Skip to main content

Ба истиқболи 33 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асри мо асри мушкилоти азим аст, зеро аз як тараф, афзоиши рақобатҳои қудратҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз сӯйи дигар фаъолияти ташкилоту гурӯҳҳои террористию тундгаро ва равияҳои ифротии динӣ ба ҷомеа таъсири манфӣ доранд.

difДар чунин шароити душвор мо бояд Истиқлоли Ватанамон, ваҳдату ҳамдилии миллат ва суботу оромиро ҳифз карда тавонем.

Тавре маълум аст, ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ҳаёти мардуми Тоҷикистонро ба таври куллӣ тағйир дод ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ барои кишварамон гардид.

Замони соҳибистиқлолӣ дар назди Роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи ниҳоят мушкилу масъулиятноки таърихӣ, яъне бунёди давлати навини миллӣ, ҳифзи манфиатҳои халқу Ватан ва таъмини амнияти кишварро ба миён гузошт.

Боиси хурсандист, ки дар оғози замони соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва бо азму иродаи қавӣ ва дастгирии мардуми шарифамон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои мазкур баромаданд.

Зимни татбиқи сиёсати созандаю ободкоронаи Сарвари давлат ва заҳмати софдилонаи мардуми арҷманди кишварамон мо дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардидем. Бо вуҷуди мушкилиҳои зиёд, роҳбарияти давлат дар ин давра барномаи мукаммали ислоҳоти куллии сиёсиро амалӣ намуда, барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ шароити мусоидро фароҳам овард.

Дар давраи нав соҳаҳои муҳимми иқтисоди кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, сохтмону нақлиёт, кишоварзӣ ва ғайра рушд ёфта, дар ин самтҳо давлатамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоту ислоҳот ба амал оварда шуда, инкишофи онҳо таъмин карда шуд.

Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу мустақил ва аъзои комилҳуқуқи СММ дар арсаи байналхалқӣ мавқеи шоистаи худро ишғол кард ва миллати мо ҳамчун миллати тамаддунсозу соҳибватан ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки замони истиқлол ва хусусан солҳои аввали он барои давлати навбунёди мо давраи ниҳоят вазнину душвор буд. Дар Тоҷикистон он замон дар натиҷаи амалҳои ғаразнок ва фитнаи қувваҳои бадхоҳ ҷанги таҳмилии дохилӣ сар зада, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони мо ва пароканда гардидани миллатамон ҳамчун воқеияти талху даҳшатнок таҳдид мекард. Лекин мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи сиёсати сулҳоваронаю созандаи Пешвои худ муттаҳид гардида, бо саъю талоши ватандӯстонаву ҷонфидоёна истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллиро ҳифз карда тавонист ва ин имтиҳони сахту сангини таърихро гузашт.

Миллати тоҷик бо роҳбарии Сарвари давлат ҳамчун миллати созанда дар як муддати кӯтоҳ на танҳо мушкилоти зиёди баъдиҷангиро бартараф карда, сулҳу суботро дар кишвар барқарор сохт, балки рушду пешрафти мамлакат ва бунёди ҷомеаи солимро таъмин кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ тараққӣ мекунад ва мардум ҳаёти осудаю хушбахтона доранд. Боиси ифтихору сарфарозист, ки тамоми корҳои бузургу азими созандагиро, ки то имрӯз бо роҳбарии Пешвои миллат дар кишвари маҳбубамон амалӣ намудем, ба номи мубораку муқаддаси истиқлолият анҷом додем. Зеро истиқлол барои мардуми мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад.

Имрӯз Истиқлол ифтихори мио, тантанаи хирадмандӣ ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми ободкору ватандӯсти мо, воситаи муҳимтарини ҳифзи ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Шаҳрвандони шарифи Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар замони соҳибистиқлолӣ барои ҳифзу нигоҳдории давлати нави миллӣ, пешрафту ободии ин сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ва аз нав эҳё намудану гиромӣ доштани арзишу суннатҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар талош варзид ва ба муваффақиятҳои беназир ноил гардид.

Даврони Истиқлол дар муқоиса бо таърихи бостонии халқи тоҷик ва ҳатто аз нигоҳи раванди бунёди давлати муосир давраи чандон тӯлонӣ нест. Аммо дар ин муддати кутоҳ, бо вуҷуди мавҷудияти мушкилоту монеаҳои зиёд, ақлу заковат ва азму иродаи қавӣ ва заҳмати софдилонаи мардуми сарбаландамон имкон дод, ки дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузошта шавад.

Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг ва хусусан илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Бо назардошти он, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлатдорӣ, пешрафти миллат, ҳифз ва афзун кардани дастовардҳои истиқлол аз сатҳи донишу омодагии наврасону ҷавонон вобаста мебошад, таълиму тарбияи шоистаи насли наврас яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати давлату Ҳукумат қарор дода шудааст.

Давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон дарк кардаанд, ки бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва соҳиб шудан ба мақоми арзанда дар арсаи байналмилалӣ бе рушди сармояи инсонӣ, яъне бидуни тарбия ва ба воя расонидани насли донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту ободгар, инчунин, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ба самти мазкур диққати бештар дода мешавад.

Шубҳае нест, ки ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат неъмати бузург аст, аммо ҳифзу таҳкими он масъулияти азим дошта, заҳмату ҷонфидоиҳоро талаб менамояд. Бешубҳа, аз асоситарин омилҳои расидан ба қадри ин неъмати бузург, яъне соҳибистиқлолӣ ва ҳимояи он дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан ташаккул додани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.

Боиси хурсандист, ки солҳои охир ба шарофати истиқлолият худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии мардуми мо боло рафтааст. Қавӣ гардидани Артиши миллӣ ва умуман иқтидори мудофиавии давлат, ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ рафта хизмат кардану барои ҳифзи Ватан омода будани ҷавонони кишварамон исботи гуфтаҳои болост.

Айни замон ҷаҳон бо хатарҳои даҳшатнок, аз ҷумла зуҳуроти номатлуби экстремизму терроризм дучор гардидааст. Мо шоҳиди воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор дар як қатор кишварҳои олам ҳастем, ки бар асари шиддати бесобиқа пайдо кардани бархурди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ амнияту суботи баъзе давлатҳои як вақтҳо ором аз байн рафтааст. Дар чунин шароит ҳифзи истиқлолият ва оромию суботи кишвар масъулияту заҳмати бештарро талаб мекунад.

Тоҷикистони азизи мо аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва бо дарназардошти вазъи минтақа дар чорсӯйи бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Вобаста ба таҳдидҳо ва вазъи ноорому хатарзои ҷаҳони муосир ва бо мақсади таъмин намудани амнияту тараққии кишварамон, имрӯз вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди ҷомеаи мо ҳифзи истиқлоли давлатӣ, суботу оромии комили ҷомеа ва тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии кулли сокинони кишварамон аст.

Барои ҳалли ин вазифаҳо зарур аст, ки ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистон сарҷамъу муттаҳид бошанд ва дар татбиқи сиёсати ободгаронаву созандаи Пешвои миллат ва давлату Ҳукумат бо воситаи меҳнату заҳмати софдилонаи худ фаъолона ширкат намоянд.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд қиммату арзиши озодиву соҳибихтиёрӣ ва давлати миллиро ба таври дурусту амиқ дарк намояд ва аз ин имконият, ки таърих барои мо фароҳам овардааст, яъне соҳибистиқлолӣ пурсамар истифода барад. Фаромуш набояд кард, ки мо танҳо бо доштани давлати соҳибистиқлол, Ватани озоду соҳибихтиёр ва ҷомеаи пешрафтаи мутамаддин метавонем дар ҷаҳони муосир мақоми арзанда дошта бошем ва ҳамчун миллат соҳибэҳтиром бошем.

Дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо танҳо дар сурати доштани ваҳдату сарҷамъӣ ва саъю талоши ватандӯстонаи тамоми сокинони кишварамон метавонем истиқлоли Ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта гардонем ва ҳамаи нақшаву ҳадафҳои миллиамонро амалӣ намуда, миллати хушбахт бошем.

Сурайё Шарифзода, ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ