Skip to main content

09 августи соли 2024 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ семинари илмӣ дар мавзуъи “Дастовардҳо ва мушкилоти таҳқиқот дар самти муносибатҳои байналмилалӣ дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон” бахшида ба 33-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон баргузор гашт.

Сухани ифтитоҳиро директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Ҳайдарзода Р.Ҷ., оғоз намуда, роҷеъ ба вазъи кунунии самти назарияи муносибатҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ибрози ақида намуданд.

Мудири шуъбаи Аврупо, доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова роҷеъ ба ташаккул ва рушди аврупошиносии ватанӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ зиёда аз ҳафт китоб роҷеъ ба масоили аврупошиносӣ руи чоп омадааст. Бевосита муҳаққиқони шуъба аз масоили мубрами кишварҳои аврупоӣ ба мисли Олмон, Фаронса, Италия, Шоҳигарии Белгия, Британияи Кабир, Австрия, Чехия, Швейтсария ва инчунин давлатҳои Скандинавиро таҳлилу барассӣ менамоянд. Санавбарбону Воҳидова дар суханронии худ инчунин қайд намуданд, ки муҳаққиқон ҳам аз лиҳози кишваршиносӣ, сиёсат, иқтисод ва фарҳанг мақолаҳо навишта, дар маҷалаҳои ватанию хориҷӣ руи чоп оварданд.

Таъкид гашт, ки Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо робитаҳои илмӣ ба роҳ монда аст. Дар ин қарина соли 2023 як қатор олимон аз Аврупо ба Институт ташриф оварданд, аз ҷумла профессор аз Академияи илмҳои Австрия Флориан Швартс, профессор Ева Ортман аз Донишгоҳи Карл Август Готинген. Дар ин иртибот бо Институти Макс Планк (Олмон) созишномаҳо ба имзо расиданд. Аз ҷумла, бо Маркази илмии мактаби олии илмҳои ҷамъиятшиносӣ (Фаронса) як Меморандум ба имзо расонида шуд.

Бояд зикр кард, ки ҳамаи дастовардҳои самти таҳқиқоти муносибитҳои байналмилалӣ дар кишвари мо натиҷаи сиёсати муваффақи хориҷии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз мо олимон озодона робитаҳои хуби илмии худро бо кишварҳои Аврупо ба роҳ монда, илмӣ тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоем.