Skip to main content

Бояд зикр намуд, ки барои бомуваффақият амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, аз ҷумла «Стратегияи рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» омода ва қабул гардиданд.

Ҳамзамон, Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст, ки мисоли он таъсис дода шудани мақомоти ваколатдор дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, маблағгузории фаъолияти соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон тавассути барномаҳои соҳавӣ, дар тақвими санаҳои таърихӣ ворид гардидани санаи 23 май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таъсис дода шудани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсиси стипендияҳои президентӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тадриҷан зиёд намудани маблағи стипендия ва шумораи гирандагони он, таъсис ёфтани стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» барои донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, таъсиси квотаҳои президентӣ, ҷудо намудани грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъи­ятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин сохтмони мактабу донишгоҳҳо ва китобхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, толорҳои варзишӣ, мавзеъву гулгаштҳои фароғатӣ, бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир аз тадбирҳои муҳим ва дастовардҳои назаррас дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбанд.

Пешвои миллат ҳамеша такя ба ҷавонон мекунанд. Зеро ҷавонон нерӯи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошанд. Имрӯзҳо ҷавонон дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Ҷавононро зарур аст, ки ҳушёрии маънавӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ташвиқу тарғиботи ғоя ва идеологияҳои тундрави ифротӣ, иғвогариҳо дода нашаванд. Ҳар як фарди бонангу номуси кишвар бояд барои боз ҳам мустаҳкам намудани сулҳи бебозгашт, таъмини амният ва ваҳдати миллӣ, дӯстиву рафоқати самимӣ миёни шаҳрвандон аз шароиту воситаҳои мавҷудбуда самаранок истифода намуда, нагузоранд, ки ба пояҳои сулҳу субот ва истиқлолияти миллии давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон осебе расад, таъкид менамояд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Барои ин ҷавононро зарур аст, ки доимо пайи омӯзиш, равнақи илму дониш ва баланд бардоштани тафаккуру васеъ намудани ҷаҳонбинии худ бошанд. Ҳар як фарди ақли солиму расо дошта, бояд воқеоти ҷаҳонро таҳлил ва хулосабарорӣ карда тавонад. Дар ин сурат, ҳеҷ гоҳ ягон нафар ҷавон шомили гурӯҳҳои ифротӣ намегардад, дигаронро низ барои баргаштан аз ин роҳи бад эмин нигоҳ медорад. Барои тарбияи насли наврас ва бунёди ҷомеаи солим тамоми аъзои ҷомеа бояд масъулиятнок бошанд ва ҷавобгариро эҳсос намоянд.

Ҷаҳонишавии замони муосир аз ҳар фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон дар роҳи аз бар намудани донишҳои назариявӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва содиқу вафодори миллату давлат буданро тақозо дорад. Чунки то ба ҳол на ҳама имконияту нерӯи хешро ҷавонони мо ба пуррагӣ истифода намуда истодаанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ҷавонони Тоҷикистон қайд намуданд, ки: «Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоми шумо ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳед» (President, tj. Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон. 23.05.2022 сол.).

Бинобар ин, ҷавонону наврасонро зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани малакаи донишҳои худ ва ба меъёрҳои байналмилалӣҷавобгӯ будани он тамоми имкониятҳоро васеъ истифода баранд, то ки дар ҷодаи давлатсозӣ ва миллатсозӣ аксарият шуда, рақибони худро дар ақаллияти маънавӣ гузоранд.

Ҷавонон бояд гурӯҳи иҷтимоии муташаккил омода дар ҳифзи арзишҳои миллӣ бошанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми шароитҳои таҳсил фароҳам оварда шуда, ҳазорҳо мактабҳои замонавӣ бунёд ва барои ихтироъкорон ва олимони ҷавон фазои мусоиди кашфсозӣ бо дастгирии давлат муҳайё гардиданд. Ташкили озмунҳо ва таъсиси стипендияҳо барои дарёфти беҳтаринҳо рӯйи амал омаданд.

Агар ба кишварҳои ҳамсоя сафар намоем ва муқоиса кунем, сатҳи муассисаҳои таълимии кишвари мо ва таҷҳизоти техникӣ назар ба кишвархои ҳамсоя бамаротиб хубтару беҳтар аст.

«Барои ҷавонон ҳамаи шароитҳо муҳайё гардида, онҳоро зарур аст, ки ҳар лаҳзаи умрро самаранок истифода бурда, забонҳои хориҷиро аз худ намояндтаъкид менамояд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Беҳуда нест, ки ҳанӯз 2500 сол пеш файласуфи маъруф Арасту гуфта буд, ки, асоси давлатдорӣ ин илм, фан ва маориф аст.

Дар воқеъ, ҷавонони соҳибхираду ояндасозро месазад аз Пешвои миллат сифатҳои ободкорӣ, ҳама вақт бо мардум будан, сулҳпарварӣ, суханварӣ, хушгуфторӣ, эҳёгарӣ, бунёдгузорӣ, хоксорӣ, таҳаммулпазирӣ, саховатмандӣ, ҷавонмардӣ, ростқавлӣ, эҳтиром ба падару модар, омӯзгорон ва пиронсолонро омӯзанд ва дар қалбу вуҷуди худ ҷой диҳанд.

“Рӯзи ҷавонон” ба Шумо ҷавонони азиз муборак бошад! Ба Шумо бурдбориҳо хоҳонем.

Ширин Қурбонова, доктори илмҳои таърих, Муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ