Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
ВОХУРИИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ АМОНЗОДА ИЛҲОМ ТЕМУР - ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ТЕХНИКӢ БО КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ А.ҶӮРАЕВИ АМИТ
05 июни соли равон дар Инстиути математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурии ноиби президенти АМИТ Амонзода Илҳом Темур-доктори илмҳои техникӣ, раиси Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АМИТ бо кормандони Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид.
Инчунин, ноиби президенти АМИТ Амонзода Илҳом Темур аз ваъзи кори кормандони институт дидан намуданд. Ҳадаф аз вохурӣ пеш аз ҳама шиносоӣ буда, зимнан масъалаҳо доир ба фаъолияти пурсамари Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои баланд бардоштани мақом ва нақши занон дар ҷомеа, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, таҳким бахшидани мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ зимни ҳар баромади хеш таъкид менамоянд: “Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст”
Дар робита ба ин бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт курси омӯзишии “Зан – сарвар” роҳандозӣ гардид, ки ҳар ҳафта бо иштироки бонувони сиёсатмадор баргузор мегардад.
Имрӯз (04.06.2024) дар курси навбатии омӯзишии “Зан – сарвар” собиқадори меҳнат Мусоева Рафиқа Ғаниева иштирок намуда, дар бораи Иҷлосияи тақдирсоз ва хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлол гардидани кишвари Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Бахшида ба соли “Маърифати ҳуқуқӣ” дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупо, номзади илмҳои таърих Ашуров Ардамеҳр оид ба корҳои таҳқиқотӣ дар мавзуи “Сиёсати Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Осиёи Марказӣ” гузориши илмӣ намуд.
Қайд гардид, ки Иттиҳоди Аврупо дар доираи Стратегия ва барномаҳои худ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон ба рушди бахшҳои мухталиф дар минтақа алалхусус дар самтҳои маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об, идоракунии сарҳадот, мубориза алайҳи маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва нақлиёту коммуникатсия ҳамкорӣ менамояд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар оид ба мавзуи баррасишаванда саволу ҷавоб ва мулоҳизаҳо перомуни мавзуъ сурат гирифта, аз ҷониби Устодон тавсияву пешниҳодҳо дар самти таҳқиқоти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баён гардид.
ҲАМОИШ ДАР ҲОШИЯИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУЛОҚОТ БО АҲЛИ ИЛМ ВА МАОРИФИ КИШВАР
Имрӯз дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар вохурӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, аъзои вобастаи АМИТ бо маърӯза баромад карданд.
Зимни суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи илмро дар кишварамон ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба масъулини ин соҳа чунин дастурҳое доданд, ки амалисозии онҳо, бешубҳа, на танҳо ба рушди илми тоҷик, балки ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ ва инкишофи ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат мекунад.
03 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохурии ноиби президенти Академияи милли илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд баргузор гардид.
Ҳадаф аз вохурӣ пеш аз ҳама шиносоӣ буда, зимнан масъалаҳо доир ба фаъолияти пурсамарри Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Нимаи дуюми рӯзи 03 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мудири Донишкадаи эроншиносии Академияи илмҳои Австрия Флориан Швартро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии АМИТ Қурбонов Қобилҷон, директори Китобхонаи марказии ба номи Индира Гандӣ Суфизода Шодимуҳаммад, мудири Донишкадаи эроншиносии Академияи илмҳои Австрия Флориан Шварт иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Ҷонибҳо эътимоду ҳавасмандии худро барои тавсеи ҳамкориҳо дар ин самт иброз намуданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки мо омода ҳастем, ки ҳамкориҳои худро дар соҳаи илм густариш дода, умедворӣ аз он намуд, ки минбаъд ҳамкориҳо дар самти нав ва дар сатҳу сифати тоза густариш хоҳанд ёфт. Пешниҳод гардид, ки мо метавонем дар заминаи Институти эроншиносии Академияи илмҳои Австрия нимпайкараи яке аз олимон ва шуаррои тоҷикро дар мувофиқа бо академияҳои тарафайн гузорем.
Зимнан мудири Донишкадаи эроншиносии Академияи илмҳои Австрия Флориан Шварт суханронӣ намуда, дар робита ба густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки мо омода ҳастем дар оянда бо муассисаҳои илмии Тоҷикистон ҳамкориҳои худро дар низоми сифатан нав ба роҳ монем.
3 июн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуд
3 июн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин доир гардид, масъалаҳои мубрами рӯзномаи фаъолияти Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон та
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустам Эмомалиро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагони расмии Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.