Skip to main content

24 июни соли 2024 дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо макроминтақаи Аврупо: ҳолат ва дурнамои рушд” (Бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ) баргузор гардид.

Дар кори конференсия олимон, коршиносон ва муҳаққиқони самти таҳқиқоти Аврупо, аз ҷумла доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова, ки бевосита гардонандаи конференсия буданд, дар мавзуъҳои мухталифи марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо макроминтақаи Аврупо суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, меҳмонони конференсия, аз ҷумла Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ ва Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дилшод Сафаров вобаста ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуданд.

Дар суханрониҳо масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои мутараққии ин минтақа, аз ҷумла динамикаи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия, тағйироти манзараи геополитикии системаи муосири муносибатхои байналхалкӣ, ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Олмон дар марҳалаи муосир, марҳилаҳои асосии ташаккул ва инкишофи муносибатҳои Тоҷикистон ваИттиҳоди Аврупо, ҷанбаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳаввули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар шароити нави муносибатҳои байналмилалӣ, Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Аврупо, нақши расонаҳои аврупоӣ дар ташаккули шинохти байналмилалии Тоҷикистон, умумият, хусусиятҳо ва тафовути ташаббусҳои Иттиҳоди Аврупова Ҷумҳурии Мардумии Чин: “Дарвозаи ҷаҳонӣ” ва “Камарбанд ва роҳ”: имконот ва паёмадҳо барои Тоҷикистон, хусусиятҳои самтҳои асосии ҳамкории Тоҷикистони муосир ва Иттиҳоди Аврупо, Аврупошиносӣ дар Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ, истифодаи мақсадноки зарфиятҳои иқтисодии ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мероси фарҳангӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.

Таҳқиқу таҳлили ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои макроминтақаи Аврупо дар замони муосир яке аз масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Зеро, чунин ҳамкориҳо дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти мутақобилан судмандро доро буда, яке аз муҳиммияти баргузории конфронси мазкур низ маҳз дар ҳамин матлаб зоҳир мегардад.

Қайд гардид, ки дар замони муосир ва дар қаринаи шаклгирии низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои бисёрсамта бо кишварҳои пешрафтаи узви Иттиҳоди Аврупо яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, то кунун қолабҳои гуногуни ҳамкорӣ дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба идома доранд.