Skip to main content

17 январи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – роҳнамо ба фардои дурахшон” бо иштироки олимони соҳа ҳамоиши илмӣ доир гардид.

Ба кори ҳамоиш директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадизода Нозим ҳусни оғоз бахшид. Таъкид гардид, ки Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастовардҳо, муваффақиятҳо ва мушкилоти соли сипаришуда, вазъи ҳозира, дурнамои рушд ва вазифаҳо барои соли минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос менамояд. Ҳамасола Паёмҳои Роҳбари давлат барои фаъолияти ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва умуман, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун дастурамал ва роҳнамо хизматменамоянд.

Дар идома академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмудзода Маҳкам дар суханронии хеш чанд нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ доданд. Аз ҷумла, академик Маҳмудзода Маҳкам зимни суханронӣ таъкид дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба хотири ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳо дар арсаи байналмилалӣ ба вазорату идораҳои мухталиф дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Инчунин зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷлили 2550- солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба масъулин дастур доданд, ки маводҳои заруриро омода намуда, ба Юнеско пешниҳод намоянд.

Сипас, дигар аз олимону кормандон доир ба нуқтаҳои гуногуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” маърузаҳои хешро ироа доштанд.