Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи муосири халқи тоҷик нақши бориз ва созанда гузошта аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори 25-солагии ин иҷлосияи таърихӣ таъкид намуда буданд, ки он «дар таърихи навини Тоҷикистон гардиши куллӣ ба хотири наҷоти миллат ва давлат буда, роҳи минбаъдаи пешрафти давлат ва халқи Тоҷикистонро муайян кард»[1].
Воқеан, имрӯз, таҳлили роҳи сисолаи ҷумҳурии мустақил ва соҳибихтиёри Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сарчашмаи дастовардҳои назарраси дар ин фосила ба даст омада, пеш аз ҳама, суботу ваҳдати ҷомеа, эъмори аркоми давлатдории навини миллӣ, раҳоӣ аз бӯҳрони иҷтимою иқтисодӣ ва фарҳангӣ маҳз ҳамин иҷлосияи таърихӣ мебошад. Ба назари мо, аҳаммияти ин иҷлосия дар таърихи навини миллат на камтар аз қабули Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Зеро аз қабули Эъломияи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, яъне 9 сентябри соли 1991 то Иҷлосияи таърихии XVI - ноябри соли 1992 муддати 14 моҳ барои таҳким ва устувории истиқлол, эъмори давлати наву муосир ягон кори арзанда ва ҷиддие ба сомон нарасид. Илова ба ин, кишвари тозаистиқлол бо кӯшиш ва сайъу талоши гурӯҳҳои ҷудогона ва пуштибонии ҳомиёни берунаи онҳо ба гирдоби муборизаҳои сиёсӣ, ҳокимиятталошӣ, майдоннишинӣ ва оқибат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.
Авзои сиёсии ҷумҳурӣ то ба ҳадде вазнин буд, ки президент ва Шӯрои Олӣ ҳамчун мақомоти олии давлатӣ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ амал ва қарори тақдирсозе қабул карда натавонистанд. Ҳукумати муросои миллӣ, ки бо фармони президент 9 майи соли 1992 дар ҳайати 24 нафар, аз ҷумла 8 нафар намояндаи мухолифин ташкил ёфта буд, низ барои пешгирии ҷанг, оромсозии авзои сиёсӣ ва танзими фаъолияти мақомоти давлатӣ кореро ба анҷом нарасонид. Ба замми он, ин ҳукуматро на ҳама минтақаҳои кишвар эътироф карданд ва сокинони вилоятҳои Ленинободу (ҳоло Суғд) Кӯлоб (ҳоло бахше аз вилояти Хатлон), инчунин мардуми водии Ҳисор онро ҳамчун ҳукумати ғайриконститутсионии дар натиҷаи табаддулоти давлатӣ ташкилёфта пазируфтанд. Хатари порашавию нестшавии миллату кишвар ба миён омад ва ҳамон шабу рӯз амалан ҷумҳурӣ ба ду ҷониб тақсим шуда буд. Бо ҳисоби коршиносон дар он давра, аниқтараш охири соли 1991 дар ҷумҳурӣ на камтар аз 70 ҳизбу ҳаракат, созмону иттиҳод ва ҷамъияту гурӯҳҳои сиёсӣ мавҷуд буданд[2].
Албатта, чунин вазъияти таҳдидовар неруҳои солими ҷомеа, сиёсатмадорон, кормандони давлатӣ, як қатор вакилони мардумӣ, олимону адибон ва сокинони одии ҷумҳуриро бетераф монда наметавонист. Онҳо тавассути васоити ахбор, пеш аз ҳама рӯзнома ва садою симо аз роҳбарият ва мақомоти салоҳиятдори ҷумҳурӣ ҳарчи зудтар хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва муноқишаи мусаллаҳонаро талаб менамуданд.
Он вақт, ки идораи президентӣ комилан фалаҷ шуда буд, ҳалли мушкилоти ба миён омада танҳо дар ваколат ва салоҳияти мақоми олии ҳокимияти давлатӣ - Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Танҳо Шӯрои Олӣ метавонист иродаи халқ, ба вижа неруҳои солими ҷомеаи кишварро амалӣ созад, вале мутаассифона дар он шароите, ки дар маркази ҷумҳурӣ ба миён омада буд, ҷамъ овардани вакилон ва таъмини амнияти иҷлосияю иштирокчиёни он ва фаъолияти бидуни фишору таъзиқ ғайриимкон буд. Аз ин рӯ, пешниҳоди баргузоршавии иҷлосияи навбатии Шӯрои Олӣ берун аз пойтахт, пеш аз ҳама дар шаҳри бостонии Хуҷанд ҷонибдорони зиёде пайдо намуд. Вакилони мардумии вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва сокинони ин минтақаҳо низ ин даъватро пурра дастгирӣ намуданд.
Ҳамин тавр 9 ноябри соли 1992 Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват намудани иҷлосияи шонздаҳуми даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олӣ 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд қарор қабул намуд. Рӯзи 10 ноябр «Изҳороти муштараки Раёсати Шурои Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон»[3] тавассути расонаҳои хабарӣ паҳн гардид.
Иҷлосияи шонздаҳуми даъвати дувоздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкиливу ташвишҳои зиёде бошад ҳам, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби колхози ба номи Урунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд ба кори худ шуруъ намуд. Рӯзи аввал дар Иҷлосия аз 230 нафар вакилони халқ 193 нафар иштирок доштанд, 3 нафар вакилон вафот карда буданд, 4 нафар бо сабабҳои гуногун дар оғози ҷаласа ҳузур надоштанд, ки баъдан ҳамроҳ шуданд ва 30 нафари дигар умуман ба кори иҷлосия ҳозир нашуданд.
Ҳайати Шурои Олии даъвати дувоздаҳум (даъвати охирин) дар натиҷаи интихоботи умумихалқӣ 29 марти соли 1990 бо 230 нафар вакилони мардумӣ ташкил ёфта, то 6 декабри соли 1994 ҳамчун мақомоти олии намояндагӣ фаъолият кардааст. Таҳлил нишон медиҳад, ки ҳайати вакилони Шурои Олии даъвати дувоздаҳум новобаста аз он ки аксарияти ғолиб (221 нафар ё 96%)-ро коммунистон ташкил медоданд, нисбат ба даъватҳои пешина гуногунтар буд ва бори нахуст ба парламент намояндагони ғайриҳизбӣ (9 нафар ё 4%) низ роҳ ёфтанд. Аммо дар байни вакилони коммунист низ ягонагӣ набуд ва ин ҷудоӣ ҳанӯз ҳангоми интихоботи президентӣ дар иҷлосияи чоруми Шурои Олӣ 30 ноябри соли 1990 ба вуқуъ омада буд[4].
Иҷлосия корро аз ташкили комиссияи муросо барои баррасии рӯзномаи Шӯрои Олӣ оғоз намуд. Аммо, дар ибтидо ҳангоми баррасии масъалаи раисикунанда ва ширкати даъватшудагон дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ баҳси доманадор ва талошҳои гуногун ба миён омад. Бинобар ин рӯзи дуюм, 17 ноябр бо мақсади аз байн бурдани ихтилоф доир ба ҷараёни иҷлосия ва ба маҷрои муайян ворид намудани он Маҷлиси машваратӣ бо ширкати вакилони халқ, аъзои ҳукумат, шахсиятҳои шинохтаву барӯманд, собиқадорон, олимону адибон, намояндагони азҳобу созмонҳо, ҷамъиятҳо, рӯзноманигорон ва инчунин намояндагони як қатор кишварҳои ИДМ доир гардид.
Дар Маҷлиси машваратӣ бештар аз ҳама доир ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, қабули конститутсияи нав, барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва интихоби роҳбарияти нави сиёсӣ, ҳалли масъалаи фирориён, ҳолати вазнини иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ садо дод ва аз Шурои Олӣ қотеъона талаб гардид, ки оид ба ин ва дигар масоили мубрам қарорҳои дахлдор ва созанда қабул намояд.
Ҳамин тавр, ҷаласаи машваратии рӯзи 17 ноябр дебочаи ҷиддие барои таъмини рафти муназзами ҷаласаи шонздаҳуми Шурои Олӣ ва мураттабсозии рӯзномаи он гардид. Новобаста аз ҷой доштани ақидаву андешаҳои гуногун ва мухолифи ҳам, кӯшишҳои ба манфиати шахсони алоҳида ва ё қувваҳои ҷудогона мувофиқ сохтани маҷрои иҷлосия, бори нахуст дар ин машварат манфиати кишвару миллат бар манфиатҳои қавмию маҳаллӣ, мазҳабию гурӯҳӣ ва шахсони алоҳида пирӯз омад.
18 ноябри ноябри соли 1992 баъди танаффуси якрӯза иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро идома дод. Намояндагони халқ дар нимаи дуюми рӯз пас аз мубоҳисаҳои тӯлонӣ рӯзномаи иҷлосияро бо баррасии 23 масъала тасдиқ намуданд. Аз ин пас, то 2 декабри соли 1992 Иҷлосия кори худро бетанаффус идома дода, дар ин муддат 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул намуд[5].
19 ноябри соли 1992 иҷлосия тибқи рӯзнома кори худро идома дода, масъалаҳои бозхонди раиси Шӯрои Олӣ ва интихоби раиси нави парлумонро баррасӣ намуд. Дар натиҷаи интихобот тариқи овоздиҳии пинҳонӣ намояндаи халқ, раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории 186 нафар намояндагони халқ раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони мардумӣ сухан намуда, аз боварӣ ва эътимоди онҳо изҳори сипос кард ва таъкид намуд, ки аввалан натиҷаи овоздиҳӣ нишонаи ҳамфикрӣ ва ваҳдати дохилии мақомоти олии намояндагии кишвар мебошад. Раиси Шурои Олӣ дар нахустин суханронӣ ба тарзи мухтасар барнома ва мақсаду мароми худро ҳамчун Сарвари тозаинтихоби давлат манзур намуда, иброз намуд, ки пеш аз ҳама барои муътадил гардидани вазъи ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ ва қатъи хунрезӣ тадбирҳо хоҳад ҷуст[6].
Ҳамин тавр, метавон рӯзҳои 16 -19 ноябри соли 1992-ро ҳамчун ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи замони соҳибистиқлолӣ сабт намуд. Дар ин чаҳор рӯз ҳодисаҳое ба вуқуъ омаданд, ки ҳар яке дорои аҳаммияти бузурги таърихӣ ва созанда буданд. Аввалан, ҷамъ омадани вакилони мардумӣ ва ба кори худ шуруъ намудани иҷлосияи Шурои Олӣ, дуюм пирӯзии манфиати кишвару миллат бар манфиатҳои қавмию маҳаллӣ, мазҳабию гурӯҳӣ дар маҷлиси машваратӣ ва сеюм барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва интихоби роҳбарияти нави олии ҷумҳурӣ қадамҳои ҷиддӣ ва сарнавиштсоз барои миллату кишвар гардиданд.
Даҳсол муқаддам дар суханронии худ ба ифтихори таҷлили бистсолагии баргузоршавии Иҷлосия шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «маҳз ҳамин иҷлосия сарнавишти миллати тоҷикро дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ муайян намуда, давлати моро аз хатари аз байн рафтан ва миллатамонро аз пароканда шудан наҷот бахшид»[7].
Воқеан, Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ рисолати таърихии худро то охир ба анҷом расонид ё бо таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «дар давраи басо душвори сиёсии ҷомеа бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, наҷот додани миллат аз вартаи бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит ва заминаи мусоид барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон баргузор гардида буд»[8].
Ҳамин тавр, Иҷлосияи шонздаҳум дар таърихи муосири халқи тоҷик ҳамчун падидаи наҷотбахш ва сарнавиштсоз дорои нақши бузурги таърихӣ мебошад, ки он пеш аз ҳама дар иҷрои корҳои зерин зоҳир мегардад:
- наҷоти миллат ва истиқлоли давлатӣ;
- ибтидои баҳамоии миллат ва ҷомеаи кишвар;
- барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва азнавсозии сохтори давлатӣ;
- такмил ва таҳкими низоми конститутсионии ҳокимияти давлатӣ;
- ибтидои эътидоли вазъи сиёсӣ, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, ризоят ва оштии миллӣ;
- ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, танзими муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ;
- таҳкими оину русуми давлатдорӣ, пеш аз ҳама ташкил ва қабули рамзу нишонҳои давлатдории навини миллӣ;
- муроҷиат ба ҷомеа ҷаҳонӣ ва сарони давлатҳо барои инкишофи равобити неки ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ;
- интихоби роҳбарияти нави олии ҷумҳурӣ.
Муҳимтарин ва арзишмандтарин рисолати таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ин барқарорсозӣ ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар ҷумҳурии тозаистиқлол ва наҷоти миллат ва кишвар аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 19 декабри соли 1992 дар мусоҳибаи худ бо хабарнигори «Садои мардум» доир ба нақш ва мақоми ин иҷлосия дар таърихи навини тоҷикон ишора намуда, онро бешак иҷлосияи таърихӣ, ҳалкунандаи тақдири миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон номиданд[9].
Бешак, Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мо метавонем ҳамчун «муҳимтарин зуҳуроти тақдирсози таърихи муосири халқи тоҷик арзёбӣ намоем»[10] . Зеро маҳз санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Иҷлосия шонздаҳуми Шурои Олӣ қабул шуда ва сиёсати роҳбарияти нави сиёсии интихоб намудаи он заминаи асосии баромадани ҷумҳурӣ аз буҳрони ҷиддии сиёсию иқтисодӣ ва рӯ овардан ба эҳё ва эъмори давлати нави соҳибистиқлол гардид.
Насрулло УБАЙДУЛЛО, доктори илмҳои таърих, профессор, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ