Ташкили расадхонаи астрономии Тоҷикистон 13 ноябри соли 1932 ибтидои илми муосири астрономии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад. Соли 1948 он бо номи Расадхонаи астрономии Сталинобод (РАС)-ро соҳиб шуд. Дар РАС 4 октябри соли 1957 мушоҳидаи якумин радифи маснуъи Замин бомуваффақият анҷом ёфт. Аз ин рўйдоди таърихӣ тадқиқи босуботи Кайҳон ва ташаккули астрономия ҳамчун илми бисёрҷониба оғоз ёфт. Мавқеъи ҷуғрофӣ ва иқлими астрономии Тоҷикистон ба шароитҳои баланди мушоҳидавӣ мувофиқ аст. Бо Қарори Шўрои Вазирони РСС Тоҷикистон №7 аз 17.01. соли 1958 Расадхонаи астрономии Сталинобод ба Институти астрофизикаи Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон, имрўз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Азбаски дар тадқиқотҳои астрономӣ мушоҳидаҳо зарур ҳастанд дар давраи кўтоҳ дар Тоҷикистон ду расадхонаҳои муосири дорои иқлими беҳамтои астрономӣ сохта шуданд. Ин Расадхонаи астрономии Ҳисор дар ноҳияи Ҳисор ва Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мебошанд. Соли 1995 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №723 аз 6 декабри соли 1995 Расадхонаи астрономии Помир ба баҳши Расадхонаи Санглох ворид гашт. Расадхонаи астрономии Помир бо ташаббуси Саррасадхонаи астрономии Пулковои ва Институти тадқиқоти кайҳонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар аввалҳои солҳои ҳафтодуми асри гузашта сохта шуда «Экспедитсияи астрономии Помири Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ» ном дошт. Расадхона дар мавзеи Шорбулоқи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Шорбулок дар баландии 4350 м ҷойгир аст ва дар ҷаҳон яке аз расадхонаҳои астрономии баландкўҳи дорои иқлими астрономии нодир ҳисобида мешавад. Хусусиятҳои асосии расадхонаҳои Институти астрофизикаи АИ ҶТ дар Ҷадвал оварда шудаанд, ки дар онҷо λ – тўли географӣ, φ – арзи географӣ, H – баландӣ аз сатҳи баҳр, N – миқдори соатҳои астрономӣ дар як сол, A – индекси астрономӣ (сифати акс дар сонияҳои кунҷӣ), P – шаффофии оптикии атмосфера.
Ҷадвал. Хусусиятҳои асосии расадхонаҳои Институти астрофизикаи АМИТ
Расадхона |
λ, град. |
φ, град. |
H, м |
N, ст. |
A" |
P |
Ҳисор |
68.6 |
38.5 |
730 |
1620 |
2.10 |
0.72 |
Санглох |
69.0 |
38.2 |
2300 |
1700 |
0.54 |
0.78 |
Помир |
74 |
38 |
4350 |
1820 |
0.54 |
0.86 |
Ғайр аз расадхонаҳо ба сохтори Институти астрофизикаи АМИТ зерсохторҳои илмии зерин дохил мешаванд: Шўъбаи ҷирмҳои байнисайёравӣ, Шўъбаи физикаи кометаҳо ва астероидҳо, Гурўҳи ионосфера. Дар институт миқдори умумии кормандон 64 нафар, аз онҳо 35 нафар ходимони илмӣ мебошанд.
Ҳадаф ва вазифаҳои асосии Институти астрофизика ин тадқиқ ва истифодаи осоиштаи кайҳон мебошад. Самтҳои асосии илмии Институт: Ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ ва Ионосфераи Замин. Тавассути ин самтҳо тадқиқотҳо дар се масъалаҳо коркард карда мешаванд: 1. Ҷирмҳои байнисайёравии Системаи Офтобӣ ва моддаи метеорҳо. 2. Физикаи кометаҳо ва хурўҷи ядрои кометаҳо. 3. Эффектҳои ионосферӣ аз заминҷунбиҳои шадид. Солҳои охир тадқиқотҳои пораҳои хурди партовҳои кайҳонӣ инчунин бунёди Зичи нави ситораҳои осмонӣ шимолӣ дар асоси рақами гардониданӣ фотопластинаҳо, ки солҳои пеш дар чорчубаи лоиҳаи ФОН гирифта шуданд, оғоз гардиданд Тайёр кардани мутахассисони ҷавон дар сохаи астрономия, ҳамчунин, вазифаи Институт маҳсуб меёбад.
Дар Институт мушоҳидаҳои зиёди объектҳои кайҳонии табии ва сунъи ба анҷом расонида шудааст. Таҳқиқи фундаменталии амиқи метеорҳо ва қабати болоии атмосфераи Замин, кометаҳо ва астероидҳо, ситораҳо ва галактикаҳо, ки ба ғайр аз бунёдӣ аҳамияти амалӣ доранд, иҷро шудааст. Таҳти роҳбарии академикҳо П.Б. Бобоҷонов ва О.В.Доброволский мактабҳои илмии дар ҷаҳон шинохташуда доир ба моддаи метеорӣ ва физикаи кометаҳо ташкил ёфтанд. Саҳми олимони Институтро дар соҳаи астрономия ба назар гирифта, Иттиҳоди байналмиллалии астрономҳо сайёраҳои хурдро бо номи «Тоҷикистон», «Расадхонаи астрономии Ҳисор» ва ба номи 8 олимони пешбари Институт (3013) «Доброволева», (4011) «Бахарев», (4206) «Киселев», (4207) «Чернова», (3945) «Герасименко», (7164) «Бабаджанов», (3436) «Ибадинов», (24533) «Кохирова» номгузори кард.
Соли 1969 барои саҳми арзанда гузоштан дар тадқиқотҳои илмӣ ва дастовардҳо Институт бо Ордени Байрақи сурхи меҳнат сарфароз гардид.
Маълумоти расмӣ
Номгуй: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Номгуи кўтоҳ: ИА АМИТ
Директор: Коҳирова Гулчеҳра Исроиловна, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика
Суроға: Айнӣ 299/5, ш. Душанбе, 734042, Тоҷикистон.
Тел.: (+992 37) 227-46-14, (+992 37) 227-46-24, (+992 37) 227-53-57