Skip to main content
Тӯли ҳазорсолаҳо халқи тоҷик дар сарнавишти худ дар муборизаҳои шадид бо истилогарони аҷнабӣ ба монанди мақдуниҳо, арабҳо, муғулҳо ва дигар душманони дохиливу хориҷии миллат баҳри озодии худ, барпо намудани давлати тоҷикон, қаҳрамонони халқи тоҷик Спитамен, Томирис, Деваштич, Темурмалик, Восеъ, Айнӣ, Бобоҷони Ғафуров, Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсиятҳои ватанпараст, ҷонбозиҳо карданд. Новобаста аз даргириҳои хунини дар тӯли ҳазорсолаҳо ба амал омада, миллати тоҷик маҳз бар асари ҳисси ватанпарастиву худшиносӣ, тавонист забони шевои модарӣ ва расму оини ниёгони худро то имрӯз ҳифз намояд.

Меҳвари асосии муборизаҳои халқи мо ин ҳам созмон ва барқарор намудани давлатдории худ, рушди тамоми соҳаҳои иқтисодёт, маориф ва фарҳанги миллӣ буд. Хушбахтона ба халқи мо дар солҳои 90-ми асри ХХ муяссар гардид, ки орзую ормони ҳазорсолаи ниёгони хешро амалӣ гардонад ва давлатеро бунёд карда истодааст, ки аллакай мавқеъ ва обрую эътиборӣ ба худ хосро дар арсаи байналмилалӣ доро мебошад. Санаи 9 сентябри соли 1991 бо эълони Декларатсия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи бунёди давлатдории Тоҷикистони соҳибихтиёр асос гузошта шуд. Аз ин рӯ, истиқлолияти давлатӣ барои мо - тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем.

Аммо ноил гардидан ба давлати навбунёди тозаистиқлоли тоҷикон бе ягон мушкилӣ ва муқовимат ба даст наомадааст.

Дар солҳои аввали бунёди давлатдории тоҷикон ҷанги бародаркушии таҳмилӣ ба сари халқи ҷафокашидаи мо даҳшати ниҳоят бузургро фурӯ рехт. Таи солҳои 1991- 2007 дар натиҷаи ҷангҳои хунини шаҳрвандӣ даҳҳо ҳазор одамон қурбон ва маҷрӯҳ шуданд, ҳазорони тифлакону кудакон бе саробон монданд ва ба иқтисодиёти начандон устувори он солҳои кишвар ба маблағи ҳангуфти аз миллардҳо доллари амрикоӣ зиёд ,ҳисороти моддӣ расонида шуда, сатҳи зиндагии мардуми тоҷик ба дараҷаи пасттарин расид.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки бо таърихи миллати куҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавем, решаҳои таммадуни гузаштаи худро ҷустуҷӯ карда, онҳоро барои таҳкими ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори милли мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлоламон истифода барем.

Ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.

Вазифаи муқаддаси мо истиқлолияти давлатиямонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст. Онҳо бояд шахсони соҳибмаърифат, бофарҳанг, мутамаддин эҷодкор, номбардори миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гарданд.

Дар яке аз суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд кардаанд:
«Дар вазъияти ниҳоят ҳассос ва осебпазири ҷаҳони муосир мардуми моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди ватандорӣ ва зиракию ҳушёрии сиёсӣ неъмати бебаҳои истиқлолияту озодӣ ва дастовардҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.»
Дар суханронии худ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30 майи соли 2024 вазъи умумии Тоҷикистонро мавриди таҳлили амиқ қарордода, хулоса барорӣ намуданд.

Қайд карданд, ки танҳо аз соли 2000-ум мо имкон пайдо кардем, ки пастравии иқтисоди миллиро боздошта, ба оғози марҳалаи рушд ворид гардем.

Инчунин дар ин давраи вазнини таърихи халқамон фаъолияти фалаҷшудаи ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор карда, Артиши миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ, яъне Қувваҳои Мусаллаҳи худро амалан дар ҷои холӣ таъсис додем.

Дар солҳои минбаъда бунёду азнавсозии роҳҳои мамлакатро оғоз карда, беш аз 2000 километр роҳҳои замонавӣ, зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пули нав бунёд намудем ва Тоҷикистони сепорчаро ба як қаламрави воҳид табдил додем.

Боиси қайд аст, ки дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.
Инчунин аз ҷониби сарвари давлатамон гуфта шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд.

Айни ҳол дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст.

Дар ин давра сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расид.

Шумораи аҳолии мамлакат аз 5,5 миллион нафари соли 1991 ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 ба 10,3 миллион нафар расид, яъне қариб ду баробар афзоиш ёфт.

Дар даҳсолаҳои охир афзоиши шумораи аҳолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,3 фоизро ташкил карда истодааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин ба ҳисоб меравад.

Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ 140 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба зиёда аз 1 миллиону 420 ҳазор оилаи кишвар барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақсим карда дода шуд.

Яъне, дар маҷмӯъ, беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматии худро беҳтар кардаанд.

Дар 70 соли то замони истиқлол барои бунёди манзили истиқоматӣ ҳамагӣ ба 530 ҳазор оила 77 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд.

Дар даврони истиқлол дар кишвар 54 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ гардида, ҳамзамон бо ин, ҳар сол дар майдони қариб 200 ҳазор гектар замини обӣ кишти такрории зироатҳо гузаронида шуда истодааст.

Дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазору 500 корхонаи саноатӣ бо 88 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ ба маблағи умумии 86 миллиард сомонӣ бунёду таҷдид гардид, ки дар натиҷа 75 фоизи зерсохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ карда шуд.

Дар ин давра беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ ба истифода дода шуданд.

Истеҳсоли неруи барқ аз 17,6 миллиард киловатт – соат дар соли 1991 ба 21 миллиарду 860 миллион киловатт – соат дар соли 2023 ё 24,2 фоиз афзоиш ёфт.

Соли 1991 дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор мошини сабукрав ба қайд гирифта шуда буд.

Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ ба кишвар беш аз 1 миллион мошини сабукрав ворид шудааст.

Агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Бар асари аз ҷониби Пешвои миллат додани таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа ба масъалаи маориф ва илм , дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд карда шуданд.
Дар қиёс бо замони шуравӣ, ки дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият доштанд, айни замон ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст.

Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат аз соли 2001 то соли 2019 дар сохтори Академияи миллии илмҳо бо роҳи азнавташкилдиҳӣ муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ – пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, иқтисод ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон, Маркази синошиносӣ дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ таъсис дода шуданд.

Ҳамчунин, таъсиси пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, Маркази мероси хаттӣ, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ҳамин давра мебошанд.

Махсусан қайд карда шуд, ки ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи даҳҳо муассисаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ мебошад, ки аз ин мо кормандони илм ифтихор дорем.

Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.

Қобили зикри хос аст, ки як силсила ташаббусҳои Тоҷикистон марбут ба ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим, истифодаи зеҳни сунъи дар рушди устувори давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, доир ба амалӣ намудани онҳо қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд.

Маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст.Танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз моҳи сентябри соли равон дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 20 фоизи дигар зиёд карда мешавад.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо кормандони илми тоҷик зарур аст, ки дар партави дастур ва супоришҳои барномавии сарвари давлат аз 30 майи соли 2024 бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи саҳмгузор бошем, сатҳ ва сифати иҷроиши корҳои илмӣ- таҳқиқотиро ба маротиб беҳтар намуда, бо дастовардҳои навини илмӣ ҷашни умумихалқии 35- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро, ки соли оянда таҷлил карда мешавад, пешвоз гирем.

Комилҷон Эрматов – директори Филиали Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ дар вилояти Суғд, номзади илмҳои техникӣ

Адҳамов Акбар ҳуқуқшиноси Филиали Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ дар вилояти Суғд