Skip to main content
Анъанаи парчамдории халқи мо таърихи фархундаи чандинҳазорсолае дошта, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон боз яке аз рамзҳои муқаддаси дастовардҳои бузурги истиқлоли миллӣ, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро тантанавор таҷлил мекунад, ки онро дар ҷумҳурӣ ва тамоми тоҷикони дунё бо ифтихори хос арҷгузорӣ ва таҷлил мекунанд.

Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парчамдории Бохтар, Суғду Хатлон, Бадахшон ва дигар давлатҳои қадимаи тоҷикон, бахусус парчами Коваи Оҳангар ёдовар шуд, ки гувоҳи ҳуввияти миллӣ ва сарбаландии гузаштагони мо мебошанд. Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки агар ба таърихчаи кӯтоҳи онро назаре меандозем:

«Парчам» вожаи суғдӣ («*parčam») аст ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд ки бар сари дирафш, ё найза мебастанд». «Дирафш» дар порсии миёна «drafš» гуфта мешуд ва бозмонда аз эронии бостонии «*drafša-» аст ва баробари он дар ҳиндии бостон вожаи «drapsá-» мавҷуд буд. Аз ин вожаи эронии бостонӣ «*drafša-» дар забонҳои авестоӣ «drafšā-», суғдӣ «’rδ’šp» [arδašf / ərδəšf] ва бохтарии «λraφo» падид омадаанд, ки вожаи комилан форсӣ-тоҷикӣ мебошад.

Таърихи Парчами миллӣ ва давлатии Тоҷикистон аз замони бостонии миллат, ба номи Дирафши машҳури Ковиёнӣ, оғоз мегардад, ки дар ибтидо дирафш (байрақ)-и ба ибораи имрӯзӣ “устураӣ”, пасон мардумӣ ва баъдан давлатии подшоҳони қадими ориёӣ (эронӣ) будааст. Аввалин дирафши аҷдодӣ-миллии тоҷикон «Дирафши Ковиён (Ахтари Ковиён) – дирафши бузурги шоҳони асотирии Каёнӣ, таърихи Ҳахоманишӣ, Ашконӣ ва Сосонӣ буд, ки мувофиқи ривоёти ақвоми эронӣ аз замони Фаридун боз вуҷуд дошта, пас аз ҳуҷуми араб ба Эрон ба дасти онон ҳадафмандона, яъне шикастани рӯҳияи ин қавми ориёӣ нобуд шудааст. Агарчӣ ибтидои зуҳури он дар замони сулолаи Ҳахоманишиҳо то ба соли 632 комилан далели таърихӣ аст, ин дирафш ҳамчун рамзи миллӣ, ба муддати беш аз 1200 сол воқеияти маълуми таърихӣ буда, то ба қудрат омадани ислом муқаддастарин дирафши давлатдории эронитаборон будааст.

Таърихи асотириаш тибқи маъхазҳои илмӣ-таърихӣ чунин аст. Коваи Оҳангар барои озодӣ пешбанди чармини худро дирафш месозад ва таҳти он мардумро алайҳи Заҳҳоки золим, ки зулму истибдоди мардуми оддиро ба ҳадди ниҳоии тоқатфарсо расонида буд, муттаҳид мекунад, ки ин иттиҳод онҳоро ба пирӯзӣ мерасонад. Аз он пас ин дирафш, миёни қавмҳои ориёӣ ҳамчун рамзи пирӯзии миллӣ бар аҷнабиёну золимон муқаддас эътироф шуд. Мардуми таҳти ин парчам баҳамомада ва пирӯзшуда, Фаридунро бар тахти Эрон нишонданд ва ин дирафшро ҳамчун дирафши миллӣ ба ӯ тақдим карданд ва ин анъана баъд аз ӯ ба шоҳони дигар, ки рамзи давлатдории худиро таҷассум мекард, супорида мешуд.

Куҳантарин маълумот дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар «Авесто» низ дида мешавад. Парчам, дирафш, ливо ё байрақ мафҳуми ягона буда, дар маҷмӯъ маънии шинохти давлату миллатро дорад. Парчам ва парчамдорӣ ҳанӯз пеш аз мелод дар китоби «Авасто» зикр гардида, баъдан дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар достони «Коваи оҳангар» қисса шудааст. Коваи оҳангар аз кушта шудани ҷавонон ва хусусан фарзандони худ ба шӯр омада, бар зидди Заҳҳок бархост, пешбанди худро сари найза барафрохта, парчам намуд ва зери он мардуми башӯромадаро то дарбори он шоҳи золим бурд. Парчами Кова минбаъд «Дирафши Ковиён» ном гирифт ва чун рамзи мубориза барои озодӣ аз банди зулму истибдод шинохта шуд:

Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,

Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.

Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,

Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд.

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш».

Таърих гувоҳ аст, ки парчамдорӣ эҷоди мардуми форс буда, пеш аз ҳама, ҳастии миллат ва давлатдориро муаяйн мекард. Тӯли таърих давлатҳои Ҳахоманишҳо, Ашкониён, Сосониён ва Сомониён ҳар яке парчамдор буданд.

Парчам рамзи Ватан, номус ва нанги миллат аст. Тоҷикон дар ҳайати Бухорои шариф ва Иттиҳоди Шӯравӣ низ парчами худро доштанд. Агар ба таърихи пурнишебу фарози ин миллат ва ин сарзамин назаре афканда шавад, возеҳ дида мешавад, ки дар тамоми даврони таърихи пурмоҷаро ҳамеша зери парчами миллии худ муттаҳид мешуданд. Бинобар ин, дақиқан таърихи Парчами миллии мо, ки пас аз 1000 соли бедавлатӣ, давлати соҳибистиқлоли худро маҳз зери ҳамин парчами таърихӣ, ки имрӯз Парчами миллӣ-давлатӣ ном дорад, эҳё карда тавонист.

Аввалин низоми мадании давлатдориро дар дунё аҷдоди пурифтихори мо, таҳти ҳокимияти одилонаи Куруши Кабир поягузорӣ карда, дар он тамоми низоми давлатдориро бо шумули рамзҳои он таъсис дод, ки барои тамоми башар ҳамчун улгу ва намунаи омӯзанда дар ташкили давлатдорӣ ва идораи ҷомеаҳои мухталифи таърихӣ хизмат анҷом дод.

Дар таърихи навину соҳибистиқлоли мо, Парчами миллӣ-давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдории мо, бо се ранги худ баёнгари ҳуввият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели раднопазири соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо мебошад. Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба муносибати Рӯзи парчам аз 23-ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, таъкид карданд, ки: “Ранги сурх -рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед - нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз - нишони сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоди давлату давлатдорӣ, иттиҳоду ваҳдати миллати тоҷик, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода менамояд. Дар баробари он, Парчами миллӣ ифодагари шаъну шараф, нангу номус ва эътибори милливу давлатии тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихори доштани он дар рагу пайванд ва қалби ҳар тоҷикистонӣ ҷо гирифтааст.

Бояд хотирнишон сохт, ки барои таҳияву пешниҳод ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол қувваҳои эҷодиву ҷустуҷуӣ ҷалбу сафарбар шудааст. Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шурои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250-нафар ширкат варзиданд. Ба хотири таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон комиссияи махсус иборат аз олимону ҳунармандон, арбобони давлатӣ, таҳти роҳбарии президенти ҳамонвақтаи Акадамеяи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ташкил шуд, ки аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ зиёда аз дусад адад пешниҳодҳо вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлатӣ ворид гардида, баррасӣ шуд.

Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд.

Лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷҷасумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад, имрӯз мо онҳоро дар Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шурои Олии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд. Рӯзи дигар, яъне 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шурои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шурои Олии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда, қасам ёд намуд.

Ҳамин тавр, бори нахуст Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри «Арбоб» дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо сессияи таърихии 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.

Қобили зикр аст, ки, дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши тоҷ ҳадафмандона ҷой дода шуд, ки ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ - таҷассумгари муттаҳидсозии давлату миллатро ифода менамояд. Дар баробари он нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шуд, ки ифодагари рақами ҳафт, ҳамчун рақами муқаддас ва ба вуҷудоварандаи хушбахтӣ маънидод карда шуд.

Олимон ва муаррихони гузашта ҳафт ситораро ҳамчун ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон - Тоҷикистон нисбат медоданд, ки иборатанд аз: Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон. Қабули Парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят пурхатар ва ҳассоси таърихи давлати тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавону неруи тоза бахшид ва онҳоро муттаҳид сохт, ки таҳти парафшонии маҳз ҳамин парчами давлатӣ сохти конститутсиониро барқарор ва сулҳу оромиро дар кишвар таъмин намоянд.

Аз он пас, мисли замонҳои дигари таърихӣ, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи қудрати муттаҳидкунанда, дар қалби ҳар як шаҳрванди Ватани азизамон ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандориро бедор кард.

Аллакай, 33 сол аст, ки ин рамзи муқаддаси миллии мо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат парафшонӣ мекунад ва барои дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар кишварҳои гуногуни олам баробари садо додани Суруди миллӣ афрохта мешавад ва ба хотири ободии бештари сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Замони мудерн ва ё муосир, бо равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ ва бештар мураккаб пешгӯишаванда ва ҳассос, дар баробари тамоми кишварҳои дунё, бахусус давлатҳои ҷавони соҳибихтиёр, ба мисли давлати мо, имтиҳоноту чолишҳои нав ба навро ба миён мегузорад. Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу ҳассос, масъалаҳои ҳифзи истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ, муқаддасоту арзишҳо, суннату анъанаҳо ва расму ойинҳои миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ ба мисли солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ барои мо аҳамияти муҳим дошта, арзиши бештар пайдо кардааанд.

Аз ин рӯ, мо мардуми Тоҷикистон вазифадорем, ки дар зери Парчами давлати худ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъйю талош намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Президенти кишвари азизамон, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таърихи парчамдории миллати тоҷик иброз доштаанд: «Ҳанӯз дар парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, он рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи Бузург бошад, нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

Аз ин рӯ, эҳтиром ва қадр кардани Парчами давлатӣ чун рамзи муқаддаси Ватани соҳибистиқлоламон, аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеаи мо мебошад. Махсусан муҳим аст, ки ҳисси ифтихор ва арзишгузорӣ ба Парчами миллӣ бояд дар зеҳну шуури ҳар як фард, бахусус ҷавонон ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад.

Ҷашн гирифтани Рӯзи парчами давлатӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои фидокоронаи фарзандони бузурги халқамон - Куруши Кабиру, Исмоили Сомонӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаамон мебошад, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик барои ҳифзи ному нанг ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми куҳанбунёдамонро то замони мо хифз намуда, расонидаанд. Вазифаи насли имрӯзаи миллат, дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллат мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рузи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.

Бо ибтикори ватандӯстонаи Сарвари давлат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар санаи 30-юми августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165м., ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Баландии Парчам 30м ва дарозии он 60м мебошад.

Бигзор, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландӣ, нангу номус ва сарҷамъии миллат дар фазои осудаву ороми кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди созандагиву рушди Ватани азизамон – Тоҷикистон бошад. Муҳаббату эҳтироми Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта, ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ ва маъсулияти ҳар як фарди ҷомеа бошад. Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои тамоми тоҷикистониён ва ҳамватанои бурунмарзӣ фархунда бошад!

Ходими калони илмии Шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, н.и.ф. Бандалиева Ш.Н.