Skip to main content

22 майи соли равон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии Футбол бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи варзишии футболи хурд оғоз гардид.

Дар кушодашавии мусобиқи варзишии футболи хурд президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва директорони институт ва марказҳои мавҷуда ишитрок намуданд. Зимни суханронӣ роҳбарияти академия таъкид дошт, ки мақсад аз баргузории мусобиқа байни олимони ҷавони академия ин пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш ва ҷонибдорӣ аз иқдоми байналмилалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар робита ба эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад.

Ҳамин аст, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба ҷавонони варзишгар ниҳоят зиёд буда, хушбахтона барои боз ҳам рушд намудани соҳаи футболи кишвар Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки онро Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ пешниҳод намуд, қабул кард.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа 16 даста аз ҳисоби кормандони раёсат ва олимони ҷавони сохторҳои зертобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил шуда, он то охири моҳ идома ёфта, ғолибон аз ҷониби Раёсати академия ва Кумитаи иттифоқи касабаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳавасманд гардонида мешаванд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар рӯзи нахустин дастаи бозингарони Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо бозингарони дастаи Институти физикаи АМИТ сабқат намуда, дар натиҷа дастаи Раёсати АМИТ ғолибият ба даст оварданд.