Skip to main content

Иштироки кормандни Институти ботаника, физиология ва генетикаи растниҳо ва Институти химияи ба номи В.И.Никитини АМИТ дар кори семинари илмӣ дар мавзуи “Баланд бардоштани самаранокии идоракунии хавфҳои биологӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон”. Ҳадафи семинари мазкур муттаҳид намудани ҷонибҳои манфиатдор аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳокимаи консепсияҳои калидӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳои биологӣ, аз қабили истифодаи дуҷониба, арзёбии хатар, арзёбии амнияти киберӣ, бехатарии ҷисмонӣ ва нақлиёт ва банақшагирии ҳолатҳои фавқулодда. Семинар иқтидори муассисаҳои ширкаткунандаро барои риояи дастурҳои институтсионалӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи маводи биологӣ, технологияҳо, инфрасохтор ва маълумоти тадқиқотии онҳо тақвият хоҳад дод.