Skip to main content
Дар оғози пайдоиш то ба имрӯз исноният ба бисёр кашфиёту ихтироот даст ёфтааст. Дар ин баробар ба нокомиҳову талхрӯзгорӣ ҳам рӯ ба рӯ гаштаву онро аз сар гузарондааст. Зиндагии инсонҳо ду рукни асосиро ташкил медиҳад, ки онро моддӣ ва маънавӣ унвон медиҳанд, агарчи дар моддиёт дастовардҳои бузург овард, вале дақиқан то ҳол ба умқи кашфи маънавиёт нарасидааст. Бузургворе дар ҷашни яксолагии фарзандаш, ба ӯ мегӯянд: «Фарзандам! Як баҳору як тобистон, як тирамоҳу як зимистонро дидӣ! Аз ин пас, ҳама чизи ҷаҳон такрорист, ба ҷуз меҳрубонӣ…!».

Бале, ҳақ бо он бузургвор аст, ки борикбинона ҷамъи зиндагиномаи одамиятро дар ду ҷумла изҳор доштааст. Мақсад аз овардани он андарз ин аст, ки дар гузашта аҷдодони мо тоҷикон ҷашне доштанд, муҳаббат, меҳрубонӣ, садоқат, дӯстдорӣ, адлу дод, арҷ гузоштан ба Модар-Заминро бо як вожа ифода намуданд: «Меҳргон». Аз назари илми решашиносӣ ва пайдоши вожаи Меҳргон дар оғоз мехоҳем ба хонангони арҷманд маълумоти мухтасаре пешкаш намоем.

Тибқи маълумоти луғатномаҳои сарчашмавӣ вожаи меҳргон аз ду ҷузъ иборат ёфтааст: «меҳр»- муҳаббат,самимият, дӯстиро ифода мекунад ва «гон» - асос бар нисбат, яъне ба чизе марбут будан аст. «Гон» одатан дар охири исми рӯз ва моҳи солшумории хуршедӣ (шамсӣ) меояд. Ба ин маъно, ки мардуми эронитабор агар ҳар гоҳ номи моҳ бо номи рӯзи солшумориашон (хуршедӣ, Шамсӣ) мувофиқ ояд, он рӯзро пасванди «гон» гузошта, онро ҷашн мегирифтанд. Барои мисол, метавон аз рӯзҳое ёд намуд, ки охирашон пасванди «гон» доштанд, ки мардум онҳоро бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн мегирифтанд: обонгон, обрезгон, хурдодгон, фарвардгон, тиргон, меҳргон ва ғайра, ки мардум эътимод бар онҳо доштанд. А. Берунӣ низ зикр кардааст, ки «…ҳар моҳе он рӯз, ки ҳамномаш бошад, ӯро ҷашн доранд». Дар иртибот ба вожаи меҳргон, бояд таъкид намуд, ки ниёгони мо моҳро аз сӣ рӯз иборат дониста, ба ҳар кадом рӯзи моҳ номе гузошта буданд, ки ин номҳои эзад ва фариштагон буданд. Аз ин лиҳоз, сарчашмаҳо вожаи меҳрро номи яке аз эзидон низ мегӯянд, ки он ёрирасон ва меҳрубон бар одамон будааст.

«Меҳр», ки шакли аввалаи он «Митра» номи яке аз бузургтарин эзидони ҳиндуэронӣ аст ва чаҳорсад сол пеш аз мелод дар сангнавиштаҳо ҳак шудааст. Вожаи «Меҳр» дар китоби муқаддаси Авасто зикр шудааст ва дар ситоишаш низ суруде омадааст. Чунончи, дар «Меҳряшт»-и Авасто омадааст, Аҳура Маздо Меҳрро мисли худ мешуморад: «Аҳурамаздо ба Спитмон Зартушт гуфт: Эй Спитмон! Ба-д-он ҳангом ки ман Меҳри фарохчарогоҳро ҳастӣ бахшидам, ӯро дар шоистагии ситоиш ва барозандагии ниёиш, баробар бо худ, ки Аҳура Маздоям биофаридам». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки дар замони бисёрэзидии оини зардуштӣ Меҳр мақому мартабаи баландро доро будааст ва мардум, махсус деҳқонон ва кишварзон ба ӯ муҳаббату меҳри беандоза доштаанд ва эҳтимол дар натиҷаи эътимод ва баргузидагии эзади Меҳр аз ҷониби мардум ҷашни Меҳргон офарида шуда бошад.

Аксарияти мо ин ҷашни инсону табиатро аз хотир бурдаем, вале имрӯзҳо мавзуи асосии ҳарфамон аз бемеҳрии ҳамдигар ва нигаронӣ бар табиат аст. Вале бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргонро дар мақоми Наврӯз ва дигар ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ҷойгузин карданд ва ҳам дар тамоми манотиқи кишвар чандсолаҳо аст, ки ҷашн гирифта мешавад. Албатта, ин иқдомест, ки боз барои шинохти устураву таърихи гузаштаву осору ганҷинаҳои ниёгон ва ниҳоят шинохти миллӣ қадамест бузургу устувор.

Барои хонанда аз хусусиятҳо, асолат ва пайдоиши ҷашни Меҳргон маълумоти мухтасар дар ин мақола овардаем, ки хонандаи хушзавқу боидрокро мутолиаи мақола таҳрик бидиҳад ва аз пайи ҷустуҷӯи маълумоти бештар биравад…

Меҳргон чи гуна ҷашн аст?

Бояд тазаккур дод, ки Ҷашни Меҳргон ба гунаи Ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадима ва бостонии мардумони эронтарбор маҳсуб меёбад ва байни ин ду ҷашни бузург пайванди ногусастание вуҷуд дорад. Роҷеъ ба пайдоиш ва чигунагии ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумотҳои зиёд омадааст. Аллома ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия»-и хеш дар хусуси ҷашни Меҳргон овардааст, ки: Меҳрмоҳ, рӯзи авали он ҳурмуздрӯз аст. Ва рӯзи шонздаҳум рӯзи меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст, ки хазони дуюм бошад. Ва ин ид монанди дигар идҳо барои умуми мардум аст. Ва тафсири он дӯстии ҷон аст. Ва гӯянд, ки «Меҳр» номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд, ин аст, ки ин рӯзро «Меҳргон» гӯянд. Далел бар ин гуфтор он аст, ки аз оини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки сурати Офтоб дар ӯ буд, ба сар мегузоштанд. Ва Офтоб бар чархи худ дар он тоҷ савор буд. Ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре пайдо мешавад. Аз ин маълумоти додаи Берунӣ метавон бетардид гуфт, ки дар воқеъ Меҳргон ҷашни сирф мардумӣ аст, чун чанд нуктаи Берунӣ воқеан қабили таваҷҷуҳ аст, ки мегӯяд, «ва ин ид монанди дигар идҳо барои умуми мурдум аст», «ва тафсири он дӯстии ҷон аст», «ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре пайдо мешавад». Ҳамин се ҷумла худ бузургӣ ва шукуҳу шаҳомати дар гузашта доштаи Меҳргонро бозгӯ мекунанд.

Абурайҳони Берунӣ пайдоиши ҷашни Меҳргонро ба подшоҳи Пешдодиён Фаридун нисбат медиҳад ва тазаккур медиҳад, ки: Мегӯянд, сабаб ин ки ин рӯзро эрониён бузург доштаанд, он аст, ки чун мардум шуниданд Фаридун хуруҷ кардааст. Пас аз он, ки Кова бар Заҳҳоки Биюросб хуруҷ намуда буду ӯро мағлуб ва нест карда буд. Ва мардумро ба Фаридун хонд. Кова касест, ки подшоҳони Эрон ба раъияти ӯ некӣ меҷустанд, (бар илова, пас аз шоҳ Ҷамшеди Пешдодӣ салтанат аз дасти ин дудмони муборак рафта буд ва дунё дар зери тасарруфи Заҳҳоки бедодгар ва хунхор гардида, мардум аз зулму бедодии шоҳи золим ба дод омада буданд. Коваи шуҷоъ, ки ҳабдаҳ писарашро аз даст дода буд, барои интиқом мардуми бахтбаргаштаро гирди худ ҷамъ овард ва бар зидди Заҳҳок шӯриш кард ва дар он айём аз дудмони Пешдодиён Фаридун низ бархост ва ҳамдаст бо Кова тахту салтанати Заҳҳокро сарнагун сохтанд. Ва пайдоши «Диравши ковиён» низ дар ҳамон замон аст, ки Кова худ оҳангаре буд ва пӯсти пешбанди хешро ба нуки асое баста, мардумро зери он диравш ҷамъоварда буд.)

Дар Шоҳномаи безаволи хеш А. Фирдавсӣ низ оғози ҷашни Меҳргонро дар нахустрӯзи ба тахт нишастани шоҳ Фаридун нисбат медиҳад. Чунончи, Фирдавсӣ мефармояд:

Замона беандуҳ гашт аз бадӣ,

Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.

Дил аз довариҳо бипардохтанд,

Ба ойини кай ҷашни нав сохтанд.

Нишастанд фарзонагон шодком,

Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом,

Майи равшану чеҳраи шоҳи нав,

Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.

Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,

Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносониву хӯрдан ойини ӯст.

Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,

Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр!

Оиди таҷлили ҷашни Меҳргон дар аҳди шоҳигарии Ҳахоманишиёну Сосониён ва дигар сулолаҳои баъдӣ дар бархе сарчашмаҳову тасвирҳо ва гуфторҳое ҷолиб зикр гардидааст. Фолклоршинос Дилшод Раҳимов дар асари худ «Фолклори тоҷик» аз сарчашмаҳои таърихӣ ёдовар шуда меоварад, ки муаррихи юнонӣ- Ктезиус овардааст, ки «подшоҳони ҳахоманишӣ маст шуданро ҳеҷ гоҳ ба худ раво намедиданд, аммо танҳо дар рӯзи ҷашни Меҳргон онҳо иҷозаи нӯшидани майро доштанд. Онҳо ҷомаҳои гаронбаҳои арғувонӣ мепӯшиданд…» Аз рӯи мадракҳои таърихӣ ҷашни Меҳргон ва ойини меҳрпаррастиро ҳахоманишиён дар рӯи ҷаҳон паҳн гардонидаанд ва аз файзу баракат ва инсонпарастиву табиатдӯстдории ин ҷашн аксари ҷаҳониён баҳравар гардидаанд. Донишманди белгиягӣ Франс Валери Мари Кюмон (1868-1947) дар китоби «Ойини Митра» таҷлили соли нави масеҳиро марбут ба ҳамин ҷашни Меҳргони аҷдодони мо медонад: «Бидуни шак ҷашни Меҳргон, ки дар мамолики Руми қадим рӯзи зуҳури Хуршед тасаввур мешавад ва онро sol natalis invietil (яъне, рӯзи вилодати Хуршеди номағлуб) мегуфтаанд, ба 25 декабр кашида шуда ва баъд бо сабаби нуфузи дини Исо дар Аврупо рӯзи вилодати Масеҳ қарор додаанд». Дар аҳди Сосониён низ ин ҷашн бо як шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардид ва ҳатто бо номи ин ҷашн, чи тавре ки сарчашмаҳо иттилоъ медиҳанд навоҳои « Меҳргонӣ», «Навои Меҳргонӣ», «Меҳргони бузург» ва ғайра аз тарафи навозандагон ва хунёгарон тадвин шуда буданд, ёд мекунанд. Низомии Ганҷавӣ дар ин хусус ишора карда мегӯяд:

Чу нав кардӣ Навои меҳргонӣ,

Бибурдӣ ҳуши халқ аз меҳрубонӣ.

Аз қавли Салмони Форс Берунӣ овардааст, ки: «Мо дар аҳди Зардуштӣ будан мегуфтем, худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар».

Тибқи маълумоти Берунӣ рӯзи таҷлили ҷашни Меҳргонро ба рӯзи шонздаҳуми моҳи меҳр (баробар ба 7-8 октябр) рост меояд ва бисту якуми моҳи меҳр «Меҳргони бузург» ё «Ромрӯз» мегуфтанд. Аҷдодони мо байни Наврӯз ва Меҳргон тафовут намегузоштанд ва ҳар дуро дар мақом гузошта, бо шукуҳи хос таҷлил менамуданд. Чи тавре ки мо худ мушоҳида мекунем, ҳардуи ин ҷашн аз рӯи рукнҳо ва оину хусусиятҳо ба ҳамдигар сахт алоқамандии зич доранд. Чунончи, дар ҷашни Наврӯз наврӯзи омма ва наврӯси хоса ҳаст ва дар ҷашни Меҳргон ҳам меҳргони омма ва меҳргони хоса таҷлил карда мешавад. Расму ойинҳои ба ҳамдигар монанд доштани ин ду ҷашн гувоҳи он аст, ки ҳарду дар як сарчашмаи фарҳангӣ, ки бе шак дар партави хираду дониши гузаштагони мо марбут ҳаст, тавлид ёфтаву инкишоф ёфтаанд.

Ҷашни Меҳргон баъд аз густариши дини Ислом низ қайд карда мешуд, ба хусус дар аҳди Сомониён бо ҳамон шаҳомати қаблӣ таҷлил мегардид. Нигоштаҳои Одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ шаҳодат бар он гуфтаҳои боло медиҳад, ки ҷашни Меҳргон бо тамоми нафосату назокаташ ҷашн гирифта мешуд:

Малико, ҷашни Меҳргон омад!

Ҷашни шоҳону хусравон омад!

Ҳаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,

Бадали боғу бӯстон омад.

Мӯрд ба ҷои савсан омад боз,

Май ба ҷои арғувон омад.

Дар осори адибону донишварони қарни IX-X роҷеъ ба пайдоиш ва баргузидагии ҷашни Меҳргон хеле зиёд асарҳо ва ишораҳо гардидаанд ва аз нигоштаҳои шоирони он чанде ин ҷо меоварем, то ки хонандагон аз он баҳравар бигарданд:

Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад,

Бонгу овои дирои корвон омад.

Корвони Меҳргон аз хизрон омад,

Ё аз ақсои билоди Чинистон омад…

(Манучеҳрӣ)

Меҳргон ҷашни Фаридун мулки фаррух бод,

Бар ту, эй ҳамчу Фаридун мулк фарухфол.

(Фаррухӣ)

Меҳргон омад гирифта фолаш аз некӣ мисол,

Некрӯзу некҷашну неквақту некҳол.

(Унсурӣ)

Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳгон,

Меҳр бияфзо, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон.

(Саъди Салмон)

Аз гуфтаҳову нигоштаҳои адибон ва донишварон хулоса кардан мумкин аст, ки ҷашни Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои муқаддаси гузаштагони мо маҳсуб меёфтааст. Чи тавре ки сарчашмаҳо иттилоъ медиҳанд, ниёгони мо дар гузаштаи қадим солро ба ду давра тақсимбандӣ мекардаанд, ки онро дар тақвими Авестоӣ метавон мушоҳида кард. Якеро тобистон {«ҳама=hama»} мегуфтанд ва дигареро зимистон {«зайама=zayama»} меномидаанд. Аз гуфтаҳои муарихон маълум мешавад, ки ҷашни Меҳргон баъди истилои арабҳо ҳам дар байни мардум мақоми баландро соҳиб будааст ва мардум таваҷҷуҳи хос доштаанд. Маъхазҳо иттилоъ медиҳад, то замони ҳуҷуми муғулон ҷашни Меҳргон таҷлил карда мешуд ва баъд аз он дигар мардум натавонистанд, натанҳо аз ҷашни муқаддаси Меҳргон, балки аз бисёри оину маросими гузаштаи худ маҳрум гардиданд.

Хулосаи мо оид ба ин ҷашни бостонӣ ин аст, ки дар воқеъ ҷашни Меҳргон мероси арзишманди ниёгон буда ва барои мо ворисон мояи ифтихор аст. Дар нигоҳи илми нуҷум ҳам ин ҷашн асоси илмӣ дорад ва аз ин бармеояд, ки аҷдодони мо дар замонҳои хеле қадим аллакай ба бисёр кашфиётҳои ҳаётан муҳим даст ёфтаанд.

Бо шарофати истиқлолияти кишвар, имрӯз ба мо шароити мусоид даст додаст, ки барои омӯхтан ва тадвин намудани осори ниёгон бештар фарогир бошем. Дар замина пешниҳод менамоем афроде, ки дар риштаи илмҳои бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, фолклошиносӣ ва ғ. фаъолият мекунанд, зарур аст, имрӯз барои бештар пажуҳиш кардан ва омӯхтани осору мероси гузаштагон бикӯшанд дар ин замина аз худ ташаббуси чашмрасе нишон бидиҳанд, то барои сараввал шинохти миллӣ ва оянданигарии миллӣ хидмате карда бошанд. Роҷеъ ба паҳлуҳои ҷашни Меҳргон ҳоло амиқан баррасии илмӣ накардаем ва мебояд ба мисли ҳавзаи наврӯзӣ, ҳавзаи ҷашни Меҳргонро низ ташкил намоем, барои пажуҳиши ин ҷашн олимони соҳа ҷалб карда бишаванд ба салоҳияти ин иқдоми наҷиб аст. Дастандаркорон ва вазорату ниҳодҳои дахлдорро зарур аст, ки ҳар чи зудтар осори илмиву ахлоқӣ ва фалсафии гузаштагонамонро дастраси насли ҷавон бигардонанд ва эшонро фарогири он карда бошанд. Дар ин росто, мо метавонем ба ҷавҳари шинохти худу дурнамои ояндаи давлату миллати фарҳангофари хеш бирасему хидмате карда бошем.

Зоҳири САЙФУЛЛО, - ходими хурди илмии Шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ