Абуабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ на танҳо дар саромади ташаккули забони форсӣ, шеъру адаб ва назми оламшумули он, балки дар фарҳанги форсу тоҷик дар саргаҳи ҳикмат ва андешаҳои фалсафӣ қарор дорад. Бесабаб Муҳаммад Авфии Бухороӣ (вафоташ1237) ҳангоми муайян намудани исми пурраи шоир дар тазкираи машҳураш “Лубоб – ул - албоб” ба ӯ насаби Ибни Ҳаким ар –Рӯдакиро илова накардааст.
Дар рисолаҳои фалсафии “Ихвон –ус –сафо” низ аз Рӯдакӣ чун шоир ва файласуф ёдоварӣ шудаву доир ба робитаи назариёти ӯ ба таълимоти ин ҳалқаи илмию энсиклопедӣ ва фалсафии асрҳои миёна ишораҳо рафтааст. Ҳамчунин, мисраи машҳури “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй”, ки таъкиди бевосита дар ин љо бар калимаи “ҳикмат” аст, гӯёи робитаи хеле сахти шеъри Одам - уш - шуаро бар назариёти фалсафиро дорад. Дар баробари ин, як нигоҳи иҷмолӣ ва умумӣ ба осори шоир метавонад ҷой доштани андешаҳои баланди фалсафӣ ва ҷаҳоншинохтиро дар осори шоир равшан собит созад. Муҳаққиқони муосир низ вуҷуд доштани ғоя ва дидгоҳҳои қавии таълимоти фалсафӣ дар осори Рӯдакиро таъкид намудаанд. Аммо ин хусусияти ашъори шоири бузург то ҳанӯз дар адабиёту дар фалсафаи мо ба таври бояду шояд омӯхта нашудааст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки Рӯдакӣ ба таври системанок асар ё рисолаи алоҳидаи фалсафӣ таълиф накардааст, вале дар қитъаҳои шеърӣ, ғазалиёт, достонҳо, марсияҳо ва дигар жанрҳои бадеӣ ӯ таълимоту масоили ҷавҳарии фалсафиро хеле мӯшикофона ва зарифона дар қолабҳои диниши ақлӣ баён намудааст. Хусусияти хоси таълифоти шоир низ дар ҳамин зоҳир мешавад.
Аз мутолиаи осори шоир равшан мешавад, ки ӯ бо таърихи фалсафаи Юнон, фалсафаии Эрони Бостон, афкори фалсафии Ҳинди Қадим ва таълимоти фалсафии исломии замонаш ошноии хубе доштааст.
Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки Рӯдакӣ баъди гирифтани дониши ибтидоӣ дар зодгоҳаш донишҳои боқимондаи замонашро дар Самарқанд аз худ кард ва маҳз дар ҳамон ҷо ӯ фарҳанги озодандешонаи мардумиро бо андешаҳои фалсафиву хикмати ноби қадимаи эронӣ, юнониву арабӣ ва ҳиндӣ омезиш дод. Хушбахтона муҳити илмиву адабии онвақтаи дарбори Сомониён ба ӯ имкон медод, ки дар он ҷо дар байни донишҳои диниву дунявӣ иртиботи андешавӣ пайдо намояд. Осори боқимонда ва хеле ками назмии шоир ба мо имконият медиҳад, ки аз сарчашмаҳои ғоявии афкори бадеии ӯ огоҳии беҳтар дошта бошем. Дар фазои фарҳангии Самарқанду Бухорои асри X муҳити хуби эҷодӣ ба вуљуд омада буд. Донишмандони зиёд аз дуру наздик ба Бухорову Самарқанд реҳлат намуда, дар он ҷо марокизи илмӣ эҷод мекарданд, Онҳо дар инҷо баъди суқути дарбори Тоҳириёну Саффориён, ки фарҳанги эронӣ ва тоисломии гузаштаро зҳё намуда буданд, фазои нави фарҳангиву илмӣ ба вуҷуд оварданд. Дар ҳамин муҳит ҷаҳонбинии Рӯдакӣ парвариш ёфта, дониши фаровон, ишораҳо аз алоқамандии ӯ ба осори тоисломии мардумони эронӣ, мавҷуд будани алоқаҳои густардаи фарҳангӣ ва ошноии ӯ бо донишҳои замонаш, аз ҷумла, фиқҳ, калом, таърих, фалсафаи Шарқу Ғарб, осори юнониву ҳиндӣ, улуми табииву метафизикӣ, риёзиёт ва ғайраи диниву дунявии ӯро метавон аз осори назмияш ошкор намуд.
Рӯдакӣ баръакси ҳамзамонони худ ҳам бо забони арабӣ сарчашмаҳои исломӣ ва ҳам сарчашмаҳои зардуштиву маздоясноиро бар асоси баъзе мадракҳо ба хати паҳлавӣ ба хубӣ медонист. Огоҳии шоирро аз донишҳои авастоӣ аз мадҳияҳои ӯ ба шоҳони Сомонӣ пай бурдан мумкин аст, ки ӯ дар муҳити табиати озодагон, яъне мардумони ориёӣ парвариш ёфта, дар ҷаҳонбинияш на танҳо ахлоқи исломӣ, балки ҳикматҳои Авастоӣ нақши бориз доштааст:
Дер зиёд он бузургвор худованд,
Ҷони гиромӣ ба ҷон-ш андар пайванд.
Доим бар ҷони ӯ биларзам, зеро-к
Модари озодагон кам орад фарзанд.
Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ-шарҳ,
Ҳамчу Абастост фазлу сурати ӯ- Занд.
Дар робита ба ин мулоҳизаҳо муҳаққиқи таърихи фалсафа А.М. Баҳоваддинов робитаи бевоситаи андешаҳои Рӯдакиро ба Ҳерактлит рад намуда мегӯяд, ки бо эҳтимоли зиёд назариёти ӯ бештар зери таълимоти маздопарастӣ ва ё зарвония шакл гирифтаанд, ки дар ин таълимотҳо дар шакли нуҳуфтаи андешаҳои диалектикӣ баён шудаанд. Зеро зурвония акрана худ ягонагӣ ва муборизаи зидҳост. Ҳамзамон, ин муҳаққиқ ақидае дорад, ки Рӯдакӣ бо асарҳои адабиву фалсафии эрониёни тоисломӣ, дар баробари Авасто, Занд ва Позанд боз инчунин бо асари қадимаи “Шиканд гумоник вичар” ошно будааст, ки дар асри IX он аз тарафи Мардонфаррух иншо шудааст. Дар ин асар таълимоти шаккокия дар нисбати ҳама динҳои ҷаҳонӣ баён шудааст. Ба гумони ғолиб маҳз ин асар таъсирбахши андешаҳои озодфикрӣ барои Рӯдакӣ шудааст.
Зикр намудан ба маврид аст, ки ҳалқаи илмии Ихвону-с сафо дар асри X, ки он баъди Академияи Маъмун дар Бағдод дуюмин Академияи илм дар олами ислом ба шумор мерафт ва он на муассисаи дарбориву давлатӣ, балки академияи озоди донишмандони мардумӣ бо хадафи маорифпарварӣ роҳандозӣ шуда буд. Ба таври умум Ихвон- ус-сафо ва шоир Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар як замон ба иборае дар ҷодаи эҳёи фарҳангӣ ва андешаи озод фаолият менамудаанд ва аз ин рӯ мавзуъ ва муҳтавои асарҳои онҳо то андозае ба ҳам наздик буд. Дар ҳарду ҳолат ҳам мавзуи баҳси онҳо интишори бештари дониш ва робитаи ниҳоии он бо амалия буд. Аз ҳамон шеъри машҳури шоир “Ин чаҳонро нигар ба чашми хирад”, бармеояд, ки Рӯдакӣ ҳадафи асосии маърифату хирадро дар амалишавии онҳо дар ҳаёти инсон медонад.
Ба ин монанд андешаҳои фалсафӣ ва моҳияти амалии онҳоро дар ҳаёти инсон ӯ дар қасидаи “Модари май”, андар ситоиши Абу Ҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад ҳамчун арзишмандии гуногунии касбҳову андешаҳо баён намудааст:
Халқ зи хоку зи обу оташу боданд,
В ин малик зи офтоби гавҳари Сосон...
Гар ту ҳакимию раҳи ҳикмат ҷӯйӣ,
Сирати ӯ гиру хуб мазҳаби ӯ дон.
Он ки бад-ӯ бингарӣ ба ҳикмат, гӯй - Инак Суқроту ҳам Фалотини Юнон.
Гар ту фақеҳиву сӯи шаръ гароӣ,
Шофеӣ инак-ту Бӯ-Ҳанифаю Суфён,
Гар бикушоядат ба илму ба ҳикмат,
Гӯш кун инак ба илму ҳикмати Луқмон...
Наздик ба ҳамин мазмун ӯ дар бораи озодии ирода ва озодии ақидаи ҳар инсон ва ҳар маслак сухан ронда, ризоиятмандӣ аз роҳи интихобнамуда ва ҳаққу ҳуқуқи интихоб дар афкори мардуми гуногунро чунин баён мекунад:
Маккӣ ба Каъба фахр кунад, мисриён ба Нил,
Тарсо ба Усқидусу Алавӣ ба ифтихори ҷадд.
Ба ин монанд андешаҳоро дар осори Рӯдакӣ ва рисолаҳои фалсафии Ихвон-ус-сафо хеле бисёр овардан мумкин аст. Воқеан пазируфтани гуногунрангии фикр, қадргузорӣ ба аҳамияти андешаҳои мухталиф, ҳамоиши афкори ҳархела, таҳамулпазирӣ ва мадоро ва ҳатто изҳори эҳтироми гуногунандешӣ дар ашъори моҳияти фалсафӣ доштаи шоир мавқеи устувор доранд.
Чунончи зикр кардем, шоир масоили умдаи фалсафиро дар матни қитъа ва шеърҳо ё ҳатто марсияҳое, ки ба поси гиромидошти дӯстону наздиконаш эҷод мекард, моҳирона ва бо санъати баланди шеърӣ ба қалам медод. Яке аз ин марсияҳо, ки дар он масоили ҷавҳарии фасафа, аз қабили масъалаи ҳаёт ва марг, робитаи рӯҳ, ҷон ва тан, ҳадафу мақсади ҳаёти инсон ва ғайра хеле борик ва мувофиқ ба дидгоҳҳои андешаҳои ҳам юнонӣ ва ҳам исломӣ, аммо дар асл моҳияти арзишии инсонимеҳварро ифода дошт, ин марсия дар сӯгвории дӯсти донишмандаш шоир Абулҳасани Муродӣ аст, ки то замони мо омада расидааст:
Мурд Муродӣ, на ҳамоно ки мурд,
Марги чунон хоҷа на корест хурд.
Ҷони гиромӣ ба падар боз дод,
Колбади тира ба модар супурд.
Они малак бо малаке рафт боз,
Зинда кунун шуд, ки ту гӯйӣ бимурд.
Коҳ набуд ӯ, ки ба боде парид,
Об набуд ӯ, ки ба сармо фусурд.
Шона набуд ӯ, ки ба мӯйе шикаст,
Дона набуд ӯ, ки заминаш фушурд.
Ганҷи заре буд дар ин хокдон,
К-ӯ ду ҷаҳонро ба ҷаве мешумурд.
Қолаби хокӣ сӯйи хоке фиганд,
Ҷону хирад сӯи самовот бурд.
Ҷони дувумро, ки надонанд халқ,
Мисқалае карду ба ҷонон супурд.
Соф буд омехта бо дурди май,
Бар сари хум рафту ҷудо шуд зи дурд.
Дар сафар афтанд ба ҳам, ай азиз,
Марвазию розию румию курд,
Хонаи худ боз равад ҳар яке,
Атлас кай бошад ҳамтойи бурд?..
Хомӯш кун чун нуқат, эро малак,
Номи ту аз дафтари гуфтан сутурд.
Ба андешаи муҳаққиқон шоир дар ин ҷо ба таълимоти ҷовидонии рӯҳ, ки аз замонҳои қадим дар дину фалсафа, аз он ҷумла дар таълимоти зардуштия ҷой дошт буд ва баъдтар низ дар таълимоти исломӣ ба он таъкид шуд, ки тибқи он мабдаи инсон аз худованд аст ва боз ба назди ӯ бозгашт мекунанд, такая мекунад.
Ба андешаи шоир марг ин интиҳои ҳастии инсон нест, балки зинаи ба марҳилаи дигари ҳастӣ гузаштани ӯ аст. Ин андеша дар таълимоти аҳли тасаввуф низ идома ёфтааст. Дар ин андешаҳои шоир ягонагии рӯҳу ҷисми инсон матраҳ шудаанд. Яъне тану ҷони инсон дар ин олам фақат дар ягонагӣ вуҷуд дошта метавонанд ва онҳо фақат баъд аз марг аз ҳам ҷудо шуда метавонанд.
Муҳаққиқи осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ А. Мирзоев ақида дорад, ки Рӯдакӣ тарафдори абадияти рӯҳ аст, ки он ба таври доимӣ бе ҷисм вуҷуд дошта метавонад. Рӯдакӣ сарманшаи маънавиёти инсониро ба симати «падар» ва маншаи олами моддиётро ба симати «модар» қабул дорад, ақидае, ки мансуби тасаввуроти устуравии мардумони ориёии минтақаи мо буд, ки ба манзалати бовар ва андешаи фалсафӣ расидааст. Гузашта аз ин ба андешаи Рӯдакӣ рӯҳ метавонад, ки бе ҷисм вуҷуд дошта бошад. Дар ин таълифоти шоир табиати ҳастии моддӣ бо ҳастии маънавӣ муқоиса мешавад. Вале нуктаи аслӣ дар ин ҷо, баланд будани арзиши инсонӣ аст, ки ба қавли шоир он “ганҷи зар” - е ҳаст, ки ду ҷаҳонро баробари ҷаве медонад”. Рӯдакӣ бар ин назар аст, ки инсон ба гайр аз рӯҳи малакутӣ ва колбади заминӣ, инчунин соҳиби “ду ҷон” аст. “Ҷони аввал” ҳосилаи таъсири рӯҳи малакутӣ бошад, “ҷони дуюм” чун нафс ҳосилаи маънавиёт ва ақли инсонӣ буда, инсон худаш ӯро ба қадри ҳиммату зарфияту кӯшиши худаш парваришу сайқал медиҳад ва баъди маргаш онро ба парвардигораш месупорад. (Мисқалае карду ба ҷонон супурд.) Он дар ашъори Рӯдакӣ гоҳо чун “ҷон”, гоҳо чун “хирад” ва гоҳо чун “чароғ” ва ғайра ифода ёфтааст, ки инсон бояд онро доимо зери зери назорату таваҷҷуҳ ва парваришу сайқал қарор бидиҳад. Маҳз ҳамин падида боиси такомулу сайқали инсонии ӯ метавонад бошад, дар акси ҳол ин падида дар сурати фориғболию бепарвоӣ метавонад ба нестию нобудӣ, ки нобудии худи инсон аст, бирасад. Дар ин маврид дар як рубоии дигараш шоир ба инсон муроҷиат мекунад:
Дар бодияи даҳр чароғе, ки турост,
Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост.
Бӯи ҷигари сӯхта олам бигирифт,
Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост.
Ба андешаи мутафаккирону донишмандони ҳамзамони Рӯдакӣ ин дунё ба мисоли баҳрест пурталотум ва дарёест пуртуғён, ки ҳар дам дигаргун мешавад, он якнавохт ва яксон нест ва маърифату дарки комилро тақозо мекунад. Роҳи шинохти дурусти ин олам пеш аз ҳама хирад ва ақли инсонӣ аст, инсон дар миёни ин дарё ба мисоли мусофирони дохили киштӣ аст. Роҳи халосӣ, яъне гузаштан аз гирдоби ин дарё ва расидан ба ҷазираи мақсуд ин иҷрои амали нек ва накӯкорӣ аз тарафи худи инсон аст, ки бо ҳамон ақли худ онро анҷом медиҳад:
Ин чахонро нигар ба чашми хирад,
Не бад он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
Ин қитъаи машҳури Рӯдакӣ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ақлгароӣ (расионализм) –и шоирону мутафаккирони он замон як назарияи сирф абстрактӣ набуда, ҳадафи ниҳоии амалӣ дорад ва он пайвастани хиради назарӣ бо хиради амалиро талаб мекунад. Эътимоди бисёр қавӣ ба ақл ва ба тавоноии хиради инсон шоирони файласуфи асрҳои фавқузикрро водор сохта буд, ки пеш аз ҳама ба неруи маърифатии худ эътимод кунанд ва ҳатто ба шинохти ҳақиқати мутлақ (абсолютӣ) низ аз роҳи тафаккури ақлӣ ворид шаванд. Ин назари Рӯдакӣ ба дигар пайравонаш таъсири амиқ гузошта буд, чунончи, Абӯшакури Балхӣ дар пайравӣ аз ӯ чунин шеъре дорад:
Хирад чун надонӣ, биёмӯзадат,
Чу пажмурда гардӣ барафрузадат,
Хирад бе миёнҷию бераҳнамой,
Бидонад, ки ҳаст ин ҷаҳонро худой.
Ба андешаи эшон барои шинохти зоти мутлақ ягон миёнҷие ё роҳнамое ба ҷуз хирад вуҷуд надорад. Ин хулосаи бисёр ҷолиби шоирони файласуф аст, ки барои асрҳои миёна аҳамияти хоссаро дошт. Рӯдакӣ дар ин масъала боз амиқтар рафта, ақлу хирадро сабаби хушҳоливу саодат ва ҳам сарбаландии инсон дар ҷомеа медонист. Ба андешаи ӯ хирад ва хурадмандӣ яке аз сифатҳои асосии инсони озод мебошад, ки барои ӯ ҷовидонагии ҳаётро фароҳам меорад:
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихварад:
Тани дурусту хўйи неку номи неку хирад.
Ҳар он кӣ эзидаш ин ҳар чаҳор рўзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нах(в)арад.
Қайд намудан лозим аст, ки баёни чунин масъалаи муҳими фалсафӣ дар доираи ақлгароӣ саршори аҳамияти бисёр муҳими маърифатӣ ва тарбиявӣ буда, дар асрҳои миёна ҷомеаро тавассути муқоиса ва муқобила ба дарки ҳақиқати олами ҳастӣ раҳнамун месохт. Ба ақидаи эшон дар масъалаи дарки олами ҳастӣ нақши ақлу хирад барои инсон баландтар аз маърифати ҳиссӣ мебошад.
Хирад беҳтар аз чашму биноӣ аст,
На биноӣ, афзун зи доноӣ аст.
Вале мутаассифона ин равияи пешқадами маърифатию ҷаҳоншинохтӣ ва фарҳангӣ натавонист то охир дар ҷомеаи асримиёнагии мо равиши асосӣ боқӣ бимонад ва дар асрҳои баъдина он ҷои худро қариб пурра ба таълимоти илоҳиётӣ ва қисман ба ирфону тасаввуф вогузошт, ки ин мавзуи дигар мебошад.
Адабиёти истифодашуда:
Афсаҳзод А. Одамушшуаро рӯдакӣ. – Душанбе: “Адиб”, 2003.
2. Бартольд В.В. Сочинение. –М., 1963.
3. Богоутдинов А.М. История таджикской философии.- Душанбе, 1969.
4. Богоутдинов А.М. Избранные произведения.- Душанбе, 1969.
5. Мирзев А. Абуабдулло Рӯдакӣ. – Душанбе, 1958.
6. Рӯдакӣ. Шеърҳо. Душанбе, 1972.
7. Таърихи фалсафаи тоҷик (фалсафаи адабиёт). Ҷилди 5. Қисми 1. - Душанбе: “Дониш”, 2021. - 600с.
Мирзоев Ғ.Ҷ., д.и.ф., сарходими шуъбаи масалаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ