Skip to main content

12

2

3

4

 

 

 

 

 

     Дар давоми соли 2025 бо қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  11 нафар олимону шахсиятҳои барҷастаи муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ ба ҳайси узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардиданд.

     Бо дарназардошти саҳми назаррас дар рушди илм, таҳкими робитаҳои байналмилалии илмӣ, густариши ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ ва дастгирии ташаббусҳои муштараки илмӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдураҳмонов Қаландар, президенти Академияи илмҳои Русия Красников Геннадий Яковлевич ва сардори Шуъбаи иттилооти мақомоти иҷроияи шаҳри Шуочжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ву Бао Хуа, Туймебаев Жансеит Кансеитович, Шоназаров Насрулло Абдуллоевич,      Ҳоҷиакбар Айса, Раҳом Аша, Фумиаки Инагаки, Дайзо Ишяма, Илья Раскин, Синбо Гао, ва дигарон ба ҳайси узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардиданд.

      Интихоби узви хориҷӣ бозгӯи эътирофи сатҳи баланди фаъолияти илмии ин шахсиятҳо буда, ҳамзамон аз нуфуз ва мақоми рӯзафзуни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Узвияти олимони хориҷӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои илмӣ, табодули таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

   Инчунин, дар таърихи илм бори аввал Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон устод Ҳошим Гадоев, барои хизматҳои арзандааш дар рушди санъат ва саҳми назаррас дар тарбияи насли наврас ва таҳкими фарҳанги миллии тоҷик ба ҳайси узви фахрии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб гардид.