Skip to main content

07 августи соли равон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори давлатдории миллии тоҷикон» бо иштироки фаъолон ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ баргузор гардид.

Дар конфронс Раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ – Рудобаи Мукаррам, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷура, муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоҳутӣ Шарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ба кори конфронс Раиси ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Ҷамшед Шарифзода ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба ҳукмати ноҳия хайрамақдам гуфтанд. Дар идома Раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ – Рудобаи Мукаррам дар суханронии хеш доир ба мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ” суханронӣ намуданд.

Инчунин таъкид гардид, ки воқеан ҳам вожаи ваҳдат ва истиқлолият аз ҷумлаи арзишҳои миллие мебошанд, ки барои миллати мо ба осонӣ ба даст наомадаанд. Ва ин ҳама маҳз бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо ба даст омада, роҳи сулҳу субот ва таъмини ваҳдати миллӣ яке аз ҳадафҳои нахустини фаъолияти ин марди бузург ба ҳисоб мерафт.

Дар идома директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷура дар мавзӯи “Истиқлоли давлатӣ, Пешвои миллат ва илми тоҷик” суханронӣ намуда, зикр дошт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти хеш барои таҳкими сулҳу субот, Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати милллӣ ва пойдории миллати тоҷикон хидматҳои таърихӣ намудааст. Таъкид гардид, ки воқеан ҳам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ дар рушди соҳаи илми кишвар нақши бузург гузошта, барои фароҳам овардани шароити муосиди корӣ барои олимону кормандон корҳои муҳимро ба сомон расонидаанд.

Дар охир муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоҳутӣ Шарифзода дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули давлати демократӣ дар Тоҷикистон” суханронӣ намуда, зикр дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ва ташаккули давлати демократии мо нақши бориз гузошта, маҳз ҳамин равандҳо ба пойдории давлати тоҷикон замина гузоштанд.