Skip to main content
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оғози марҳилаи нави таърихӣ дар равобити байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Ин рӯйдоди тақдирсоз барои ташаккул ва тавсеаи сиёсати давлатӣ дар хориҷи кишвар заминаи устуворро поя гузошта, он дар асоси манфиатҳои миллӣ ва принсипҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва эҳтироми мутақобила роҳандозӣ карда шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари тозаистиқлол тавонист муносибатҳои мустақим ва расмиро бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо давлатҳои араб ба роҳ монад. Ҳамкориҳо бо ҷаҳони араб дар солҳои истиқлол бо суръат рушд менамояд, ки он соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмиро дарбар мегирад. Бо гузашти вақт ин муносибатҳо ба сатҳи шарикӣ ва ҳамкориҳои стратегии нав боло рафтанд, ки ин худ бозгӯи нақши муҳими Истиқлолият дар бозкушоии дарҳои равобити байналмилалии Тоҷикистон бо ҷаҳони араб мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистон шароити ҳуқуқиву сиёсиро барои амалисозии сиёсати хориҷӣ фароҳам орад. Зеро дар даврони аввали истиқлолият Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо бештари кишварҳои араб, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Кувайт, Қатар, Миср, Сурия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар давлатҳо барқарор намуд. Ҳамзамон бо кушода шудани сафоратҳои дуҷониба ва барқарории равобити дипломатӣ ва табодули ҳамкориҳои расмӣ миёни роҳбарияти кишварҳо афзоиш ёфт. Чунин раванди ҳамкорӣ Тоҷикистонро дар ҷаҳони араб ҳамчун кишвари дӯсту бародар қабул намуда, дар пуштибонии сиёсӣ ва рушди лоиҳаҳои муштараки минтақаҳо мусоидат намуд[18].

Лозим ба ёдоварист, ки кишварҳои араб, аксаран узви Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Лигаи давлатҳои араб мебошанд, дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳиму афзалиятнок доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мусоҳиба бо шабакаи маъруфи телевизионии «ал-Ҷазира ал-Мубошир» масъалаи рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои арабро ба таври муфассал шарҳ дода, чунин изҳор доштанд: «мо кишварҳои арабиро дар арсаи байналмилалӣ шарикони муҳими худ мешуморем, ба рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо онҳо таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем. Давлатҳои араб бояд нисбат ба кишварҳои минтақаи мо ғамхории зарурӣ ва таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Марҳилаи гузашта дар муносибатҳои мо як давраи санҷишӣ буд, аммо чунин менамояд, ки ин давраи санҷишӣ тӯл кашид - беш аз бисту ҳашт сол сипарӣ гардид. Имрӯз ҳамкориҳои мо бо кишварҳои араб дар ҳоли рушд қарор доранд, вале ҳанӯз ба сатҳи қаноатбахш нарасидаанд. Мо барои тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва башардӯстона бо кишварҳои араб кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳем, зеро мардуми тоҷик ва ҷаҳони араб муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ доранд. Зимни сафари пайвастаи худ ба кишварҳои арабӣ - хоҳ расмӣ ва хоҳ корӣ - ҳамеша аз ин давлатҳо даъват менамоем, ки ҳузури фаъолтар дар заминаи иқтисод ва сармоягузорӣ дошта бошанд»[10].

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои муштарак ва арзишҳои фарҳангиву таърихӣ, кишварҳои арабро на танҳо ҳамчун шарикони стратегӣ, балки ҳамчун дӯстон ва ҳамкорони умедбахш бо дурнамои мусбат медонанд[1,47]. Бинобар ин метавон гуфт, ки густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ бо ҷаҳони араб яке аз самтҳои муҳим ва ояндадори сиёсати хориҷии давлат ба ҳисоб меравад. Бо мақсади густариши равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо як қатор кишварҳои калидии арабӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, бо давлатҳои Арабистони Саудӣ, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Ҷумҳурии Мисри Араб ва Сурия робитаҳои расмии дуҷониба барқарор гардидаанд, ки заминаи мусоиди ҳамкориҳои гуногунҷанба ба ҳисоб мераванд[1,49].

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои кушод”-ро ҳамчун усули асосии муносибати байналмилалии худ эълон намудааст. Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: “Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, зимни татбиқи он, Тоҷикистон омодааст бо ҳамаи кишварҳои дуру наздик робитаҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайнро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд густариш диҳад”[8].

Бояд тазаккур дод, ки бо истифода аз гузашти зиёда аз се даҳсолаи муфиди истиқлол, муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои араб дар шаклҳои гуногун рушд намудаанд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ вусъат ёфта, асоси шарикӣ дар сатҳи стратегиро фароҳам месозанд. Ба хотири боз ҳам тавсеаи минбаъдаи ин равобит ва дурнамои рушди ҳамкорӣ самтҳои дигар низ тақвият дода шаванд. Аз ҷумла, таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои илм ва фарҳанг тавассути табодули ҳайатҳои илмӣ ва фарҳангӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва иқтисодӣ, таъсиси форумҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои таҳсили донишҷӯён дар бахшҳои мухталиф дар кишварҳои арабӣ аз самтҳои муҳими равобити дуҷониба маҳсуб мешаванд. Ин иқдомҳо на танҳо ба густариши ҳамкории амалии Тоҷикистону кишварҳои арабӣ мусоидат менамоянд, балки дар муаррифии фарҳанг ва тамаддуни қадимаи мардуми тоҷик, инчунин нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди эҳёи давлатдории миллӣ дар фазои пасошӯравии Осиёи Марказӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Ин раванди оянданигарии дуруст ба Тоҷикистон замина фароҳам овардааст, ки бо ҳамаи минтақаҳои стратегӣ, аз ҷумла ҷаҳони араб, робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро таҳким бахшад. Аммо дар таваҷҷуҳ ба ҳадафҳои ҳамкорӣ, ки дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсуси равобит бо кишварҳои ҷаҳон дода шудааст, омадааст, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон авлавиятҳои сиёсати хориҷии худро бо дар назардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои волои миллӣ муайян ва амалӣ менамояд”[8].

Бахусус дар ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Шарқи Наздик ва Халиҷи Форс Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истиқбол аз алоқамандии кишварҳои арабии Халиҷи Форс, аз қабили Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, ба сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, ки аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ доранд, ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақаи мазкур саъй менамояд”[8]. Аммо дар самти кишварҳои араби Африқои Шимолӣ бошад, “Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи Африқоро ба ҳайси самти ояндадори ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун арзёбӣ мекунад. Ба ин муносибат, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик бо барқарор намудани муносибатҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии шимоли Африқо, мисли Шоҳигарии Марокаш, Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир, Ҷумҳурии Тунис, Давлати Либия ва кишварҳои марказиву ҷанубии ин қитъа, аз ҷумла Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Мозамбик ва ғайра саъй хоҳад намуд”[8]. Бо амалӣ гардидани равобити ҳасана бо ҷаҳони араб, ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун марҳила ба марҳила рушд намуда, дар оянда дигар кишварҳои арабро фаро хоҳад гирифт. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бисёре аз ин кишварҳо қадамҳои аввалини ҳамкории мутақобилан судмандро гузоштааст. Ин раванд на танҳо ба тақвияти робитаҳои дуҷониба бо ҳар яке аз кишварҳои араб мусоидат мекунад, балки ба таҳкими нақши Тоҷикистон дар минтақа ва дар миқёси ҷаҳонӣ низ замина мегузорад.

Мусаллам аст, ки Давлати Кувайт нахустин кишвари араб ба ҳисоб меравад, ки соли 1995 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он сафари расмии давлатӣ анҷом доданд. Ин сафар оғози равобити дипломатӣ ва ҳамкориҳои расмии Тоҷикистон бо ҷаҳони араб ба шумор меравад[5]. Зеро аз соли 2007 равобити Тоҷикистон бо кишварҳои араб вориди марҳилаи сифатан нав шуд. Дар ин давра табодули сафари роҳбарони кишварҳо афзуда, асоси ҳамкориҳои гуногунҷанба гузошта шуд. Маҳз дар солҳои 2007–2008, дар ҷараёни сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як қатор созишномаҳо дар бахшҳои иқтисод, маориф, фарҳанг, энергетика ва сармоягузорӣ ба имзо расиданд, ки заминаи ҳуқуқии равобити дуҷонибаро таҳким бахшиданд[16].

Дар асоси барқарории ҳамкориҳо бо ҷаҳони араб соли 2016, соли ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, бо сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ ва имзои панҷ санади нави ҳамкорӣ дар бахшҳои илм, маориф, варзиш, алоқаи ҳавоӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, як марҳилаи нави таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои араб оғоз ёфта буд. Ин иқдомҳо нишонаи рушди мутақобилан судманд ва тақвияти робитаҳои байналмилалии Тоҷикистон бо ҷаҳони араб мебошад[15].

Вобаста ба доираи муносибатҳои Тоҷикистон бо Давлати Қатар бошад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Давлати Қатарро ҳамчун яке аз кишварҳои пешрафтаи минтақаи Ховари Миёна ва ҷаҳон эътироф мекунанд. Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Қатар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, онро яке аз шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ мешиносад. Ин муносибатҳои дӯстона заминаи мусоидро барои таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни ду кишвар фароҳам овард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки муносиботи гуногунҷанба бо Давлати Қатар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати хориҷии мо қарор дорад ва барои рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, алоқаи ҳавоӣ, бонкдорӣ, саёҳат ва амният санадҳои нав омода шудааст[14].

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо бо Давлати Қатар, балки бо ҳамаи кишварҳои арабӣ муносибатҳои хубу судманд дорад. Кишварҳои арабӣ ба Пешвои давлати мо ҳамчун шахсияти муҳим ва пешсаф бо ташаббусҳои байналмилалӣ эҳтироми хоса доранд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои араб ҳамчун як кишвари зебо, дорои табиати нотакрор ва фарҳанги ғанӣ шинохта шудааст. Хусусан, онҳо кишвари моро сарчашмаи оби тоза ва дорои пиряху захираҳои муҳими об мешуморанд. Аз ин лиҳоз, доираи густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои араб меафзояд. Дар ин замина, сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои араб, аз ҷумла Давлати Кувайт, нишонаи устувории дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд мебошанд. Дар доираи боздид аз Кувайт як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар бахшҳои амният, илм, алоқаи ҳавоӣ, кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёт ба имзо расид, ки таҳкими муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои арабро низ тақвият медиҳанд.

Ин иқдомҳо ҳамчун қадами устувору боварибахш аз ҷониби роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон дар самти таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ бо мамолики араб арзёбӣ мегарданд.

Ҳамчунин, зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб, якчанд санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар бахшҳои амният, мубориза бо терроризм, интиқоли маҳкумшудагон, машваратҳои сиёсӣ, сайёҳӣ, таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ ба имзо расиданд. Ҳамзамон Сарвари давлат бо роҳбарони олимақом ва намояндагони ширкату созмонҳои хайриявӣ мулоқотҳои судманд доир намуд, ки ин раванд нишонаи густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар мебошад[15].

Ҳамин тариқ, ҷаҳони араб бо назардошти мавқеи стратегӣ, захираҳои иқтисодӣ ва ҳуввияти фарҳангӣ ва динӣ, ҳамчун шарики муҳими минтақавӣ барои Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Таъмини манфиатҳои дуҷониба дар доираи ҳамкориҳо бо кишварҳои араб на танҳо барои густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ муҳим аст, балки ба таҳкими сулҳу субот дар минтақаҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ низ мусоидат мекунад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки ин раванди рушди ҳамкорӣ, метавонад таъсири мусбат дар баланд бардоштани сатҳи амниятӣ ва ҳамкории минтақавӣ дошта бошад, зеро Тоҷикистон ва кишварҳои араб дар баробари дигар масъалаҳо, ҳамкориҳои амниятӣ ва мубориза бо таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили мубориза бо терроризмро низ тақвият медиҳанд. Ғайр аз ин, ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва иҷтимоӣ байни кишварҳо заминаи муносибатҳои устуворро фароҳам меоранд, ки дар оянда барои рушди мутақобилан судманд мусоидат менамояд.

Натиҷаи чунин сафарҳои олимақоми тарафҳо буд, ки кишварҳои араб ба ҳайси яке аз сармоягузорони муҳими иқтисоди Тоҷикистон, бахусус дар соҳаҳои энергетика, сохтмон, инфрасохтор ва маориф ишора мешаванд. Сандуқҳои сармоягузории Кувайт, Қатар ва Арабистони Саудӣ дар чанд лоиҳаи инфрасохторӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон саҳм гирифтанд. Бо шарофати истиқлолият ва сиёсати “дарҳои кушода”, Тоҷикистон тавонист лоиҳаҳои зиёдеро бо сармоягузории кишварҳои араб амалӣ намояд. Аз ҷумла фонди саудии рушд дар мушорикат бо якчанд бонкҳои шомили ҳавзаи бонкии Созмони ҳамкории исломӣ, аз ҷумла Бонки исломии рушд, Фонди Абузабӣ, Фонди кувайтии рушди иқтисоди араб ва Фонди СДСН, маблағгузорӣ менамояд[3,213].

Ҳамин тариқ, истиқлолияти Тоҷикистон заминаи хуби равобити дӯстӣ буда, боиси эҷоди фазои нави ҳамкорӣ гардид, ки дар он кишварҳои араб ҳамчун шарикони калидӣ дар рушду таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ шинохта мешаванд. Ин муносибатҳо дар тӯли се даҳсолаи ахир таҳким ёфта, имрӯз ба ҳайси як рукни муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мешаванд. Ин раванд на танҳо манфиатҳои дуҷонибаро таъмин мекунад, балки боиси устувории минтақавӣ ва таҳкими сулҳу амният дар минтақа низ мегардад.

Муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои гуногун, ёди мероси илмию фарҳангии Ибни Сино, Абурайҳони Берӯнӣ, Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва садҳо донишманди тоҷикро дар ҷаҳон мефзояд. Бахусус кишварҳои дӯстро гирди давлату сарвари кишвар ҷамъ оварда ояндаи неки тоҷиконро зинда нигоҳ хоҳад дошт. Дар ҳамин раванд, тарҷумаи асари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони арабӣ[12] ба тавсеаи равобити фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи муштарак бо мамолики араб мусоидат намуда, дар муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳони араб саҳми назаррас гузоштааст. Аз ҷумла дар маросими тақдими китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки “Дар кишвари дӯсти Миср бо забони арабӣ чоп шудани ин китоб падидаи муҳими робитаҳои муосири илмиву фарҳангии ду кишвар буда, шоистаи таҳсин аст.. Ҷомеаи кишварҳои олами араб акнун имкони густурда пайдо карданд, ки тавассути мутолиаи тарҷумаи арабии китоб аз таърихи куҳан ва саҳифаҳои пурарзиши гузаштаи миллатамон маълумот ва таассуроти нек пайдо намоянд”[17]. Дар воқеъ, тарҷумаи китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони арабӣ тавонист дидгоҳи ҷомеаи арабро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари воломақоми он тағйир диҳад ва дар таҳкими робитаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва фарҳангшинохтӣ миёни ду ҷониб нақши муассир ва созанда ифо намояд.

Барои ёдоварӣ, арабҳо бисёри китобҳои донишмандони тоҷикро ба забони арабӣ тарҷума намуда, доимо фарҳангу тамаддуни тоҷиконро ба ҷаҳони араб муаррифӣ менамоянд. Аз ҷумла, нашри нахустини тарҷумаи арабии асари «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бейрут соли 1957 на танҳо як рӯйдоди адабӣ, балки як нуқтаи оғози равобити фарҳангии Тоҷикистону ҷаҳони араб ба ҳисоб меравад.

Чунонки, профессор Тоҷиддин Мардонӣ дар асараш “Муҳаққиқони араб дар бораи устод Айнӣ” қайд карда гузаштааст, ки мардуми араб дар оғоз бо осори устод Садриддин Айнӣ танҳо тавассути тарҷумаҳои англисӣ, франсавӣ ва олмонӣ шинос мешуданд. Вале пас аз он ки баъзе аз асарҳои муҳими ӯ, аз ҷумла «Ёддоштҳо»-и безавол, ба забони арабӣ тарҷума ва нашр гардиданд, хонандагони араб имкон ёфтанд, ки эҷодиёти Айниро мустақиман ва дар шакли забонии ба худ наздик мутолиа кунанд. Ин воқеа дар шиносоии амиқтари ҷомеаи араб бо ҳаёт, таърих ва маданияти тоҷикон саҳми назаррас гузошта, ба эҳтирому муҳаббати хосса нисбат ба шахсияти Айнӣ ва осори ӯ дар миёни доираҳои илмӣ ва адабии арабзамин асос гузошт. Дар замоне ки мардуми араб доир ба ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Шӯравӣ, бахусус тоҷикон, маълумоти кам доштанд, ин тарҷума тавонист саҳнаи фарҳангии арабиро бо ҳаёти адибона ва воқеияти таърихии халқи тоҷик ошно намояд[9]. Таваҷҷуҳи доираҳои адабӣ ва илмии араб ба эҷодиёти Айнӣ, ки бо мақолаи таъсиргузори маҷаллаи маъруфи лубнонии «ал-Адиб» зери унвони «Номи Айнӣ ҷовидон хоҳад монд» оғоз гардид, ба ин раванд таҳрик бахшид. Баъдан, таҳқиқоти муҳаққиқони шинохтаи араб, аз қабили Ҳусайн Алӣ Маҳфуз[11] ва Ҷалил Камолуддин[4,53-57], на танҳо ба баррасии адабиёти тоҷик пардохтанд, балки шахсияти Айнӣ ва нақши ӯро дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва иҷтимоии арабҳо мавриди таҳлил қарор доданд.

Аз ин ҷост, ки эҷодиёти Садриддин Айнӣ дар байни халқҳои Шарқ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи баланд пайдо кард. Инро иштирокчиёни Конференсияи дуюми нависандагони Осиё ва Африқо дар Қоҳира (1962) тасдиқ намуда, номи Садриддин Айниро дар қатори адибони бузурги ҷаҳонӣ чун Робиндронат Такур, Лу Син ва Тоҳа Ҳусейн зикр карданд. Онҳо аз саҳми Айнӣ дар бедорсозии тафаккури миллӣ ва фарҳангии халқҳои Шарқ қадрдонӣ намуданд[2,57].

Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Садриддин Айнӣ дар заминаи робитаҳои фарҳангии байни тоҷикон ва арабҳо ҷойгоҳи вижа ва таърихӣ дошта, на танҳо ҳамчун нависандаи миллӣ, балки ҳамчун намояндаи барҷастаи як тамаддуни куҳан дар ҳузури ҷаҳони араб муаррифӣ шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки С. Айнӣ забони арабиро хуб медонист, аз вазъи кишварҳои араб огоҳ буд ва вожаҳои арабиро дар шеърҳояш бомаврид истифода мекард. Осори ӯ то ҳол пули робита миёни Шарқ ва Осиёи Марказӣ боқӣ монда, илҳомбахши наслҳои оянда хоҳад буд.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як давлати фаъол, сулҳпарвар ва меҳварӣ дар Осиёи Марказӣ, аз рӯзҳои аввали истиқлолият, ҳамеша ба эҳёи риштаҳои таърихӣ, мазҳабӣ ва маънавӣ бо ҷаҳони араб таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст. Дар ин асос ҳадафи стратегӣ, васеъ гардонидани муносибатҳои гуногунсоҳа ва ба ҳамдигар судманд бо кишварҳои араб, вазифаи муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Тайи солҳои истиқлолият ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мамолики арабӣ рӯ ба тавсеа ниҳода, дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона раванди мусбате касб кардааст[13]. Дар ин замина, изҳороти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳибаи худ бо шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира ал-Мубошир», ки кишварҳои арабро “шарикони муҳими байналмилалӣ” унвон карданд, нишонгари сиёсати боварсоз ва дурнигаронаи Тоҷикистон дар баробари ҷаҳони араб мебошад. Ҳоло итминон бар он аст, ки Тоҷикистони азиз бо сарварии Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои наздик, дар ҳамкориҳои густурда бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ низ ба пешрафтҳои бештаре даст меёбад ва дар сафи кишварҳои мутараққии ҷаҳон мақоми шоистаи хешро касб хоҳад кард.

ОДИНАЕВ Абдуҳалим, - ходими пешбари илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва

Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Адабиёти истифодашуда:

1. Зокиров Н. Мавқеи кишварҳои арабӣ дар сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон//(Маводи конфронси илмию назариявии донишгоҳӣ//18.11.2016)//Душанбе, 2017. –С 108.

2. Каирская конференция писателей стран Азии и Африки, М, 1963, стр. 57.

3. Сайидзода Зафар Шералӣ (Саидов Зафар Шералиевич). Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷањонї//Монография. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2016. -С 216. Саҳ 213.

4. Ҷалил Камолуддин. Садриддин Айнӣ. Диросотун фи-л-адаб ас-суфйати // ал-Одоб. Маҷаллатун шаҳриятун таънӣ би шуун ал-фикр. ас-Сана ат-тосиату ашара. Ал-адад ар-робиъ, найсон (апрел), 1971.- с 53-57.

5. Official visit of the President of the Republic of Tajikistan to the State of Kuwait//Ministry of foreign affairs of the Republic of Tajikistan. 16.05.2016. Манбаи электронӣ//https://www.vkh.tj/index.php/en/main/view/1440/official-visit-of-the-president-of-the-republic-of-tajikistan-to-the-state-of-kuwait?utm_source=chatgpt.com

6. Адабиёт ва санъат//11январи 2018, №2 (1921).

7. Забони арабӣ: пайдоиш, таърих ва шумораи гӯяндагон//Манбаъ: Ал-Ҷазира// Манбаи электронӣ// Https://Www.Aljazeera.Net/Encyclopedia// [Санаи дархост 12/18/2024]. اللغة العربية.. أصلها وتاريخها وعدد الناطقين بها. المصدر: الجزيرة. 18.12.2024.

8. Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон//Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон//Манбаи электронӣ//https://mfa.tj/tg/main/view/988/konsepsiyai-sijosati-khorijii-jumhurii-tojikiston [Санаи дархост 27.01.2015]

9. Мардонӣ, Тоҷиддин. Муҳаққиқони араб дар бораи устод Айнӣ//Сомонаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ//Манбаи электронӣ// https://osiyoavrupo.tj/ru/article/mu-a-i-oni-arab-dar-borai-ustod-ayn [Санаи дархост 20.10.2023]

10. Матни мусоҳиба бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Алҷазира Мубашер//Сомонаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар. 04.10.2019//Манбаи электронӣ//https://tajembqatar.tj/ar/2019/10/04/1004/ نص حوار فخامة الرئيس إمام علي رحمان رئيس جمهورية طاجيكستان مع قناة الجزيرة مباشر. سفارة جمهورية طاجيكستان في دولة قطر.

11. Маҳфуз. Ҳ.А. Асар ал-луғат ал-арабия фи ал-луғат ат-тоҷикия//Бағдод, 1964-1965.

12. Маҷмуаи шоир ва тарҷумони тоҷик дар Миср ба чоп расид//Сомонаи “Адабиёт ва санъат”// Манбаи электронӣ//https://adab.tj/majmuai-shoir-va-tarjumoni-tojik-dar-misr-ba-chop-rasid/ [Санаи дархост 10.04.2025]

13. Муносибатҳои дуҷониба. Сомонаи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар//Манбаи электронӣ//https://tajembqatar.tj/ar/about-embassy/ [Санаи дархост 24.07.2025]

14. Неъматулло Қутбидинов.Вазъият ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар//Мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии МТС – и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон//Манбаи электронӣ//mts.tj/vaziyat-va-durnamoi-ҳamkoriҳoi-toҷikistonu-қatar/ [Санаи дархост 25.01.2024]

15. Солномаи Пешвои миллат-2016//Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон// Манбаи электронӣ//https://president.tj/event/'news/12834 [Санаи дархост 10.01.2017]

16. Субҳониддин Қаландарзода. Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг//Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ//Манбаи электронӣ//https://www.osiyoavrupo.tj/tg/post/munosibat-oi-um-urii-to-ikiston-va-amoroti-mutta-idai-arab-dar-so-a-oi-ilmu-maorif-va-far-ang [Санаи дархост 2021-08-24]

17. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тақдими китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих», Шарм-уш-Шайх, 16 июли соли 2009//Рӯзномаи “Ҷумҳурият”. № 90 (21 597)//Манбаи электронӣ//https://peshina.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=2639 [Санаи дархост 18.07. 2009]

18. Умед Пудинаев. Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар//Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ//Манбаи электронӣ//https://osiyoavrupo.tj/tg/post/durnamoi-amkori-oi-to-ikiston-va-atar [Санаи дархост 2021-06-19]