Бо назардошти муҳимияти масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва манбаъҳои обӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ таи солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардиданд, ки ҳамаи онҳо бо қатъномаҳои Маҷмаи Умумии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ қабул карда шуданд, аз ҷумла:
- соли 2003 эълон шудани “Соли байналмилалии оби тоза”;
- эълон шудани даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт 2005-2015”;
- эълони “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”;
- эълони даҳсоли байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,2018-2028”);
-эълони “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025”;
-эълони даҳсолаи байналмилалии илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034.
Ду иқдоми нав, яъне «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “Даҳсолаи байналмилалии омӯзиши илмҳои криосферӣ, солҳои 2025-2034”, ки бештар ба омӯзиши пиряхҳо ва ҷузъиёти дигари қишри криосфера, равона гардидаанд. Бо назардошти таҳаввулоти иқлимии минтақаи моро фаро гирифта, омӯзиши дақиқи криосфера ва сабабҳои обшавии босуръати пиряхҳо дар давоми даҳсолаҳои охир аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.
Сабабҳои обшавии пиряхҳо гуногун буда, яке аз сабаби асосӣ ин албатта гармшавии глобалии ҳарорат дар руи замин мебошад вале дар баробари ин якчанд сабабҳои дигар низ ба ин раванд таъсиргузор мебошанд.
Афзоиши истихроҷи сарватҳои табиӣ, ки рушд ва некуаҳволии ҷомеъа бо он пайвастагии ногусастанӣ дорад, яке аз омилҳои таъсиррасон ба ин раванд дониста мешавад. Бинобар афзоиши талаботи иқтисодиёти ҷаҳон ба сарватҳои табиӣ, хусусан ашёи минералӣ ҳамасола ҳаҷми корҳои вобаста ба истифодабарии қаъри замин зиёд гашта, таъсиррасонии техногенӣ ба муҳити зист тамоюли бештарро касб намуда истодааст.
Дар кишвари мо низ баъд аз эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои рушди саноат ҳаҷми корҳои иктишофи геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок бо суръат афзоиш ёфта, шумораи зуҳурот ва конҳои канданиҳои фоиданок ба маротиб зиёд шуда истодаанд. Ин раванд дар мисоли зиёдшавии корхонаҳои истихроҷи ангишт ва истеҳсоли семент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бараъло мушоҳида мегардад. Айни замон истихроҷи ангиштсанг дар конҳои Шӯроб, Назар Айлоқ, Кафтархона, Фан-Яғноб, Ғузн, Зиддӣ, Ҳакимӣ, Сайёд ва Даштиҷум бо усулҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Қобили зикр аст, ки ҳаҷми истихроҷи солонаи ангишсанг дар соли 2024 то ба 2 млн. 300 ҳазор тонна расонида шудааст.
Истихроҷи ашёи минералӣ барои истеҳсоли семент бошад дар гирду атрофи шаҳри Душанбе, Ваҳдат, Исфара, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ёвон ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат босуръат идома дорад . Истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ ба 4 млн. 300 ҳазор тонна дар соли 2024 баробар шуда, қисме аз он ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.
Албатта дастовардҳои зикргардида назаррас буда аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ин муваффақиятҳо заминаи хубро барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии сокинони мамлакат фароҳам меоварад, зеро чунин лоиҳаҳо барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи давлат мусоидат менамоянд.
Вале набояд фаромуш кард, ки риояи талаботи қоидаҳои бехатарии экологӣ ва андешидани чораҳо баҳри пешгирӣ ва кам кардани оқибатҳои таъсири манфии корҳои истихроҷӣ ба табиат вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як истифодабарандаи қаъри замин ба шумор меравад.
Дар аксари объектҳои дар боло зикргардида истихроҷи ангишт ва маводи сементӣ бо усули руизаминӣ ё кушода иҷро карда мешаванд, ки ин ба ҳолати муҳити зисти табиӣ аз ҷумла ба пиряхҳо бетаъсир буда наметавонад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳангоми иҷрои корҳои истихроҷи руизаминӣ бо истифода аз маводи тарканда, ҳаҷми зиёди кандании фоиданок ва ҷинсҳои куҳӣ аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчонида шуда, бутунӣ ва устувории қитъаҳои алоҳида вайрон мегарданд ва ба атмосфера чанг, оксидҳои карбон ва нитроген, ангидриди сулфат, карбогидридҳо ва дигар газҳои ғализ партофта мешаванд. Ин ҳама ба ифлосшавии кимиёвӣ ва воқеъии муҳити зист яъне ҳавои атмосфера, обҳои руизаминӣ ва зеризаминӣ, қитъаҳои алоҳидаи замин, нестшавии бошишгоҳҳои ҳайвонот ва растаниҳо оварда мерасонад.
Бо назардошти хусусиятҳои таъсиррасонии ин корҳо ба табиат, гуногуншаклӣ ва бузургҳаҷмии онҳо ҳар як истифодабарандаи қаъри замин барои эмин нигоҳ доштани муҳити зист аз оқибатҳои манфии корҳои зикргардида бояд аз паи таъсис додани шабакаи мушоҳидавии экологии босамари замонавӣ шавад. Ҷиҳати ба даст овардани маълумоти инъикоскунандаи ҳолати воқеъӣ дар мавзеъҳое, ки истихроҷи ангиштсанг ва маводи сементӣ ба роҳ монда шудаанд, бояд мушоҳидаҳои махсуси маҷмуӣ бо мақсади муайян намудани ифлосшавии ҳавои атмосфера, замин ва обҳои табиӣ гузаронида шаванд, то ин, ки қитъаҳои бештар зарардида ошкор карда шуда, барои солимгардонии онҳо чораҳои мақсадноки саривақтӣ андешида шаванд.
Бояд зикр кард, ки дар ҷараёни фаъолияти истеҳсолӣ таъмини пурраи бехатарии экологӣ мутаасифона имконнопазир аст, яъне таъсис додани раванди бехатарии экологии мутлақ дар кони кандании фоиданок ғайриимкон аст. Вале ин набояд истифодабарандагони қаъри заминро водор намояд, ки аз уҳдадориҳои ба зимма доштаашон дар таъмини бехатарии экологӣ сарфи назар намоянд ва онҳо корро тавре бояд ба роҳ монанд, ки хатари паҳншавии партовҳои зараррасон ба муҳити зист аз байн бурда шавад.
Барои ноил шудан ба ин мақсад бояд дар объектҳои корӣ воситаҳои техникии санҷишии ҳолати муҳити зист насб карда шуда, санҷиши мунтазами ҳама гуна воситаҳои техникӣ, таҷҳизоти иктишофи геологӣ ва истихроҷии куҳӣ гузаронида шаванд. Инчунин таҷҳизоти муосир ва замонавӣ харидорӣ карда шуда, чорабиниҳое, ки барои ба даст овардани тавозун байни фаъолияти истеҳсолии корхона ва муҳити зист равона шудаанд, татбиқ карда шаванд.
Абдусалом Маҳмадалиев, номзади илмҳои геология ва минералогия,
сарходими илмии озмоишгоҳи МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ