Skip to main content

Лигаи зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (APLAR), ки соли1963 дар кишвари Сидней таъсис ёфтааст, 32 ассотсиатсияҳои миллии тарбодшиносонро муттањид месозад. Лигаи мазкур зиёда аз 25 ҳазор нафар аъзо дорад, ки тарбодшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз аъзоёни фаъоли он ба ҳисоб мераванд.

Конгресси APLAR, ки њар сол дар яке аз мамлакатҳои Осиё ва назди Уқёнуси Ором баргузор мегардад, фарогири кашфиётҳои наву технологияҳои пешрафта ва тадқиқотҳои ояндадори ҷаҳони тарбодшиносї мебошад.

Тарбодшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии узви АМИТ, д.и.т., профессор Сурайё Шукурова дар чандин конфронсҳоиAPLAR (ҳамтариқи онлайн ва ҳам шахсан) иштрок ва маърўзаҳои илмӣ намудаанд. Боиси зикр аст, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лигаи зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси оромконфронси навбатии APLAR соли 2018 дар шаҳри Душанбегузаронид шуд.

Дар конгресси 26-уми Лигаи зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, ки санаи 21-25‑уми августи соли 2024 дар кишвари Сингапур бо иштироки зиёда 2500 намояндаи соҳаи тарбодшиносӣ ва табибонидигар соҳаҳо баргузор гардид, њайати намояндагии ҶумҳурииТоҷикистон бо сардории С. Шукурова иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур ба профессор С. Шукурова барои хизматҳои барҷаста дар соҳаи илми тарбодшиносӣ, тадқиқот ва хизматҳои касбӣ дар минтақаи APLAR ва барои омода намудани тарбодшиносони ҷавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоизаи фахрии APLAR-MASTER-AWARD қадрдонӣ карда шуд.