иттиҳоди ҷинояткорӣ (ташкилоти ҷинояткорӣ), гурӯҳҳои муташаккил барои содир кардани амали террористӣ, ҳамчунин иштирок дар чунин амал; ҷалб кардану мусаллаҳ гардонидан, таълим додан ва истифода бурдани террористҳо; бо маблағ таъмин кардани ташкилоти террористӣ ё гурӯҳи террористӣ ва ё расонидани кумаки дигар ба онҳо.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалии ба зимма гирифтааш чунин фаъолияти террористиро фаъолияти террористии байналмилалӣ эътироф менамояд:

–амалиёт аз ҷониби террорист ё ташкилоти террористӣ дар қаламрави бештар аз як давлат;

– амалиёт аз ҷониби шаҳрвандони як давлат нисбати шаҳрвандони давлати дигар ё дар қаламравии давлати дигар;

– дар ҳолатҳое, ки ҳам террорист, ҳам ҷабрдидаи амали террористӣ шаҳрвандони як давлат ё давлатҳои гуногун буда, вале ҷиноят дар қаламрави ин давлатҳо содир шудааст (мисол, амали террористии дар ҳудуди дигар давлат аз ҷониби шаҳрвандони давлати хориҷӣ содиршуда);

– амалиёт бо мақсади вайрон кардани тартиботи ҳуқуқии байналмилалӣ.

Aмали террористӣ:

– бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, биологӣ, сахттаъсир, заҳролуд;

– нобуд сохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳо;

– суиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ, ҷамъиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳҳои аҳолӣ;

- гаравгонгирӣ, одамрабоӣ;

– ба вуҷуд овардани хатар, расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки шахсони доираи номуайян тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатҳои дорои хусусияти техногенӣ ё таҳдиди воқеии ташкили чунин хатар;

– паҳн намудани таҳдид дар ҳар гуна шакл ва тавассути ҳар гуна восита;

– содир намудани дигар амалҳое, ки хавфи ҳалокати одамонро доранд;

– расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба вуҷуд овардани дигар оқибатҳои барои ҷамъият вазнин.

Фаъолияти зиддитеррористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

қонуният;

эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

ногузирии ҷазо барои фаъолияти террористӣ;

ҳамбастагии усул ва воситаҳои ошкоро ва ғайриошкоро дар мубориза бар зидди терроризм;

муҳофизати ҳуқуқ ва озодиҳои шахсоне, ки дучори амалҳои террористӣ гардидаанд;

қонунӣ будани расонидани зарар ба террористон;

яккасардорӣ дар роҳбарии фаврӣ ба қувваҳо ва воситаҳои ҷалбшаванда ҳангоми гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ;

риояи принсипи пинҳонкорӣ ҳангоми гузаронидани амалиётҳои махсуси зиддитеррористӣ.

Таҳти мафҳуми пешгирии фаъолияти террористӣ фаъолияти субйектҳои асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, ки оид ба гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба ошкор ва рафъ намудани ҳолатҳое, ки ба содиршавии фаъолияти террористӣ мусоидат мекунанд, фаҳмида мешавад.

Пешгирии фаъолияти террористӣ дар се самт ба роҳ монда мешавад: ташкил ва ба амал баровардани маҷмӯи амалиётҳое, ки зидди идеологияи терроризм ва зуҳуроти ифротгароӣ равона карда шудааст; мукаммал намудани ҳимояи амалиётҳои зиддитеррористии объектҳои махсусан муҳим, ки назари террористонро ба худ ҷалб мекунанд; назорати қатъӣ аз болои тартиботи маъмурию ҳуқуқӣ ва дигар қоидаҳое, ки ба фаъолияти зиддитерористӣ равона карда шудааст.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти террористӣ сохторҳои қудратиро лозим меояд, ки ба масъалаҳои зерин аҳамияти ҷиддӣ дода, чунин ҳаракатҳоро амалӣ созанд:

– коркард ва омода намудани тавсияҳо ва ба амал баровардани чорабиниҳо вобаста ба рафъ намудани ҳолатҳое, ки оид ба вуҷуд омадану паҳн шудани ҳаракатҳои террористӣ сабаб шуданд;

– ошкор ва пешгирии таҳдидҳои террористӣ ва дар ин бора огоҳонидани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин ҷомеа барои андешидани чораҳо барои барҳамдиҳии онҳо;

– ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҷамъбаст намудани маълумоти аҳамияти оперативӣ дошта оид ба ташкилотҳои террористӣ ва шахсоне, ки дар фаъолияти террористӣ иштирок мекунанд (ё иштирок кардаанд);

– таҳти назорати қатъӣ гирифтани шахсоне, ки дорои қобилияти амалӣ намудани фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ (ифротгароӣ) мебошанд;

– коркард ва амалӣ гардонидани талабот вобаста ба ҳимояи объектҳои махсус ва маҳалҳои ҷамъомади одамон аз таҳдиди амалҳои террористӣ;

– мустаҳкам намудани ҳамкории сохторҳои қудратӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба мубориза бар зидди чунин ҷиноятҳо;

– зери назорати фаврӣ қарор додани шахсоне, ки дар донишгоҳҳои исломии дигар давлатҳои хориҷӣ беиҷозат таҳсил намудаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳангоми тайёрӣ дидан ба амали террористӣ аз тарафи ҷинояткорон силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркиш ва дигар ашё, ки барои гузаронидани амалиётҳои террористӣ зарур аст, ба даст оварда мешаванд, объектҳои таҳти суиқасд қарордоштаро таҳти назорат мегиранд, то ки фурсати қулайро барои содир намудани ҷиноят интихоб намоянд.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар ин марҳилаи тайёрӣ ба ҷинояти хусусияти террористидошта, маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ барои дастгир намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳгорон андешида шавад.

Айни замон зарурат ба миён омадааст, ки оид ба ҳалли масъалаи мазкур маркази (маълумоти) ягонаи байнисоҳавӣ субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда дар миқёси ҷумҳурӣ таъсис дода шавад.

Дар ин марказ бояд нисбати аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили (иттиҳод ва ташкилотҳои) ҷиноятӣ, шахсони алоҳидаи майли содиркунии чунин ҷиноят дошта, ҳамчунин нисбати шахсоне, ки қобилияти сохтани моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркишро доранд, имконияти дастрас намудан ва истифодаи моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркишро медонанд, инчунин мақсади истифода бурданро доранд, маълумот ҷамъоварӣ шуда, ҳангоми зарурат чунин маълумотҳо бояд дастраси кормандони оперативии ҳамаи мақомот ва субъектони бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда гарданд. Марказ вазифаҳои зеринро бояд ба анҷом расонад;-Муқаррар кардани ҳолати ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ва ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудани ташкилотҳои ифротгаро ва террористӣ; Манъ намудани фаъолияти онҳо, бастани вебсайти интернетии Ҷамоатҳои онҳо ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, адабиёту варақаҳои фаъолияти онҳоро тарғибкунанда.

Таҳлили маводҳои бадастомада аз он далолат медиҳад, ки солҳои охир фаъолияти баъзе гурӯҳу созмони ҷиноятии радикалӣ дар дохил ва беруни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоннок гардида, ба амнияти миллии мамлакат бо роҳҳои мухталиф таҳдид мекунанд.

Аз ҷониби иддае аз чунин ташкилотхои ифротгаро барои паҳн намудани ақидаҳои экстремистӣ ва террористӣ сайтҳои интернетӣ истифода бурда мешаванд, ки дар онҳо баёнияҳои паёмҳои роҳбарият ва фаъолони он ба халқи Тоҷикистон ба нашр мерасанд. Роҳбарон ва фаъолони он ба халқи Тоҷикистон дар баромадҳои худ тавассути сайтҳои номбурда нисбати роҳбарияти Тоҷикистон суханҳои таҳқиромез ва таҳдидовар гуфта, барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ даъват менамоянд.

Умуман тавре аз баррасии шаклҳои зуҳур, қисмҳои таркибии он ва омилҳои тавлидшавиаш маълум шуд, терроризм дар арсаи байналмилалӣ ва вазъи ноороми ҷаҳонӣ на танҳо паҳнои мувофиқи рушди худро пайдо кардааст, инчунин вай бо ғаразҳои эътиқоди динӣ, манфиатҳои молӣ ва сиёсӣ ҳамчун ҷинояти мутташакилона дар шаклҳои гуногун ба давлатҳо ва тамаддуни инсонӣ зарар ҷиддӣ мерасонад.

Таҳлилҳо гувоҳи он аст, ки ҳеҷ ақли солим ва маърифати инсонӣ пуштибонӣ ва ҳифзи онро дар ҳеҷ сурат раво намедонад. Мо тоҷикон, ки аз роҳи пуршебу фарози таърихӣ бо паси сар кардани ҷанги шаҳрвандӣ ба чунин як давлати озоду обод расидааем, бояд аз ҳар вақта дида бештар ҳушёру зирак бошем ва ватани азизи худро аз дасти чунин нохалафон пок дорем. Зеро таърих моро дубора нахоҳад бахшид. Бинобар он тавре Пешвои муаззами миллат Эмомали Раҳмон гуфтанд;, барои мо терроризм ва террорист ба худию бегона ҷудо намешавад, вай душмани ашаддӣ мебошад ва ислоҳгаро ё хубу бад ҳам буда наметавонад, вай касе ҳаст ки бо роҳи ҷиноят мақсадҳои нопоки худро амалӣ карданӣ мешавад пас вай ҷинояткор аст, ҷинояткоре, ки ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.

Мухимтарин ишорати Пешвои миллат ҳам дар он аст, ки мо дар рохи ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва боз ҳам рушду нумӯъ бахшидаи низоми идораи кишвари худ, ба шарҳу тафсири мухталифи ғаразноки ин зуҳуроти манфии ҷиноятӣ дода нашуда, ҳамагуна рӯйпушу ниқобҳои онро аз рӯяш бардошта, вайро ҳамон тавре, ки зишт, бад ва ғайриқобили қабул аст муаррифӣ намуда, ба муқбилаш ҳам як ҷо мубориза барем. Зеро терроризм имрӯз на танҳо ба ҳаёти инсонҳо, балки ба тинҷию оромии мо, ба ободии хонадони халқ ва соҳибихтиёрии давлат таҳдид дорад. Ҳифз намудани ватан, дин, ояндаи давлат ва фарзандонамон аз ин зуҳуроти манфии хатарзои ҷаҳонишуда имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар ватандор аст.

Ҳакимов Ҳилолиддин Камолиддинович, - унвонҷуи шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон