Истиқлол ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст.
Аҳмадшоҳи Масъуд
Мактаби азими сиёсии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусиятҳои хоси худро дорост, ки он аз муҳаббати бепоён ба халқу Ватани худ зимни дарки амиқи мардумшиносӣ сарчашма мегирад. Ривояте ҳаст, ки миллатеро Офаридгор дӯст дорад ва амну оромиро насибаш гардонад, барояш шоҳи одилу фозилу фарзонаро лоиқ мебинад ва дар мисоли Пешвои тоҷикон ривояти мазкур беасос набудааст.
Ибтидои солҳои 90-уми асри XX буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ давлати пуриқтидор ва абарқудрати Иттиҳоди Шуравиро аз байн бурд. Дар қатори 15 ҷумҳурии Иттиҳоди Шуравӣ дар таърихи 9 – уми сентябри соли 1991 ҷумҳурии мо низ истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Орзуи чандинасраи мардуми тоҷик амалӣ гардид, лекин дере нагузашта Тоҷикистони тозабунёдро буҳрони шадид фаро гирифта, кишвари мо ба гирдоби ҷанги хонумонсӯзи шаҳрванди мубтало гашт.
Намедонам, ки наҳсӣ аз замин ё зи кайвон буд,
Зи қисмат буд, туҳмат буд, ё васвоси шайтон буд.
Дар кӯтоҳтарин фурсат ҳазорон нафар хонабардӯш, фирорӣ ва кушта шуданд. Қаҳтию гуруснагӣ, харобкориҳои пайдарпай мардумро ба тарки манзилу макони аҷдодӣ маҷбур месохт. Хатари парокандагии давлат ва миллат ба миён омад.
Ба вақти кандани ҷон мардуми бечора нон мегуфт,
Ба рӯйи хон ниҳода бурдаи кунҷора нон мегуфт.
Рӯзҳои мудҳиш ва ноорому мушкили солҳои 1992-1997 дар саҳифаҳои таърихи кишвар бояд боқӣ монад. Миллат бо Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ машҳур буд, ба халқи ҷафокашида Яздони пок Эмомалӣ Раҳмон дод.
Агар бахшад ба мо як Сарвари зеби замон бахшад,
Азизе, раҳнамое, дастгири молу ҷон бахшад.
Дар Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шурои Олӣ (16-уми ноябри соли 1992) дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд аз 197 вакил ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон 186 нафар вакил овоз доданд. Натиҷаи овоздиҳӣ аз он шаҳодат медод, ки халқи тоҷик дар марҳалаи тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки бевосита аз байни халқ баромада буд ва барои халқ ҳамчун вакил дар ҷаласаҳо ҳақталошӣ мекард. Аз рӯзҳои аввали раиси Шуро интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон мардум ба фардои дурахшон бовар кард.
Суханони аввалини Эмомалӣ Раҳмон бар ин минвол буд:
“Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард”, “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам ва мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем”.
Ӯ барои саодату осоиштагии халқи азизаш аз ягон душворӣ намеҳаросид, чунки ин садои дили ҷавонмарде буд, ки аз миёни мардум баромада, осудаҳолӣ ва оромии кишварашро қарзи ҷавонмардонаи худ меҳисобид ва ба халқи шарафмандаш боварӣ дошт. Ӯ дилпур аз он буд, ки бо такя ба халқи азизаш метавонад ҳамаи монеаҳоро паси сар кунад. Ин садо садои дили ӯ буд ва ба ин садои қалбаш содиқ монд. Ҳамин тавр, роҳбарияти нави сиёсии мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуда, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор кард;
- хатари барҳамхӯрии ҷумҳурӣ ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд;
- тадбирҳои мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии баромадани ҷомеаро ба миён гузошт;
- самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян сохта, барои ҳамкориҳои судманд ба кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод.
Сарвари давлат ҳамон вақт изҳор намуд, ки мо вазифадорем аввал амнияти давлатро таъмин намоем, артишро созмон дода, милитсия, кумитаи амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, арзише надорад.
Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ Пешвои миллат ба таъсиси Артиши миллӣ ва барои мустаҳкам намудани сарҳад чораҳои мушаххас андешид. Авфи умум, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъмини маводи озуқаворӣ ва зиёд намудани музди меҳнат яке аз масъалаҳои асосии ҳамонвақта буд. Аз ҳама заруртарин масъала ин сулҳу субот ва оромию амнияти кишварро таъмин намудан буд. Чи хеле ки Пешвои миллат мегӯяд, сарчашмаи истиқлолият аз ваҳдат аст.
Раҳми парвардигори мо омад,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Ҷонибҳоро дар атрофи мизи мудаввар ба ҳам оварда, оштии миллиро барқарор кард. Таърих гувоҳ аст, ки то ин дам ягон сарвари давлат рақиби худро ба оштии миллӣ даъват накарда буд.
Фақат бахти накӯи халқи худро муддао дорад,
Худодод аст ӯ, дар чеҳрааш нури Худо дорад.
Бо сайъю талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ба маротиб афзудааст. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ҳалли чаҳор муаммои муҳими стратегии аср – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, дарёфти истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръатро марҳала ба марҳала муваффақ шуда истодааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи дуруст ҷиҳати роҳандозии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат қарор дорад ва ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки дар чунин авзоъ нақши босазои худро дар пешрафти давлату миллат гузорад. Ҳақ ба ҷониби шоир Мирзо Файзалӣ аст, ки гуфтааст:
Ҳама амволи неки дигарашро як тараф мондам,
Фақат бар хотири сулҳе, ки барпо кард дар кишвар,
Ба ин шахси бузургу ҷонфидои миллату Меҳан,
Агар аз дасти ман ояд, гузорам ҳайкалаш аз зар.
Ширин Қурбонова, доктори илмҳои таърих
Муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ