Skip to main content

Дар шароити имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ ба ҳисоб меравад. Ин зуҳуроти ташвишовар ҳанӯз аз замони пайдо шудани гурӯҳҳои хусусияти ифротидошта ва созмонҳои террористие, ки аз ҷониби давлатҳои манфиатхоҳ маблағгузорӣ гардида ба хотири бозиҳои сиёсияшон истифода менамоянд зуҳур кардааст.

Ин ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароӣ, ки сарчашмаашон ДОИШ мебошад ба ислом ҳеҷ қаробате надоранд. Онҳо танҳо аз дини ислом истифода намуда амалҳои террористии худро дар ҷомеаи мо амалӣ месозанд. Дур намеравем имруз барои ҳамаи мо аëн аст, ки ташкилотҳои ифротгароӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тундравӣ террористӣ ба мисоли "Ал-Қоида", "Ансоруллоҳ" ва дигарон хело барвақт кори худро шуруъ намуда кишварҳои мусалмониро қурбони амалҳои терористии худ сохтаанд.

Ифротгароӣ худ падидаи номатлубест, ки ба хотири гумроҳ сохтан ва аз ақл бегона намудани инсонҳо зуҳур карда онҳоро побанди ақидаҳои диниву мазҳабӣ ва террористӣ месозанд. Ин амалҳои номатлуби ҳизбу ҳаракатҳои тундрави созмонҳои террористӣ ба ҳаëти имрузаи сокинони ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари сангин буда барои гумроҳ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ таъсири амиқи худро расонида истодаанд.

Таҳлилҳои ҳарузаи кишварҳои қурбони ҳамлаҳои террористӣ гардида нишон медиҳанд террорист худ дастгоҳест, ки кишварҳои манфиатхоҳ онро ба хотири ноамниву вазъияти кишварҳои сулҳу суботи комил доштаро ба ҳам задан истифода менамоянд. Бояд қайд намуд, ки кишварҳои Сурия, Яман, Ироқ ва ҳоло Афғонистон аз ҳамлаҳои террористии гурӯҳи тундрави ДОИШ ба хоку хун оғушта гардидаанд. Ба ҳамин хотир мафҳуми террор имруз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун вабои аср дониста шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадашон вобаста ба ин мушкилоти ташвишовар то минбарҳои баландӣ СММ баромад намуда ин мушкилоти бисёр хавфнокро мавриди барасӣ қарор додааст.

Пешвои миллат пайваста таъкид менамояд, ки террорист ватан, миллат, дин, нажод надорад. Ва мо бояд хусусан ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ худорӣ намуда ба ватану миллати хеш содиқона хизмат намоем.

Имрӯз ҳастанд он ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористие, ки дар фазои сулҳу осоиштагии кишвари мо Тоҷикистон амалҳои террористии худро анҷом додан мехоҳанд. Ва барои носутовор сохтани вазъияти кишвари мо ҳама гуна нақшаву ниятҳои ифлоси худро ба кор мебаранд. Чуноне, ки ТТЭ ҲНИ шуруъ аз солҳои 90 дастгоҳи ҷанги бародаркушро дар Тоҷикистон ба кор андохтанд ҳамин, ки ба мақсади худ нарасиданд аммо кишварро ба вартаи ҷанг оварда расониданд.

Ин пасмондаҳои ҳизби террористии экстремистӣ наҳзати исломӣ сабабгори ранҷу озори мардум қатлу куштор ва хунрезӣ гардида буданд. Ба ин хотир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилоти шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ нигарон буда ин мафҳумҳои номатлубро ба мисоли ифротгароӣ, терроризм, экистремизм маҳкум менамоянд. Имруз мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода байни ҷавонон ва омма корҳои ҳамдигарфаҳмиро ба роҳ монем то фирефтаи ақидаҳои диниву террористӣ ва ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил нашаванд.