Skip to main content

Дар ҳама давру замон Истиқлолу озодӣ барои инсоният волотарин арзиш ва муҳимтарин неъмат ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихор ва сарафрозӣ аст, ки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон аз ҷумлаи хушбахтарин миллатҳое мебошад, ки истиқлолу озодӣ ва давлати соҳибихтиёри худро дорад.

Албатта, ин дастоварди таърихӣ ва нодири миллат ҳар як фарди тоҷикро водор менамояд, ки бо эҳсоси баланди масъулият дар назди наслҳои гузашта, имрӯза ва ояндаи кишвар дар роҳи ҳифз ва таҳкими истиқлоли Тоҷикистон талош намояд. Зеро шароит ва марҳалаи аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ барои миллати мо чун дигар халқу миллатҳо осон сипарӣ нагардид.

Хушбахтона, ба бахти миллати соҳибфарҳанги тоҷик аз байни мардуми мо фарзандони фарзонае бо афкори равшан ва миллӣ ба саҳнаи сиёсат ворид гардида, ҳизберо ташкил намуданд, ки миллатро ба сулҳ ва давлатро ба субот расониданд ва дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ саҳми хеле бузург гузоштанд.

Агар ба таърихи ташаккул ва рушди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз нигоҳи имрўз назар афканем, ба хубӣ равшан мегардад, ки ин ниҳод воқеан ҳам дар таърихи муосири миллат ва давлати мо падидаи нотакрори сиёсӣ буда, дар таҳкими истиқлоли давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди тамоми соҳаҳои фаъолияти давлати тоҷикон саҳми хеле назаррас дорад.

Вобаста ба ин қобили зикр аст, ки илми сиёсӣ собит намудааст, ки ҳизбҳо ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ бо фарогирии афкори муайян ва арзишҳои хос ташаккул ёфта, дар ҷомеа пайравони худро пайдо менамоянд ва дар татбиқи ҳадафҳо ва таъмини рушди давлат нақши худро мегузоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди бадастории истиқлоли сиёсӣ бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати дунявию ҳуқуқӣ ҳамчун ҳадафи калидӣ қарор гирифт, имкон фароҳам омад, ки дар асоси плюрализми сиёсӣ дар ҷомеа ҳизбҳои гуногун ташаккул ёфта, дар татбиқи талабот ва ҳимояи манфиатҳои аҳли ҷомеа саҳми худро гузоранд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни онҳо аз ҷумлаи чунин ҳизбҳои оммавие мебошад, ки дар системаи сиёсии ҷомеа аз аввали ташаккули худ нақши намоён гузошта истодааст. Бо баёни чанд нуктаи муҳим метавон нақши ин ҳизбро ҳамчун падидаи нави сиёсӣ дар таъмини субот дар Тоҷикистон ва пешрафти он равшан намуд.

Ҳангоме, ки дар бораи падидаи сиёсӣ сухан меравад, бояд таъкид намуд, ки дар фалсафаи сиёсат ва хусусан, дар илми феноменология ё падидашиносӣ ин мафҳум ба ду маънии асосӣ мавриди истифода қарор дорад. Аввалан, падида ё феномен ба маънии зуҳурот, ҳодиса ё воқеаи нодир ва беназир. Сониян, падида ҳамчун зуҳуроти эҳсосшаванда, мушоҳидашаванда, ки дарку идроки ҳиссии он имконпазир аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун падида маънию муҳтавои ин мафҳумро дар ҳар ду ҷанбааш фаро мегирад, зеро ин ниҳод дар ҳақиқат ҳам дар таърихи муосири мо як падидаи беназир, бе мислу монанд аст ва аз ҷониби дигар, фаъолияти ҳизб, натиҷаҳои татбиқи ҳадафҳои барномавии он дар воқеияти иҷтимоии кишварамон эҳсос мешаванд ва ҳар як фарди равшандил муаффақияту комёбиҳои онро бо чашми сару бо чашми дил мушоҳида мекунад.

Яке аз муваффақиятҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки онро чун падидаи сиёсӣ муаррифӣ мекунад, ба андешаи мо ин аст, ки дар меҳвари оиннома ва барномаи худ ормонҳои миллат ва ҳадафҳои Конститутсионии давлатро гузоштааст. Чунонки медонем, соли 1993, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳамоно дар ҳоли авҷ буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба эътидол овардани вазъ ва ҳифзи афкори шаҳрвандон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тахрибкор, ифротӣ ва таъмини рушди устувори давлат идеяи ташкили ҳизби навро пешниҳод намуданд. Бо ин мақсад 12 июни соли 1993 Кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил гардида, 10 декабри соли 1994 Оиннома ва Барномаи ҳизб қабул гардид. Ва ин ниҳод таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва рушди устувори онро ҳадафи асосии фаъолияти худ қарор дод, ки ҳамаи ин бо Конститусияи ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидаанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон инчунин бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, аз рўзҳои аввали фаъолияти худ тамоми донишу маҳоратро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар намуд. Ҳамзамон ҳадафҳои ҳизби мо ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат равона гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бонуфузтарин ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ аст ва аз рӯйи эътибору иқтидори маъмурӣ, идеологӣ, аъзо ва таркиби иҷтимоии аъзоёнаш бо ҳизбҳои дигар муқоисанашаванда аст. Ҳизб ҳам иқтидори зиёди маъмурӣ дорад ва ҳам эътибораш миёни омма бузург аст, ин ниҳод падидаи сиёсиест, ки зодаи ормонҳои халқ ва ифодагари ҳадафҳои бунёдии давлатдории миллӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар ташаккул ва рушди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби бонуфуз ва соҳибэътибор ва падидаи нотакрори сиёсӣ нақши се омил калидӣ аст:

Аввалан, Роҳбари ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки худ як шахсияти бузурги сиёсӣ дар таърихи муосири халқи тоҷик ва падидаи нотакроранд. Аз ин рў мардуми мо дар симои ҳизб роҳбари оқилу доно ва дар симои роҳбари он ҳизби тавоноро мебинад.

Дуюм, нерӯи зеҳнии ҳизб хеле бузург аст. Дар сафҳои он дар баробари қишрҳои дигари иҷтимоӣ, олимону зиёиёни ҷумҳурӣ қисмати муҳимро ташкил медиҳанд. Сифатнокии таркиби ҳизб бошад, самаранокии фаъолияти ин падидаи сиёсиро таъмин мекунад.

Сеюм, барномаҳои ҳизби мо ҷузъи барномаҳои имрӯзаи рушди васеи ҳамаи соҳаҳои фаъолияти давлат мебошанд. Ин хусусият Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба як неруи давлатсозу давлатдор табдил додааст, ки худ низ як падидаи беназир маҳсуб мешавад.

Ва ниҳоят, доштани дастгоҳи пурқуввати ташвиқоту тарғибот, яъне нашрияҳо, сомонаҳои иҷтимоӣ ва аъзои фаъолу ҳушманд ба ҳизб боз ҳам неруи дигари тозаву таъсиргузор мебахшанд.

Ҳамин тавр, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як неруи бонуфузи сиёсӣ бо барномаи фарогире ба майдони сиёсат ворид гаштааст, ки он рушду таҳаввули тамоми самтҳо ва бахшҳои ҳаёти кишварро дар бар мегирад. Аммо, муҳимтар аз ин, худи таҳияи чунин барнома нишон медиҳад, ки раванди сиёсии Тоҷикистон ба марҳалаи навини рушди худ ворид шуда, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсии давлат аз сатҳи «маҳфилҳои сиёсӣ» ва «ҷамъиятҳои соҳавӣ» гузашта, ба сатҳи созмонҳои баркамоли ҷамъиятию сиёсӣ расидаанд. Маҳз доштани ҷасорат ва масъулиятпазирии миллӣ, мавқеи давлатмеҳвару ваҳдатофар ва барномаҳои фарогири воқеънигаронаю амалгароёна яке аз нишонаҳои равшани фарорасии ин марҳалаи рушди сиёсии ҷомеа мебошад. Ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мисоли равшани мавҷуд будани чунин падидаи сиёсӣ дар воқеияти иҷтимоии кишвари мо аст.

Дар ниҳоят ин нуктаро таъкид кардан зарур аст, ки имрӯз фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳз дар доираи мавқеи миллӣ сурат мегирад. Агар ба баҳси таносуби мавқеи сиёсии ҳизбӣ ва мавқеи миллӣ назар кунем, бояд тазаккур дод, ки ҳизби мо мавқеи мушаххаси сиёсӣ ва барномаи мушаххаси ҳизбии худро дорад ва мафҳуми ҳизби сиёсӣ буданаш низ дар ҳамин ифода мешавад. Дар айни замон, мафҳуми «мавқеи миллӣ», мафҳуме болотар аз мавқеи сиёсӣ буда, он сатҳи баландтари мавзуъҳо ва дарки масъалаҳоеро ифода мекунад, ки моҳияти усулӣ дошта, сарнавишти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои бунёдии ҷомеа, ҳифзи суботу амнияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои аслии ҷомеа ва будану набудани давлати миллӣ ба онҳо вобаста аст. Яъне, «мавқеи миллӣ» ин пеш аз ҳама вусъат ва он сатҳи тафаккур аст, ки метавонад манфиати давлати миллиро фаро гирад.

Қобили зикр аст, ки мавқеи сиёсии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва мавқеи миллии он бо ҳам дар тазод нестанд, балки якдигарро комил мекунанд. Яъне, ҳизби мо дар масъалаҳои гуногуни ҷомеа мавқеъгириҳо ва барномаи хоссаи худро дошта, дар масъалаҳои усулие, ки ба ҳифзи давлату давлатдорӣ, ҳифзу суботу амнияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои усулии эътиқодию фарҳангии миллат, манфиатҳои миллию давлатӣ ва рушди миллӣ дахл дорад, дар мавқеи миллӣ қарор дошта, аз мавқеи миллӣ баромад менамояд.

Дар баробари ҳамаи ин боиси ифтихор аст, ки дар тамоми даврони фаъолияти худ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро дар ҳамаи соҳаҳо амалӣ мегардонад.

Бояд қайд намуд, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027, ки бо номи “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” пешниҳод гардидааст, тамоми ҳадафҳои пешрафти давлат ва масъалаҳои ҳалталаби он фаро гирифта шуда, Раиси муаззами ҳизб дар он чунин ҳадаф гузоштаанд: “Мо дар ҳафт соли оянда мақсад гузоштем, ки рушди устувори иқтисоди миллиро таъмин намоем, дар доираи татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо ҷалби бахши хусусӣ корхонаҳои истеҳсолии нав бунёд кунем ва истеҳсоли маҳсулоти ба рақобати бозор тобовар ва ба содирот нигаронидашударо ба роҳ монда, тамоми иқтидорҳои мавҷударо дар ин самт сафарбар созем.

Ҳамзамон бо ин, вазъи соҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва бахшҳои дигарро беҳбуд бахшида, ба сокинони мамлакат барои расидан ба зиндагии шоиста имконияти бештар фароҳам оварем.”

Ҳамин тавр, агар ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 30 соли сипаришуда назар намоем, маълум мегардад, ки ин ҳизби бонуфуз таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи сиёсӣ дар таърихи муосири халқи мо барои расидани миллат ба саодат ва татбиқи ҳадафҳои олии давлат нақши муассири худро гузошта истодааст.

Бо итминони комил метавон қайд намуд, ки татбиқи ҳадафҳои оинномавии ҳизб барои расидан ба ормонҳои миллӣ мусоидат намуда, пояҳои давлатдории миллиро минбаъд низ мустаҳкам хоҳад кард.

Зиёӣ Хуршед Махшулзода - доктори илмҳои фалсафа, профессор