
Иштирок дар Ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10.06.2024
Иштирок дар Ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
10.06.2024
http://www.president.tj/node/33592
10 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои миллии рушд баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Шурои миллии рушд, роҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар иштирок намуданд.
Мақсади баргузории чорабинӣ натиҷагирӣ аз рафти татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, муайян кардани афзалиятҳои минбаъдаи рушд ва ҷалби таваҷҷуҳи шарикони рушд ҷиҳати зиёд намудани маблағҳо барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар мебошад.
Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ бахшиданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки сарфи назар аз шиддати вазъи ҷаҳони имрӯза ва таъсири бевоситаи омилҳои манфии берунӣ ба иқтисоди миллӣ дар ҳашт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,4 фоизро ташкил дода, созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро аз рӯи суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ҳамчун кишвари дорои иқтисоди тезрушдёбанда арзёбӣ намуданд.
Президенти кишвар иброз доштанд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 2,6 баробар ва ба ҳар нафар аҳолӣ 2,3 баробар, даромадҳои пулии аҳолӣ 4,4 баробар, музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар, андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар ва шумораи соҳибкорон 1,6 баробар афзоиш ёфта, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии Ҳукумати кишвар сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоизи соли 2015 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш ёфта, Тоҷикистон тибқи арзёбии Бонки Умумиҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид.
Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, тибқи арзёбиҳо дар маҷмуъ 70 фоизи ин ҳадафҳо ва баъзе нишондиҳандаҳои онҳоро беш аз 90 фоиз иҷро намудааст.
Сипас, дар ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо, котиби масъули Шуро Завқизода Завқӣ Амин оид ба рафти татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тибқи рӯнамо гузориш дод.
Инчунин дар ҷаласа Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасер, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Салсия Алишахбана, Директор оид ба масъалаҳои глобалии об дар Бонки Ҷаҳонӣ Сароҷ Кумар, Директори Генералии Бонки Осиёии Рушд барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков баромад намуда, омодагии шарикони рушдро ҷиҳати дастгирии ҳадафу афзалиятҳо ва ташаббусҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карданд.
Ҳамзамон маърӯзаи Раиси Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Роҳбари Намояндагии Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ Озан Севимли доир ба саҳми шарикони рушд ва ҳадафу афзалиятҳои миллӣ шунида шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шарикони рушд даъват намуданд, ки дар шароити хеле ҳассосу зудтағйирёбандаи иқтисоди глобалӣ барои татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор саҳми худро баҳри амалӣ гардонидани афзалиятҳои минбаъдаи рушди Тоҷикистон бештар намоянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба таҳияи лоиҳаи санадҳои дахлдор ҷиҳати таҷдиди назари Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 бо назардошти Ҳадафҳои рушди устувор, Низомномаи Шурои миллии рушд, омода намудани шарҳи фосилавии татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, гузоштани замина ба таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ба вазорату идораҳо ва масъулини мақомоти давлатӣ дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд ҷиҳати густариши ҳамкорӣ барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар тавсияҳои дахлдор доданд.
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, бинои маъмурӣ бо ҷойгиронии Муассисаи давлатии маркази шаҳрии «Ёрии таъҷилии тибби
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, бинои маъмурӣ бо ҷойгиронии Муассисаи давлатии маркази шаҳрии «Ёрии таъҷилии тиббии №1» ва шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсиро мавриди баҳрабрдорӣ қарор доданд.
@RustamEmomali
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Корхонаи дӯзандагӣ бо таҷҳизоти нави замонавиро ба ис
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Корхонаи дӯзандагӣ бо таҷҳизоти нави замонавиро ба истифода доданд.
@RustamEmomali
10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот дар заминаи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, тарҳи он ба ҳусни пойтахт зебоии дигар бахшид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дорои ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз, осорхона, толорҳои маҷлис, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, шароити дар он фароҳамшуда ба фаъолияти кормандон заминаҳои мусоид хоҳад гузошт.
Гӯшаҳои алоҳида, ки дар Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ба ташаккули маълумоти ҳар бинанда аз масири таърихии тоҷикон мусоидат менамояд. Таърихи ниёгон, Тоҷикистони Шӯравӣ, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Неругоҳи обии «Роғун» ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ва дигар маълумоту навгониҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи бахшҳо дар осорхона аст.
Маълумот аз давраҳои гуногуни давлатдории тоҷикон, фаъолияти ҳизб ва дастоварду музаффариятҳои Тоҷикистон бо роҳи ҷамъоварии аксу аёният ва маводи чопӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ аҳаммияти басо муҳим касб кардааст”.
“Пас дар шароити рушди технологияҳои иттилоотӣ ва бо назардошти хусусиятҳои муосири сатҳи фаҳмиши ҷомеа ҳифз ва тарғиби таърихи ташаккулёбӣ ва рушди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути воситаҳои инноватсионӣ – ташкили фаъолияти осорхонаи таърихӣ-инноватсионӣ ба мақсад мувофиқ хоҳад буд”, - таъкид доштанд Пешвои миллат.
Ташаккули зеҳну тафаккури кормандон дар раванди фаъолият ва дастрасии онҳо ба муҳимтарин маълумоту навгониҳо аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки бо таъсиси китобхонаи электоронии пайваст бо шабакаи интернет ба инобат гирифта шудааст.
Дар ин баробар имкон аст, ки хоҳишмандон аз номгӯи зиёди адабиёт дар толори хониши китобхонаи анъанавӣ истифода намоянд.
Барои ташкилу баргузории ҷамъомад ва чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ маҷлисгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд шуда, дорои 1240 ҷойи нишаст мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тақозои истифодаи мусоид аз шароити фароҳамшуда масъулинро барои татбиқи ҳадафҳои аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла таҳкими асосҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки ба беҳбуди ҷомеа нигаронида шудааст, дастуру тавсияҳо доданд.
МАЪРУЗАИ ХОДИМИ КАЛОНИ ИЛМИИ ИНСТИТУТИ ГЕОЛОГИЯ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҶУСТУҶӮИ ГЕОЛОГИИ РУСИЯ
Аз санаи 02 то 08 апрели соли равон ходими калони илмии лабараторияи тадқиқоти комплексии сейсмологӣ ва геофизикаи Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шозиёев Шокарим Парвонашоевич дар Донишгоҳи давлатии ҷустуҷӯи Русия ба номи Серго Орҷоникидзе дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳои омӯхтани гидросфераи Тоҷикистон» ва «Муфассал омухтани режими сейсмикии минтақаи Тоҷикистон» дар конференсияи байналмилалии илмию амалӣ маъруза намуд.
Имрӯз, 8 апрел президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Маркази инноватсионии биология ва тиб ташриф оварда, ҳамзамон бо шароити кории олимону кормандони марказ аз наздик шинос гардиданд.
Зимни боздид президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз озмоишгоҳи биологияи тиббӣ гурӯҳи омӯзиши гиёҳҳои шифобахш дидан намуда, аз натиҷаи корҳои илмӣ – таҳқиқотии олимону муҳаққиқон аз наздик шинос гардиданд.
Инчунин, президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо талош намуда истодаем, ки заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмиро марҳила ба марҳила мустаҳкам намуда, як шароити хуби кориро барои олимони соҳаҳои мухталиф фароҳам оварем.
Бояд гуфт, ки мақсади асосии фаъолияти Марказ омӯзиши хусусиятҳои мутобиқшавии растаниҳои шифобахш ва зироатҳои кишоварзӣ дар шароити гуногуни экологӣ; омӯзиши таркиби фитокимиёвии растаниҳо; таҳияи моддаҳои фаъоли биологӣ (МФБ) ва иловаҳо (ИФБ); омӯзиши растаниҳои ороишӣ ва шифобахши интродуксияшуда ва дигар самтҳои рӯзмарра, инчунин тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ дар ин соҳаҳо мебошад.
Имрӯз, 8 апрел президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз захираҳои гербарияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки захираи гербарияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 1941 ташкил карда шуда, ягона манбаи табии махсусгардонидашудаи ботаникӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Фонди гербарии Институт бойтарин коллексияи растаниҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки дар ин ҷо бештар аз 200 000 намунаҳои хушки гербария кардашудаи наботот, аз ҷумла 28 000 растаниҳои ушнашаклон, 15 000 гулсангҳо, бештар аз 15 000 растаниҳои обсабз, ки дар музофотҳои минтақаҳои кӯҳии Памиру-Олой месабзанд (Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизстон), маҳфӯз мебошанд. Варақаҳои гербарӣ аз тарафи олимони гуногун ҳанӯз аз соли 1876 сар карда, то ҳоло ҷамъоварӣ карда шудаанд.
Таъкид гардид, ки захираи гербария на танҳо аз ҷихати бойигарӣ ва таърихи ҷамъоварии намунаҳои растанӣ, ки дар он ҷо аввалин гиёҳҳоро 135 сол пеш олимони намоёни рус ҷамъ карда буданд, балки аз ҷиҳати таркиби навъҳои гуногуни эндемикӣ, нодир ва сурхпусту ба он дохилшуда низ беназир аст. Дар айни замон дар захираи гербарий намунаҳои гербарийи гиёҳҳои шавқовар — боқимондаҳои флораи қадимии Осиёи Миёна, яъне боқимондаҳои флораи сеюми минтақа сабт шудааст.
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар кушодашавии расмии бинои IT - Парки шаҳри Душанбе, ки дар доираи намоишгоҳи “ICT WEEK-2025” баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар кушодашавии расмии бинои IT - Парки шаҳри Душанбе, ки дар доираи намоишгоҳи “ICT WEEK-2025” баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Имрӯз, 5 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва як зумра олимону адибон аз ҷумҳурии ба мо наздику ҳамзабон маҳфили илмию фарҳангии “Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон” баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт қабл аз суханронӣ ҳузури дӯстон, ҳамзабонон ва ҳамтаборони он сӯйи Омуро, ки ба сарзамини аҷдодии хеш ташриф оварда, ҳамроҳи мо дар баргузории ҷашни шукӯҳманди Наврӯзи бостонӣ ширкат меварзанд, ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ ва байналмилалӣ самимона шодбош гуфтанд.
Таъкид шуд, ки дар воқеъ, Рӯди обшори Ому тайи асрҳо моро ба ҳам мепайвандад ва ба баракату файзи баҳори нозанину Наврӯзи оламафрӯз сарзамини аҷдодӣ ва паҳнои Хуросони бузург ҳамешасабз боқӣ мемонад. Ҳарчанд ки аз таҷлили маросимоти Наврӯзӣ андаке гузашта, ҷашни Сездаҳбадар ҳам ба анҷом расидааст, суннатҳои дерини ҷашнӣ дар қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз ҳам идома доранд.
Мавриди зикр аст чун анъана ҷашну иҷрои суннатҳои наврӯзи дар кишварҳои қаламрави Наврӯз 40 рӯз идома пайдо мекардааст. Аз ин рӯ, ҷойи хушӣ аст, ки имрӯз Наврӯзи оламафрӯзро бо ҳузури фаъоли ҷамъи дӯстону ҳамтаборони он сӯйи Ому ҷашн мегирем. Боиси хушнудист, ки дар ин рӯзҳои офтобии Ватан, ба дунболи таҷлили Наврӯзӣ, бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Афғонистон ва Бунёди байналмилалии Аҳмадшоҳи Масъуд ин маҳфили зебои илмию фарҳангӣ таҳти унвони “Наврӯз ва ҳамбастагии тоҷикони ду сӯйи Ому” баргузор мегардад.
Гуфта шуд, ки Наврӯз дар силсилаи ҷашну ойинҳо ва маросимоти мардуми тоҷик ҷойгоҳи асосӣ доштаву дорад. Мусаллам аст, мардуми мо дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш вобаста ба замон ва шароит ҷашнҳои зиёдеро таъсис дода, мавриди таҷлил қарор додаанд, ки бо рангу тобишҳои гуногун дар фарҳангу тамаддунҳои дигар миллату ақвом ҷилва карда, барномарезиҳои ҷашнии ононро зебу зинат дода омадааст.
Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз руҳи зинда ва суннати зиндаро дар худ таҷассум намуда, миёни ҷашну ойину маросими дигари миллӣ бостонитарину куҳантарин ва густурдатар будааст. Зиёда аз ин, Наврӯз пойдевори фаҳмиши илмии замонӣ ва тақвимӣ дар густураи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ки ҷуғрофиёи васеъро фаро гирифта, на танҳо ба як қавму миллату нажод мутааллиқ аст, балки ба кулли мардуми инсондӯсту хирадпарасти сайёра иртибот мегирад.
Ҳамин аст, ки яке аз ҷашнҳои бошукӯҳтарини қавмҳои Ориёӣ, алалхусус мардуми тоҷиктабори ду сӯйи Ому бешубҳа, Наврӯз аст. Агар мо даъвӣ пеш оварем, ки “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст”, ҳеҷ гоҳ иштибоҳ нахоҳем кард, чаро ки маҳз дар ин ҷуғрофиё ва густураи таърихӣ аз қадимтарин замонҳо ойину суннат ва фарҳангу маросимоти Наврӯзӣ ба ҷилва даромада, боиси хушҳолию болидахотирии мардум гардиданд.
Аз ин гузашта, талошу кӯшишҳои мардуми фарҳангпарвару тамаддунофари тоҷик тайи таърихи тулонӣ умри ҷашнҳои бостонии миллӣ, аз ҷумла Наврӯзро дароз карда, миллати куҳанбунёди моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ сохтаанд. Дар заминаи эҳёи суннату маросим ва ойину анъанаҳои дерпойи миллат ташаббусу ибтикороти раҳбарияти олӣ дар шахси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили тазаккури махсус аст.
Дар идома як зумра олимону муҳақиқион ва шоирону адибони ҳарду ҷониб зимни суханрониҳои хеш доир ба таърих ва фарҳангу оинҳои суннатии мардуми тоҷикзабон ва ҷашни аҷдодии ниёкон, аз ҷумлаи Наврӯз маъруза ва шеърхониҳо намуданд. Инчунин, маҳфил дар охир бо замзамаи шеъру сурудҳои овозхонҳои варзида анҷом ёфт.