Skip to main content
Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ “Истиқлол” қарор дорем ва миллати азизи мо инак 34 сол мешавад, ки ин рӯзро бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд ва шукрона аз истиқлолу ободии кишвар мекунанд. Дар ҳақиқат дар муддати 34 соли истиқлол, ки дар назди илми таърих муддати тулонӣ нест, мардуми тоҷик бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назаррас ноил шудаистодаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки истиқлол ва мавҷудияти ҳар ҷомеа аз истиқлоли фарҳангии он сарчашма мегирад. Истиқлоли фарҳангӣ бо мафҳумҳоре ҳамчун истиқлоли фикрӣ, ҳуввиятӣ, арзишӣ ва ҳар он чи ки ба таърих, анъана ва андешаи мардум марбут аст, пайванд дорад. Аз ин рӯ, агар миллате эҳсоси ҳуввият, иззат ва шахсият дошта, ба истиқлоли фарҳангӣ даст ёфта бошад, истиқлоли иқтисодӣ ва сиёсии он, побарҷо мемонад. Миллати тоҷик дорои фарҳанги бузурги миллӣ аст. Маҳз забон ва фарҳанг боис гашт, ки ин миллат то имрӯз ҳайсияти худро дар ҷомеа нигоҳ дошт.

Таърихи ҷомеаҳои пешрафта собит менамояд, ки, дар баробари дигар зарфияту арзишҳо, нақши фарҳанг ва ҳунар дар муаррифӣ ва шинохти миллатҳо хеле муассир аст. Аз ин дидгоҳ, шинохти давлати тоҷикон дар ақсои олам бо мероси фарҳангии пурғановат амри зарурие ба шумор меравад, ки аз оғози истиқлоли давлатӣ то ҳол ба ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, заминаҳои арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумиро ба вуҷуд оварда, дар маҷмуъ, муҳит ва фазои маънавиро дар ҷомеа шакл бахшидааст. Маҳз бо дастгирии эшон чеҳраҳои илму фарҳанги мо зинда ва ба ҷаҳониён ҳамчун тоҷик муаррӣ гаштаистодаанд. Имсол низ маҳз бо дастгириҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ 1045 солагии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, 1160 солагии Закариёи Розӣ бо як шаҳомати бузург дар саросари Ҷумҳурӣ ва ҳатто ҷаҳон таҷлил мегардад ва ҳатто мардум аз кору пайкори ин бузургон то ҳол ёд мекунанд ва осори илмиашонро истифода мебаранд.

Хидматҳои дигари Пешвои миллат барои ҳифзи фарҳанги миллӣ ин ташкили озмунҳои зиёди фарҳангӣ, аз қабили “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Шоҳномахонӣ” ва ғайраҳо мебошанд, ки ин озмӯнҳо дар нигоҳ доштан ва рушди фарҳанги миллӣ нақши аввалиндараҷа доранд.

Чун сухан дар бораи истиқлоли фарҳангӣ меравад, сухани Пешвои миллат “Фарҳанг ҳастии миллат” ин масъаларо тақвият мебахшад, зеро дар ҳақиқат сарчашмаи асосии ҳастии миллатро фарҳанг ташкил медиҳад.

Дар баробарӣ ин ҳама ғамхориҳо ҷомеаи мо бояд барои ҳифзи истиқлоли фарҳанги талоши бештар дошта бошанд ва аз ҳар гуна бегонапарастӣ дур бошанд. Зеро фарҳанг низ ба ҳифз ва рушд эҳтиёҷ дорад. Фарҳангшиноси рус Дмитрий Лихачёв чунин гуфтааст: “Фарҳанг ҷомеаро наҷот медиҳад, агар ҷомеа фарҳангро ҳифз кунад”.

Рамазониён А.Б – ходими илмии Маркази синошиносии

ИФСҲ ба номи А, Баҳоваддинови АМИТ