Дар ҷаҳони имрӯза, ки бо афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои экологӣ ва нобаробариҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мураккаб гаштааст, таҳкими сулҳ ба як зарурати ҳаётан муҳим табдил ёфтааст. Ин масъала на танҳо барои насли ҳозира, балки барои ояндаи инсоният низ аҳамияти бузург дорад. Дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди ташаббуси қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) нақши муассир иҷро кардааст. Ин ташаббус, ки дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ (24 сентябри 2024) эълон шуд, нишонаи ҷиддии уҳдадории Тоҷикистон ба сиёсати сулҳҷӯёна ва таъмини ояндаи бехатари аҳли башар мебошад.
Профессор Сайидзода Зафар такид мекунад, ки: “Иқдомҳои дар самти сиёсӣ ба амал баровардаи Президент Эмомалӣ Раҳмон имконият медиҳад, ки шаҳрванд дар фаъолияти иҷтимоии худ ва дар ҷараёни баровардани ниёзҳои зиндагии хеш ҳимояи қонун ва ба ин васила ҳимояи давлатро эҳсос кунад ва дар зеҳну шуури ӯ ҳисси қаноатмандӣ ва омили қонуният ва ҷамъият будан мустаҳкам гардад”[1].
Сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри 1994 қабул гардида ва бо тағйироти солҳои 1999, 2003 ва 2016 такмил ёфтааст, решаҳои амиқ дорад. Моддаи 11 эълон мекунад, ки «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром мекунад» ва «ташвиқоти ҷанг»-ро манъ мекунад. Ин меъёр мавқеи устувори Тоҷикистонро дар пешгирии низоъҳо ва таъмини субот инъикос намуда, асоси ҳуқуқии дохилии ташаббуси «Даҳсолаи таҳкими сулҳ»-ро ташкил медиҳад. Инчунин, он бо ҳадафҳои қатънома барои таъмини муҳити амн ва устувор барои наслҳои оянда мувофиқ аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояш ба он таъкид кардааст. Моддаи 1 Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун «давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» муайян намуда, таъкид мекунад, ки он «барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Ин меъёр нишон медиҳад, ки таъмини сулҳ ва суботи иҷтимоӣ дар сатҳи конститутсионӣ ҳадафи давлат буда, бо ҳадафҳои ташаббуси «Даҳсолаи таҳкими сулҳ» барои пешгирии низоъҳо ва рушди устувор мувофиқ аст. Моддаи 5 Конститутсия аҳамияти бузург дорад, ки «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ» эълон шуда, давлатро муваззаф мекунад, ин арзишҳоро ҳифз намояд. Ин принсип бо суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар СММ, ки ба «шаъну шарафи инсон барои наслҳои ҳозира ва оянда» ишора кардааст, мувофиқ буда, нишон медиҳад, ки ташаббуси мазкур дар доираи арзишҳои конститутсионӣ амал мекунад. Ин асосҳои ҳуқуқӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар дохили кишвар низоми мукаммали ҳуқуқиро барои дастгирии сиёсати сулҳҷӯёна таҳия кардааст.
Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон дар асоси салоҳиятҳои конститутсионии ӯ ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад. Моддаи 69 ба ӯ ҳуқуқ медиҳад, ки «самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян кунад» ва «Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ намояд». Пешниҳоди қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ» дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ ва Ҳамоиши Ояндаи СММ натиҷаи мустақими ин салоҳиятҳост. Ин ташаббус ҳамчун «иқдоми қаҳрамонона дар арсаи ҷаҳонӣ» тавсиф шудааст, ки эътибори байналмилалии Тоҷикистонро афзоиш додааст.
Дар дохили Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарии раванди сулҳ пас аз ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) нақши калидӣ бозидааст. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни 1997) як ҳуҷҷати ҳуқуқии муваффақ буд, ки низои дохилиро хотима бахшид ва суботро барқарор намуд. Ин таҷриба ҳамчун «модели тоҷикии сулҳ» дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шуда, дар барномаҳои омӯзишии СММ истифода мешавад.
Далели ин гуфтаҳо муқаррароти моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015 № 1259 "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, итисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад”.
Профессор Ҳайдарзода Рустам таъкид менамояд, ки: ”Дар ҳақиқат дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзии роҳбарияти давлат Тоҷикистон ба мамлакати амн ва босубот табдил гардидаст. Мо мутмаинем, ки ин фазои сулҳу оромӣ дар ҷумҳурии мо дар заминаи расидан ба Ваҳдати миллӣ ва иттиҳод дар атрофи Пешвои миллат имконпазир гардидааст. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Сарвари сиёсии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда ва бонуфузи глобалӣ буда, на танҳо дар муайян кардани рӯзномаи сиёсати байналмилалӣ, балки барои ҳалли масъалаҳои доғи глобалӣ қодир ҳастанд” [2].
Имрӯз мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон самараи талоши пайгирона ва хастагинопазири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти ҷумҳурӣ барои ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла дар бахши мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён пешниҳод мегарданд. Махсусан силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар миқёси ҷаҳон бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзуъ боиси ба гунаи хосса муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид [3].
Қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ» ба таълиму тарбияи сулҳ ва ҷалби ҷавонон ба раванди сулҳсозӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. Ин бо моддаи 41-и Конститутсия, ки таҳсилро ҳамчун ҳуқуқи ҳар шахс эътироф мекунад, мувофиқ аст. Ҷавонон бояд фаҳмиши амиқи сулҳ ва роҳҳои ҳалли низоъро омӯзанд, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии қатънома аст. Ин таъкид бо моддаи 5 (дахлнопазирии ҳуқуқи инсон) ва моддаи 34 (ҳимояи кӯдакон) низ пайванд дорад, зеро ҳифзи ҷавонон аз ҷалб ба низоъҳо ва таъмини амнияти онҳо дар меҳвари ташаббус қарор дорад. Сулҳи пойдор тавассути таълими арзишҳои сулҳпарварӣ ба даст меояд. Ин нишон медиҳад, ки қатънома дар дохили Тоҷикистон дар асоси низоми ҳуқуқии миллӣ татбиқшаванда буда, ҳадафаш таъмини ояндаи бехатар барои наслҳост. Таълими сулҳ метавонад фарҳанги сулҳҷӯиро дар байни ҷавонон паҳн карда, онҳоро аз хатарҳои низоъҳо ва тундгароӣ ҳифз намояд, ки ин бо сиёсати дохилии Тоҷикистон низ ҳамоҳанг аст.
Қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуда, бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқ аст. Моддаи 1-и Оиномаи СММ (1945) «нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ»-ро ҳамчун ҳадафи асосии созмон муайян мекунад, дар ҳоле ки моддаи 33 давлатҳоро ба ҳалли мусолиматомези низоъҳо даъват менамояд. СММ дар ҳифзи сулҳ нақши роҳбариро дорад ва қатънома ба «таъмини амният ва пешгирии муноқишаҳо нигаронида шудааст. Дар сурати қабул, ин қатънома қувваи ҳуқуқии байналмилалӣ пайдо карда, барои давлатҳои узви СММ мавриди иҷроиш қарор мегирад.
Қатънома бо Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак (1989) низ пайванд дорад, ки моддаи 38-и он давлатҳоро муваззаф мекунад, кӯдаконро аз ҷалб ба низоъҳои мусаллаҳ ҳифз намоянд. Ин бо ҳадафи қатънома барои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро мувофиқ аст. Ин санадҳои байналмилалӣ заминаи ҳуқуқии қатъномаро барои таъмини амнияти наслҳои оянда мустаҳкам мекунанд.
Татбиқи қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ» механизмҳои ҳуқуқии мушаххасро талаб мекунад. Созмонҳои байналмилалӣ, ҳукуматҳо ва ҷомеаҳои шаҳрвандӣ бояд дар иҷрои барномаҳо ва ташкили иқдомҳои дастаҷамъона ҳамоҳанг шаванд. Ин бо моддаи 13-и Оиномаи СММ, ки рушди ҳамкории байналмилалиро таъкид мекунад, мувофиқ буда, заминаи ҳуқуқии татбиқи қатъномаро фароҳам меорад.
Қатънома ба таълими сулҳ ва ҳамгироии ҷавонон дар сулҳсозӣ таваҷҷуҳ дорад, ки дар чаҳорчӯбаи Ҳадафҳои рушди устувори СММ (SDG 16 – сулҳ, адолат ва ниҳодҳои қавӣ) амалӣ шуда метавонад. Таълими арзишҳои сулҳпарварӣ барои амалисозии қатънома муҳим аст. Ин механизмҳо бо Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак (моддаи 38) ва Конвенсияи Женева (1949), ки ҳифзи ғайринизомиёнро пешбинӣ мекунад, пайванд дошта, барномаҳои махсусро барои муҳофизати ҷавонон ва пешгирии ҷалби онҳо ба низоъҳо таъмин мекунанд. Ин қатънома ба амалишавии барномаҳои мубодилавӣ ва истифодаи технологияҳои муосир барои паҳн намудани паёмҳои сулҳ равона мегардад. Ин пешниҳодҳо дар доираи моддаи 13-и Оиномаи СММ ва SDG 16 қобили татбиқ буда, нишон медиҳанд, ки қатънома дорои механизмҳои ҳуқуқии муассир барои амалисозист.
Чунин санадҳо ба ҳифзи сулҳ, пешгирии низоъҳо ва мусоидат ба ҳамкорӣ байни давлатҳо нигаронида шудаанд:
1. Оиномаи Созмони Милали Муттаҳид (Сан-Франсиско, 26 июни 1945). Дар моддаи 1 ҳадафи асосӣ "ҳифз ва нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ" зикр шудааст. Калимаи "сулҳ" дар тамоми матн борҳо истифода мешавад.
2. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ 10 декабри 1948 қабул шудааст). Дар муқаддима ба "сулҳ ва амният" ишора шуда, ҳуқуқи инсон ҳамчун асос барои сулҳи ҷаҳонӣ таъкид гардидааст.
3. Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (Ню-Йорк, 19 декабри 1966). Дар муқаддима сулҳ ҳамчун шарти асосии ҳуқуқҳои инсон зикр шудааст.
4. Конвенсия дар бораи пешгирӣ ва муҷозоти ҷинояти генотсид (СММ, 9 декабри 1948). Дар муқаддима гуфта мешавад, ки генотсид ба сулҳи байналмилалӣ хатар эҷод мекунад.
5. Декларасия дар бораи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни давлатҳо мутобиқи Оиномаи СММ марбутанд (Ассамблеяи Генералии СММ, 24 октябри 1970). "Сулҳ" дар унвон ва матн ҳамчун яке аз принсипҳои асосии ҳамкорӣ байни давлатҳо зикр шудааст.
6. Созишнома дар бораи манъи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ (1 июли 1968). Дар муқаддима сулҳи байналмилалӣ ҳамчун ҳадафи ниҳоии коҳиши силоҳ зикр шудааст.
7. Конвенсияи Женева дар бораи ҳифзи қурбониёни ҷанг (12 августи 1949). Дар чор конвенсияи Женева "сулҳ" ҳамчун ҳадафи ниҳоии хотима додан ба низоъҳои мусаллаҳона зикр шудааст.
8. Протоколи иловагӣ ба Конвенсияҳои Женева (Протокол I ва II, 8 июни 1977). Ба ҳифзи сулҳ тавассути танзими низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ ва дохилӣ ишора шудааст.
9. Декларасия дар бораи додани истиқлолият ба кишварҳо ва халқҳои мустамликавӣ (Ассамблеяи Генералии СММ, 14 декабри 1960). Дар матн гуфта мешавад, ки истиқлолият ба таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
10. Созишномаи Париж дар бораи хотима додани ҷанг ва барқарор кардани сулҳ дар Ветнам (27 январи 1973). Калимаи "сулҳ" дар унвон ва матн ҳамчун ҳадафи асосии созишнома истифода шудааст.
11. Созишномаи Камп-Дэвид (17 сентябри 1978). Дар байни Миср ва Исроил барои барқарор кардани сулҳ дар Шарқи Наздик қабул шуда, калимаи "сулҳ" дар матн борҳо зикр мешавад.
12. Созишномаи Осло (13 сентябри 1993). Байни Исроил ва Созмони Озодибахши Фаластин барои пешбурди сулҳ дар минтақа имзо шудааст.
13. Созишномаи умумии сулҳ (Дейтон, 14 декабри 1995). Дар бораи барқарор кардани сулҳ дар Босния ва Ҳерсеговина, калимаи "сулҳ" дар унвон ва матн истифода шудааст.
14. Хартияи Аврупоии амният (ОБСЕ, 19 ноябри 1990). Ба таҳкими сулҳ ва амният дар Аврупо нигаронида шуда, калимаи "сулҳ" дар матн борҳо омадааст.
15. Эъломияи Миллениуми СММ (8 сентябри 2000). Дар боби "Сулҳ, амният ва коҳиши силоҳ" ба ҳифзи сулҳи ҷаҳонӣ даъват шудааст.
Ин санадҳо асоситарин ҳуҷҷатҳои байналмилалие мебошанд, ки дар онҳо калимаи "сулҳ" (ё муодили он) дар унвон ё матни асосӣ омадааст ва ба ҳадафҳои марбут ба сулҳи байналмилалӣ, пешгирии ҷанг ва ҳамкории осоишта нигаронида шудаанд.
Барои дарки аҳамияти қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ» таҳлили ҷангҳо аз соли 1991 то апрели 2025 ва талафоти онҳо, аз ҷумла миёни кӯдакон муҳим аст. Ин давра, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуд, бо афзоиши низоъҳои дохилӣ ва байналмилалӣ хос аст.
Баъзе аз ҷангҳои асосии ин давра:
- Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997): 150.000 кушта, зиёда аз 55 ҳазор кӯдакон ятиммонда, 10 милиард доллари амрикои ҳисорот овард. Ин низоъ бо Созишномаи сулҳи 1997, таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотима ёфт.
- Генотсид дар Руанда (1994): Беш аз 540,000 кушта, аз ҷумла даҳҳо ҳазор кӯдак.
- Ҷанги Сурия (2011-2025): То 2020 – 397,300 кушта, аз ҷумла 100,000+ кӯдак, ва то 2025 – тахминан 500,000-600,000.
- Ҷанги Ироқ (2003-2011): 150,000-600,000 кушта, аз ҷумла даҳҳо ҳазор кӯдак.
- Ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ (2020): 7,646 кушта, аз ҷумла садҳо кӯдак.
- Амалиёти махсуси низомии Русия ва Украина (2014-2025): То 2020 – 13,000+ кушта, ва то 2025 – 100,000+, аз ҷумла ҳазорон кӯдак.
Тибқи маълумот дар соли 2020 дар 56 низои мусаллаҳона бо иштироки давлатҳо 50,000 нафар, дар 72 низои ғайридавлатӣ 23,500 нафар ва аз зӯроварии муқаррарӣ алайҳи ғайринизомиён 8,000 нафар кушта шуданд. Аз соли 1991 то 2025 тахминан 2-3 миллион нафар дар ҷангҳо ҷон бохтаанд, ки садҳо ҳазор нафарашон кӯдакон буданд. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки низоъҳо ба наслҳои оянда таҳдиди ҷиддӣ эҷод карда, зарурати таҳкими сулҳро афзоиш додаанд.
Талафоти зиёди кӯдакон дар ҷангҳо аҳамияти асосҳои ҳуқуқии қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ»-ро равшантар мекунад. Моддаи 11-и Конститутсияи Тоҷикистон, ки ташвиқоти ҷангро манъ мекунад, бо ҳадафҳои қатънома барои пешгирии низоъҳо мувофиқ аст. Дар сатҳи байналмилалӣ, моддаи 38-и Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ва моддаи 1-и Оиномаи СММ ҳифзи сулҳ ва кӯдаконро таъкид мекунанд. Талафоти кӯдакон дар Сурия (100,000+) ва Қарабоғи Кӯҳӣ нишон медиҳад, ки низоми ҳуқуқии байналмилалӣ барои ҳифзи онҳо нокифоя аст. Қатънома тавассути таълими сулҳ (моддаи 41-и Конститутсия, моддаи 26-и UDHR) ва ҳамкории байналмилалӣ ин камбудиро ислоҳ мекунад.
Татбиқи қатънома дурнамои васеъ дорад. Чунки эътибори Тоҷикистонро афзун намуд ва дастгирии ҷаҳониро ба даст меорад. Тоҷикистон бо таҷрибаи сулҳофарии худ ва ташаббусҳои қаблии байналмилалӣ метавонад дар амалисозии қатънома пешсаф бошад. Ин ташаббуси навбатӣ бори дигар аз мақому манзалати бузурги Пешвои миллатамон дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳони имрӯза ва бе тафовут набудан ба дарди ҷомеаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад, зеро воқеан имрӯз вазъи геополитикии ҷаҳон дар ҳолати ҳассос ва хеле хатарнок қарор дорад. Таҳлили ҷангҳо аз 1991 то 2025 нишон медиҳад, ки талафоти 2-3 миллион нафар, аз ҷумла садҳо ҳазор кӯдакон, зарурати таҳкими сулҳро таъкид мекунад. Тоҷикистон бо таҷрибаи худ бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад дар татбиқи ин ташаббус саҳми бузург гузорад.
Адабиёт
1. Ғаффори Воҳид., Сайидзода Зафар. Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон. – Душанбе: “Контраст”. 2015. - С.94.
2. Ҳайдарзода Рустам. Геостратегия ва геополитикаи президенти тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад. 14.11. 2024// https://khovar.tj/2024/11/geostrategiya-va-geopolitikai-prezidenti-to-ikiston-dar-davroni-so-ibisti-lol-ba-r-zi-prezident-bahshida-meshavad/.
3. Сангинзода Дониёр. Мактаби сиёсию давлатдории Эмомалӣ Раҳмон – намунаи ибрат барои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ. 22.03.2025// https://khovar.tj/2025/03/maktabi-siyosiyu-davlatdorii-emomal-ra-mon-namunai-ibrat-baroi-saroni-davlat-oi-osiyoi-markaz/.
Сангинзода Дониёр, сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.