Skip to main content

Дар баробари дигар самтҳои фаъолият, ходимони илмии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ба таҳқиқотҳои илмӣ ва гузаронидани мониторинг ва арзёбии ҳолати радиатсионии мантақаҳои ҷумҳурӣ машғул гардида, дар ин замина пояи илмӣ ва фаъолияти худро тақвият мебахшанд.

Аз ҷумла дар таърихи 5 августи соли равон дар шаҳри Хоруғи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои он аз тарафи кормандони Агентӣ, таҳти роҳбарии Ҳамидов Фарҳод - мудири шуъбаи илмӣ таҳқиқотӣ, таълиму омӯзиш ва хизматрасониҳои техникӣ, экспедитсияи илмии навбатӣ оғоз гардид, ки он то 10 августи идома меёбад. Дар рафти экпедитсия илмӣ, мутахассисон ба ҷамъоварии намунаҳои хок ва об машғул шуда, ҳолати имрӯза ва вазъи радиатсионии ин минтақаро дар пояи илм ва технология мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

Зимни сафари экспедитсионӣ, ҳамзамон кормандони Агентӣ аз мавзеъи табобатии Гармчашма, ки дар ҳудӯди шаҳри Хоруғ воқеъ гардидааст, дидан намуда, ҳолати имрӯза ва вазъи радиатсионии он бо истифода аз усулҳои пешбинигардида, барои муайянкунӣ ва таҳияи харита дар ин самт мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд.

Дар идома кормандони Агентӣ, ҳамчунин ба ноҳияи Рушон сафар намуда, бо мақсади омӯзиш ва ҳолати радиатсинии ин минтақа, бо истифода аз усулҳо ва таркиби намунаҳо, аз ҷумла об, хок, ки барои санҷишу муайянкунӣ истифода бурда мешаванд, гирифта шуд.

Тибқи нақша чорабиниҳо гузаронидани мониторинги радиатсионӣ дар дигар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми сол дар назар аст.