Skip to main content

Мутахассисони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар баробари дигар самтҳои фаъолияти худ, ҳамчунин ба омӯзиш ва муаян намудани ҳолати радиатсионӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ пайваста ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва экспедитсионӣ машғул мебошанд.

Экспедитсияи навбатии илмии кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ноҳияи Нуробод аз санаи 12 то 16 август, таҳти роҳбарии Ҳамидов Фарҳод - мудири шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ, таълиму омӯзиш ва хизматрасониҳои техникӣ бо муваффақият идома гардида истодааст.

Дар доираи ин экспедитсияи илмӣ – таҳқиқотӣ, мониторинги радиатсионии тамоми минтақаҳои ноҳияи Нуробод гузаронида шуд, ки дар раванди он кормандон ба ҷамъоварии намунаҳои хок ва об бо истифода аз таҷҳизотҳои наву замонавӣ барои таҳлили минбаъда ва арзёбии он машғул шуда истодаанд.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки ҳадафи асосии экспедитсияи мазкур омӯзиш ва баррасии арзёбии ҳолати радиатсионии минтақаҳои ноҳияи Нуробод ва таҳияи харитаи радиатсионии ин минтақа маҳсуб меёбад.