Мардумони гуногунзабону гуногунмиллати ҷаҳон ҳамеша барои бо якдигар дӯстию ҳамкориву қаробат пайдо кардан, аз таъриху тарзи зиндагии якдигар бохабар шудан, аз таҷрибаи якдигар ягон чизи боманфиатеро омӯхтан, ба хусусиятҳои хоси фарҳанги якдигар бештар ошно шудан, навъҳои тиҷорати барои ду тараф боманфиатро ҷустуҷӯ кардану ба роҳ мондан ҳамеша талошҳо кардаанду чораҳо андешидаанд.
Таърих нишон додааст, ки барои воқеан амалӣ шудани чунин андешаҳои арзишманд, танҳо як хоҳиш доштан, албатта он қадар кифоя нест. Иҷрои ҳар навъ нияту нақшаи манфиатовар қабл аз ҳама ба он вобаста аст, ки ин ё он халқ дар айни ҳол ба чи гуна вазъи сиёсиву иқтисодӣ гирифтор аст. Бе мавҷудияти оромӣ ва таъмини амният, бе роҳҳои мувофиқу бехатар ҳама нияту амалҳои нек ё ба хубӣ, яъне дилхоҳ ба анҷом намерасанд ва ё дар нисфи роҳ мемонанд.
Инсон бо вуҷуди ҳамин қадар оқилу доно буданаш ва қудрати беинтиҳои накӯкорӣ доштанаш гоҳ-гоҳе боз барои иҷрои чунин корҳое даст мезанад, ки барои чанд каси худхоҳ андаке суд дошта бошад ҳам, зиёнаш аз он даҳҳо маротиба барои ҳазорҳо ва ҳатто миллионҳо одамон бештар аст. Албатта, дар дунё ягон давлате дида намешавад, ки мардумони он тамоми асрҳо дар оромию осудагӣ, бе эҳсоси парешонӣ дар фароғати доимӣ умр ба сар бурда бошанд. Ҳамеша ҷангҳои харобиовари байни давлатҳои гуногун бо баҳонаву бебаҳона сар мезананд. Ҳатто дар дохили як давлати ҷудогона ва мустақил ҷангҳои шадид байни бошандагони мухталифи он баъзан рӯй медиҳанд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, Ҳиндустон аз лиҳози шумораи аҳолӣ ва масоҳаташ яке аз кишварҳои бузурги қитъаи Осиё ба шумор меравад. Қавмҳои гуногуни он, ки бо таърихи ғании худ ки ҳар кадом соҳиби як музофоти пуриқтидору инкишофёфтаи ҷудогона, соҳиби дини муайян, урфу одат ва забони худ мебошанд, ҷангҳои байни ҳамдигарро ҳам дидаанду аз тарафи бегонагон забт кардани сарзамини аҷдодиашонро низ муаррифи менамоянд. Охирин забткардаҳои Ҳиндустон пас аз Муғулҳои Бузург ин мустамликадорони англис буданд, ки пас аз 200 соли истисмори бераҳмонаи мардуми ин кишвар дар соли 1947, дар натиҷаи муборизаи озодихоҳонаи мардуми ҷабрдидаву ба дод омада, маҷбур шуданд, ки ин мамлакати афсонавӣ ва пур аз сарватҳои бебаҳоро дар ҳолати ақибмондагӣ ва нодорӣ ба ду давлат ҷудо намуда, онро тарк кунанду ба ватанашон баргарданд. Акнун бештар аз 75 сол мешавад, ки сарзамини Ҳинд ҳамчун кишвари озоду соҳибистиқлол амал намуда, бе аъзогӣ дар ягон созмони низомӣ, дар ҳамаи соҳаҳои сиёсату иқтисод, низомӣ ва фарҳанг ба пешравиҳои бемисл ноил гардидааст. Дар арсаи байналмилалӣ имрӯз мақоми хос ҳосил карданашро касе аз ҷаҳониён рад карда наметавонад. Бо ин “Роҳи бузурги Абрешим”, роҳи корвонгузар аз Чин ба воситаи Осиёи Миёна то Аврупо тиҷорат ва робитаҳои фарҳангӣ амалӣ мешуд. Ин роҳ мушкили ҳазорон тоҷирони байни Осиёи Миёна ва Ҳиндустон рафту омад доштаро осон кардааст. Ин роҳ боз асрҳо мададгори ҳазорҳо сайёҳони ҷудогона низ шудааст. Бояд махсус ин далели бисёр ҷолибу аҷибро зикр кард, ки дар ҳар навъ вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва ҳатто нооромию бесарусомонӣ риштаи муносибатҳои тиҷоративу фарҳангии ин мамлакат бо кишварҳои дигар, алалхусус ҳамсояҳои наздик гусаста нашудааст ва “Роҳи абрешим” дар ин муносибатҳо нақши худро дорад. Ин ҷо дар оғоз месазад ёдовар аз он шавем, ки ҳанӯз дар асри VII сайёҳи Чин И Сезин зоҳиди буддоии чинӣ, ки дар давраи ҳукумронии сулолаи Тан (618 — 907) зиндагӣ кардааст, ба Ҳиндустон сафар намуда, барои омӯзиши зиндагии мардум ва адабу фарҳанги ин кишвари ба Чин ҳамсоя муддате заҳмат кашида, пас аз худ чунин осори арзишманде мерос мондааст, ки имрӯз муҳаққиқони фарҳангу адабу таърих аз он фаровон истифода мебаранд. Барои ҳалли баъзе масоили фарҳангии Ҳиндустони замони гузашта, ки баҳсталаб ва ё норавшан аст, маҳз навиштаҳои И Сезин то андозае ёрӣ мерасонанд. Аз ҷумла, барои муайян кардани замони зистану муайян кардани шумораи асарҳои яке аз бузургтарин шоири адабиёти классикии Ҳиндусон Бҳартриҳарӣ, қайдҳои И Сезин бо манфиат мебошад. Ибн Баттута (1304–1377), сайёҳ ва тоҷири араб низ аз ин имкониятҳои “Роҳи абрешим” баҳра бурдааст. Сайеҳи рус Афанасий Никитин, ки ҳамчун нависанда, тоҷир ва муаллифи сафарномаи "Сафар дар се баҳр" маъруф мебошад, дар асрҳои миёна дар байни аврупоиҳо яке аз аввалинҳо шуда, соли 1471 то ба Ҳиндустон расидааст. Метавон гуфт, ки барои то назди Ленин расидан инқилобчии Ҳиндустон Муҳаммад Баракатулло низ ҳамин роҳро истифода бурдааст. Олими варзидаи арабшинос Тоҷиддин Мардонӣ дар мақолаи худ “Ҳиндуҳо дар осори Садриддин Айнӣ” ишора ба он мекунанд, ки ҳиндуҳо ба Осиёи Марказӣ рафту омади тиҷоратӣ доштанд ва ҳатто чанде аз онҳо дар шаҳрҳои Аморати Бухоро муқимӣ шудаанд. Тоҷиддин Мардонӣ навиштааст: “Дар асари гаронқадри худ «Ёддоштҳо» Садриддин Айнӣ иброз медорад, ки ҳиндуҳо натанҳо дар корвонсароҳое, ки дар Бухоро буданд, умр ба сар мебурданд, балки дар корвонсароҳои Ғиждувон, Вобканд, Қаршӣ ва дигар марказҳои сераҳолии аморати Бухоро зиндагонӣ ва кору фаъолият мекарданд. Дар худи Бухоро се корвонсаро буд, ки адади зиёди ҳиндуҳо бо шумори сад ва ё саду панҷоҳ нафар дар як ҷо ҳаёт ба сар мебурданд”.[1] Онҳоро ба ин сарзаминҳо, албатта, “Роҳи абрешим” овардааст.
“Роҳи абрешим” дар сафарҳои яке аз шахсиятҳои машҳури илму фарҳанги Ҳиндустон, сайёҳ, адиб, тарҷумон ва таърихшинос Раҳул Санкритяян ба мамлакатҳои дигар, аз ҷумла ба Иттиҳоди Шӯравӣ нақши муҳим бозидааст. Раҳул Санкритяян зиёда аз 45 соли умри худро дар сафарҳо гузаронидааст. Чун дар давоми яке аз сафарҳояш ба ӯ муяссар мешавад, ки дар солҳои 1937-1938 дар факултети “Шарқӣ”-и Донишгоҳи давлатии Ленинград ба ҳайси устоди забони ҳиндӣ ба шогирдони бахши ҳиндӣ ва урду сабақ диҳад, аз ин фурсат истифода бурда ба омӯзиши адабиёти навини тоҷик машғул мешавад. Солҳои 1945 - 1947 -ро низ Раҳул Санкритяян дар Иттиҳоди Шӯравӣ гузаронидааст. Диққати ин олими варзидаро қабл аз ҳама эҷодиёти чунин адибони шинохтаи тоҷик ба мисли Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил ва дигар насрнависону шоирони муосири мардуми мо ҷалб менамояд ва ӯ ба тарҷумаи асарҳои Садриддин Айнӣ машғул мешавад. Дар маҷмӯъ Раҳул Санкритяян қариб ҳамаи асарҳои насрии устодро, аз ҷумла “Дохунда”, “Марги судхӯр”, “Ғуломон”, “Одина” ва ғайраро ба забони ҳиндӣ тарҷума намудааст. Ин асарҳо зиёда аз 70 сол мешавад, ки чандин маротиба такроран чоп ва пешкаши хонандаҳои сершумори ҳинд шудаанд.
Бо соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакати мо дигаргуниҳои бузург ба амал омаданд. Ин дигаргуниҳо аз назари хеҷ кас пӯшида нест, лекин дар ҳар мавриди муносиб ба ин ҷониб назар кардан аз аҳамият орӣ нахоҳад буд. Акнун метавон гуфт, ки “Роҳи абрешим” дар замони муосир, дар намуди дигар аз нав эҳё шуд. Он ҳам бошад бо талоши хайрхоҳонаи раҳбарони давлатҳои бо ҳам ҳамсояву бо якдигар назари нек дошта бунёд шуда истодааст, ки ин на танҳо бо манфиату бо аҳамияте, ки дорад, фарқ мекунад. Фаъол будани ин роҳ на танҳо барои давлатҳои ҳамин минтақа, яъне Чину Ҳиндустону Покистону Осиёи Марказӣ ва мисли ин давлатҳои Осиё, балки барои дигар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла мамолики Аврупо хеле зарур аст. Қабл аз ҳама барои самаранок истифода бурдани “Роҳи абрешим”, давлатҳои манфиатдор бояд чораҳо андешанд, ки ҳар навъ низоъҳо, кашмакашиҳо ва нооромиҳо ба амал наоянд ва агар ба иғвои баъзе гуруҳҳо ё давлатҳои даъвои манфиати танг дошта, ки каме дуртар ҷойгиранд, ба амал оянд, бояд бо истифодаи ақлу хиради солим зуд бартараф карда шаванд, тавре ки дар Ҷумҳурии нав соҳибистиқлолшудаи Тоҷикистон бо сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бартараф карда шуд. Танҳо дар шароити орому мувофиқ “Роҳи абрешим” вазифаи худро метавонад пурра ва босамар иҷро намояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин сиёсати оқилонаи дохиливу хориҷиро ба кор бурда истодааст, ки он имконият медиҳад то ҷумҳурии мо дар ҳалли муносибатҳои байналмилалӣ дар ҳолати фаъолияти судманд бошад. Сафарҳои Пешвои миллат ба мамлакатҳои Чин, Ҳиндустон ва Покистон ва дар давоми ин сафарҳои расмӣ ба даҳҳо санадҳои ҳамкориҳои мухталифи ба тарафъайн муфид имзо гузоштан, ин ҳама худ роҳи тоза эҳёшудаи абрешимро сол то сол қавитар намуда истодааст.
Вақте ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифтанд, Тоҷикистон тавре ки пӯшида нест, дар ҳолати ногувор ва ниҳоят вазнин монда буд. Дар оғоз сарвари давлат, ҳамчун ватандори асил изҳор намуданд, ки бояд тамоми чораҳоро андешида, нерӯ ва хиради дурандеширо ба кор бурда, ба ҷанги шаҳрвандии нанговару бемаънии марговару харобиовар, ки аслан аз берун роҳандозӣ шуда буд, хотима мегузоранд. Он вақт бояд қабл аз ҳама миёни тоҷикони Тоҷикистон сулҳу ваҳдат барқарор карда мешуд. Ин вазнинтарин ва мушкилтарин масъала дар натиҷаи талошҳои пай дар пайи Президенти мамлакат дар муддати нисбатан кӯтоҳ ҳалли худро ёфт. Пеши роҳи хунрезию, бенизомӣ ва парешонӣ гирифта шуд. Мардуми Тоҷикистон нафаси осуда гирифт ва дар таърихи Тоҷикистон давраи дигар – давраи созандагӣ ва ободкунӣ оғоз ёфт. Маҳз дар ҳамин давра бо сарварӣ ва пешниҳодҳои сарвари давлат аввалин қадамҳои назаррас барои эҳёи “Роҳи абрешим” гузошта шуд. Сарвари давлат дар суханрониҳои худ оид ба халос шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки яке аз шартҳои эҳёи “Роҳи абрешим” ба ҳисоб меравад, ҳамеша таъкидҳо мекарданд ва мо шоҳидем, чунин далел ҳастем, ки Президент худашон шахсан дар озод шудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳиссаи бузург гузоштаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 21 декабри соли 2021 оид ба ин масъала чунин баён доштанд: “Барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд. Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем”.[2]
Чун ба ин далелҳо назар мекунем, наметавонем ҳайрон нашавем, ки дар андак вақт ба ин гуна пешравиҳо ноил шудан чи тавр муяссар шудааст. Пас мувофиқ ба он мешавем, ки маҳз ҳамин гуна иқдом худ барои ҳалли масоили “Роҳи абрешим” ва эҳёи он мутобиқи тақозои замони нав мебошад. Дар замонҳои пештар бо сабаби кам будани роҳҳои осонгузари корвон ва саёҳони ҷудогона, адами пулҳо дар болои дарёҳои калон ва тамоман набудани нақлиёти техникӣ муддати сафари саёҳон, рафту омади тоҷирон ва аҳли адабу фарҳанг бисёр тӯл мекашид ва гоҳ-гоҳе дучори шикасту фалокат ҳам мешуд. Мо болотар ишора кардем, ки барои босуръат инкишоф ёфтани ҳама гуна муносибатҳо, аз ҷумла эҳё ва истифодаи “Роҳи абрешим” дар ҳолати ором будани ин ё он давлати корвонгузар ниҳоят муҳим аст. Дар сарзамини Афғонистон чандин солҳост, ки ҳатто нисбатан оромӣ дида намешавад. Ҳар вақте ки ин масъала ҳалли худро мусбат ёбаду рафту омад бо Афғонистон ва аз тариқи Афғонистон ба мамлакатҳои дигар, аз ҷумла Ҳиндустону Покистону Эрон ва ғайра зери таҳдиду хатар набошад, инчунин амният низ таъмин гардад, онгоҳ бехатарии “Роҳи абрешим” дар ин мамлакат ва истифодаи он, албатта, шакли фарохтар хоҳад гирифт. Барои ин аз ҷониби Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо муҳайё шудааст: ҳам роҳҳои замонавӣ ва ҳам пулҳои устувори болои дарёи байни сарҳадӣ сохта ва барои истифода дода шудаанд.
Ҳар як гӯшаи Тоҷикистони навин аз шаҳрҳои калон то хурдтарин деҳаҳо бо пешниҳодҳо ва дастгирии Сарварии давлат, Пешвои миллат сол то сол симои худро дар самти беҳтару зеботар шудан дигар карда истодааст. Дар шароити Тоҷикистони саросар кӯҳсор бунёди роҳҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ, кандани нақбҳои мошингузар ва таъмини ҳаракати бехатари нақлиёт кори саҳлу осон нест. Лекин маҳз ҳалли ҳамин гуна масъалаҳои бисёр душвор, вале ниҳоят муҳим ба шонаи Тоҷикистони навин вогузор шудааст, ки иҷрои онро мардуми меҳнатдӯсти тоҷик бо ифтихори ватандӯстии воқеӣ бо сарварии Пешвои худ бо сарбаландӣ ба ҷо оварда истодааст. Роҳҳои нави мошингард, ки ҷаводгӯи стандартҳои ҷаҳонианд, акнун Чину Тоҷикистону Афғонистон ва Осиёи Марказиро бо ҳам пайваст намуда истодааст. Ин роҳҳо бо сифати аълои хизматрасонӣ фарқ мекунанд. Дар китоби “Пешвои муаззами миллат” дар боби “Раҳоӣ аз бунбади коммуникатсионӣ” ин нуқта махсус зикр карда шудааст: “Бо шарофати роҳҳои барқароршуда ва роҳҳои нав бунёдгардида имрӯзҳо ҳаракати пайвастаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ ва берун аз он дар ҳама фасли сол таъмин карда шудааст. Яъне рушди шабакаҳои роҳ ва инфрасохтори нақлиёти дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои мардуми кишвар маҳсуб меёбад. Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон суръати сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, пулу нақбҳо бо иншооти дигари нақлиётӣ боло рафта, дар натиҷа кишварамон аз бунбасти коммуникатсионӣ берун омад”.[3]
Барои тоҷирон, мусофирон, ронандаҳои автомобилҳои боркаш, сайёҳон, меҳмонон ва ғайра дар шаҳрҳои Тоҷикистон меҳмонхонаҳои ба дараҷаи хубу аъло муҷҷаҳаз гардида, ки ҳар кадом ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд, сохта ба истифода дода шудаанд, яъне ин паҳлӯи ниёзмандиҳои “Роҳи абрешим” низ дар маркази диққат мебошад. Сохта ва ба истифода дода шудани пулҳои хурду калон барои бе таваққуф идома додани корҳои тиҷоратӣ ва рафту омади доимии тоҷирон мусоидат карда истодаанд.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти худ, новобаста аз он, ки муддати хеле камро дар бар мегирад, бо сарварии Пешвои худ Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолона ва бо манфиат кор кардани “Роҳи абрешим”, ки хизмати худро ҳанӯз аз асри дуввуми пеш аз милод оғоз карда буд, тамоми чораҳоро андешида истодааст. “Воқеан, Роҳи бузурги абрешим беҳтарин ва нодиртарин воситаи ваҳдати руҳиву маънавии одамони гуногунмиллату гуногунэътиқод буда, дар пойдор гардидани сулҳу осоиш дар рӯи Замин нақши муҳим мебозад”[4] ва дар эҳёи он саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол беназир аст.
Дар охир ҳамин нуқтаро бояд махсус зикр кард, ки Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда ташаббуси ҳукумати Чинро - "Як камарбанд – як роҳ", ки худ эҳёи “Роҳи абрешими нав” аст дастгирӣ намуда, барои амалӣ шудани ин иқдоми боманфиат саҳми муносиб гузошта истодаанд.
Раҷабов Ҳабибулло – д.и.ф.,сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
[1] Мардони Т. Проблемҷ современной таджикской арабистики. Душанбе, 2024. С. 364.
[2]https://mfa.tj/.../pajomi-prezidenti-tojikiston-peshvoi...
[3] Пешвои муаззами миллат. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Душанбе, 2019, с. 188.