Skip to main content
Истиқлолият — ин калима барои ҳар як тоҷик маънои амиқи таърихӣ ва миллиро дорад. 9 сентябри соли 1991, вақте ки Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон кард, ин сана на танҳо як рӯзи оддӣ дар тақвим, балки як гардиши куллӣ дар сарнавишти халқи тоҷик гардид. Ин рӯз баёнгари ормонҳои чандинасраи миллати соҳиби тамаддуну фарҳанг буд, ки акнун роҳи ояндаи худро мустақилона муайян мекард.

Таърихи миллати тоҷик тӯли ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад, ки дар ин муддат тоҷикон борҳо шоҳиди бунёди давлатҳои бузург ва ҳамчунин, шикасти онҳо шудаанд. Дар асрҳои миёна, давлатдории тоҷикон бо империяи Сомониён ба авҷи худ расид, ки ин ҳам барои мо як намунаи давлатдории миллист. Аммо баъд аз суқути он, миллати мо то даврони Шӯравӣ давлати мутамаркази худро аз даст дод.

Дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ба унвони Ҷумҳурии сотсиалистӣ дар доираи низоми сиёсии марказӣ қарор дошт. Дар ин давра, гарчанде ки саноат, маориф ва илм пешрафт карданд, маҳдудиятҳои зиёде барои рушди забон, фарҳанг ва ташаккули давлатдории миллӣ вуҷуд доштанд.

Эълони истиқлолият як ҳодисаи таърихӣ буд, ки дар он лаҳза барои мардуми мо умеди фардои дурахшонро бахшид. Аммо мутаассифона, ин хурсандӣ дер давом накард. Баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, Тоҷикистон ба мушкилоти сахте рӯ ба рӯ шуд. Бар асари таҳмили идеологияҳои бегона ва манфиатҳои гурӯҳӣ, кишвар ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ин ҷанги таҳмиллӣ, ки солҳои 1992-1997 идома ёфт, ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги кишвар хисороти ҷиддӣ расонид. Ҳазорон нафар қурбон шуданд, модарон бе фарзанд, занон бе шавҳар, кӯдакон ятим гашта, миллионҳо нафар гуреза шуда, дар хоки давлати ҳамсоя умр ба сар мебурданд. Мардум паси сангарҳои гуногун нишаста буданд, сохторҳои давлатдорӣ фалаҷ гашта, хонаҳои холию, сухтаю валангори мардуми тоҷик як манзараи дахшатборро мемонд.

Ин давраи пурмашаққат барои мардуми тоҷик як имтиҳони ҷиддӣ буд. Вале дар лаҳзаҳои душвортарин, хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳдӯстии миллат тавонист, давлати тоҷиконро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин сана на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши муқаддас ва бунёди давлати навини тоҷикон эълон кард.Тамоми гурезагон ба ватан баргаштанд, мардум ба ҳаёти осоишта ва маҷрои муқаррарии зиндагӣ баргаштанд, тарсу ҳарос ах дили мардум берун рафт.

Мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки имрӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи ҳалли муноқишаҳои дохилӣ эътироф шуд.

Баъди барқарории сулҳ ва ваҳдат, ки ба бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият табдил ёфт, Тоҷикистон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии худ шурӯъ кард, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат муайян шудаанд. Ин ҳадафҳо асоси рушди устувори кишварро ташкил доданд:

-Амнияти энергетикӣ: Бо дарки вобастагӣ ба манбаъҳои беруна, Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз захираҳои обии худ ба таври самаранок истифода барад. Бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқи обӣ, махсусан Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", ба кишвар имкон дод, ки аз бӯҳрони энергетикӣ раҳо ёбад ва ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ табдил ёбад.

-Баромад аз бунбасти коммуникатсионӣ: Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон мушкилоти зиёдеро дар роҳи рушди иқтисодӣ ба вуҷуд меовард. Бунёди шоҳроҳҳо, нақбҳо ва пулҳои муосир, ки кишварро бо роҳҳои байналмилалӣ мепайванданд, имкон дод, ки Тоҷикистон ба як кишвари транзитӣ табдил ёбад. Нақбҳои "Истиқлол" ва "Шаҳристон" имрӯз на танҳо алоқаи байни минтақаҳоро осон карданд, балки рамзи интихоби дурусти стратегӣ гардиданд.

- Амнияти озуқаворӣ: Бо мақсади коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти ғизоӣ, Ҳукумат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир таваҷҷуҳи хосса дод.

- Саноатикунонии босуръати кишвар: Ҳадафи чоруми стратегӣ, ки ба наздикӣ эълон шуд, барои диверсификатсияи иқтисодиёт ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.

Эҳёи фарҳанг ва забони миллӣ: Даврони истиқлолият ба забон ва фарҳанги тоҷикӣ имкони эҳё ва густаришро бахшид. Забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайра, расман эътироф ва ҷашн гирифта шуданд. Ин дастовардҳо ба худшиносии миллӣ мусоидат карданд ва миллати тоҷикро бо таъриху фарҳанги бузурги худ аз нав пайваст намуд.

Дар давраи истиқлолият Тоҷикистон на танҳо ба масъалаҳои дохилӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард, балки дар сиёсати хориҷӣ низ мавқеи фаъолро ишғол намуд. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили СММ, Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва дигар иттиҳодияҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад.Тоҷикистон ҳамчун пешвои ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об эътироф шудааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтанд, ба баланд бардоштани об ҳамчун як масъалаи ҷиддии глобалӣ мусоидат карданд.

Ҳамин тариқ истиқлолият — ин рамзи озодӣ, ифтихор ва ояндаи ободи Ватан аст. Ин дастоварди бузург ба миллат имкон дод, ки бори дигар худшиносии миллии худро эҳё кунад, ба фарҳанг ва забони аслии худ арҷ гузорад ва дар роҳи созандагӣ ва рушд қадамҳои устувор гузорад. Вазифаи мо, ҳифзи ин дастоварди муқаддас ва таҳкими он буда, дар ин давраи пурҳассос ҳар яки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, нагузорем, ки душманони миллат теша бар пояи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ зананд.

Саидзода Муҳаббат Шералӣ - ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшинос