Skip to main content

ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” БАРГУЗОР МЕГАРДАД

12 сентябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Мансурӣ Дилрабо ҷаласаи ситоди даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, ҳайати комиссияи озмун, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дигар сохторҳои дахлдор ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” бо дастгирӣ ва сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як платформаи муассир барои дарёфти истеъдодҳои нав дар самти илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ табдил ёфта, баргузории он дар сатҳи баланд на танҳо як талабот, балки ҷавоб ба ниёзи замон ва рушди навоварию ихтироъкорӣ мебошад.

Раиси комиссияи озмун афзуд, ки дар соли равон, бо дарназардошти тамоюли афзояндаи ҷаҳонӣ ба самти рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, ба номинатсияҳои озмун самти нав - “зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ” илова карда шуда, ин иқдом заминаи муҳим барои рушди малакаҳои рақобатпазири ҷавонон ва ба вуҷуд овардани муҳити ҳавасмандкунанда дар байни наврасон, донишҷӯён, муҳаққиқон ва муҳандисон мебошад.

Сипас, вазири маориф ва илм дар суханронии худ доир ба натиҷаҳои даврҳои якум ва дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” дар соли 2025 маълумот пешниҳод намуда, афзоиши теъдоди довталабон, фаъол гардидани хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҷалби бештари донишҷӯёнро дар самти илмҳои дақиқу табиӣ ва номинатсияи нави “зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ” аз нишонаҳои мусбати рушди муҳити илмӣ дар кишвар арзёбӣ кард. Вазир таъкид намуд, ки бо роҳандозии тарғиботи густарда, ҳамоҳангии ниҳодҳои дахлдор ва дастгирии доимии Роҳбарияти Олии кишвар, озмун ба марҳилаи сифатан нав баромада, заминаи воқеӣ барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва муаррифии онҳо дар сатҳи миллӣ фароҳам овардааст.

Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки бо назардошти васеъ шудани доираи иштирок ва ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа, шумораи ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ба 156 нафар расонида шуда, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми умумии маблағҳои мукофотӣ низ дучанд афзоиш ёфтааст. Маблағи умумии ҷудошуда аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 миллиону 220 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи эътибори хоссаи давлат ба рушди илму маърифат ва пуштибонӣ аз истеъдодҳои нав мебошад.

Гуфта шуд, ки марҳилаи сеюми озмун яке муҳимтарин зинаи озмуни мазкур буда, дар он танҳо иштирокчиёне роҳ меёбанд, ки дар даврҳои аввал ва дуюм дониш, маҳорат ва қобилияти зеҳнии худро ба таври шоиста нишон додаанд ва имкон доранд дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳунару истеъдоди илмии худро манзур намоянд. Аз ин рӯ, баргузории он бояд дар фазои комилан шаффоф, бо риояи талаботи қатъии Низомномаи озмун, бо иштироки ҳайати ҳакамони тахассусманд ва ба таври пурра наворбардорӣ гардад, то баҳои додаи ҳакамон асоснок ва қобили қабул барои иштирокчиён бошад.

Дар идома миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷиҳати таҳкими заминаҳои ташкилии озмун пешниҳодҳои судманд ироа гардид. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки бо мақсади ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин озмуни муҳимми илмӣ, даври сеюми он тавассути шабакаҳои телевизионӣ, расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори умум ба таври густурда таблиғ ва бозтоб ёбад.

Дар анҷом, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллӣ ва дигар ниҳодҳои марбута барои дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор намудани озмун супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон