Skip to main content

КИТОБХОНАИ МАРКАЗИИ ИЛМИИ БА НОМИ ИНДИРА ГАНДИ

Таърихи китобхона

Китобхонаи марказии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Ганди  дар асоси Қарори собиқ Шӯрои Комиссарони ИҶШС ва Президиуми Академияи илмҳои ИҶШС  соли 1933 таъсис дода шудааст. Ҳангоми таъсиси китобхона фонди китобии онро теъдоди 2 ҳазор нусха китоб ташкил медод ва теъдоди китобдор аз як нафар иборат буд. Фаъолияти пурраи худро Китобхонаи мазкур аз моҳи апрели соли 1933 шуруъ намуд. Тӯли замон миқдори теъдоди адабиётҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷи кишвар ворид шуданд, ки онро маводҳои чопии тамоми соҳаҳо ташкил медод. Боиси зикр аст, ки Китобхонаи марказии илмии  Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон дорои имконияти гирандаи нусхаҳои ҳатмии маводи чопӣ ва илмии тамоми муассисаҳои илмии ИДМ ва хориҷӣ кишвар гардид. Саҳми С.Ф. Ольденбург, ки роҳбари аввали АИ Тоҷикистон буд, дар бунёди китобхона ва рушди самтҳои  кори  он  аҳамияти калон дорад. Аз соли 1933 то 1940, фонди китоб доимо пур карда мешуд ва ба 36 ҳазор ҷилд расид. Соли 1951 вақте, ки Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт, китобхона яке аз калонтарин китобхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Аз соли 1984 бо Қарори Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон ба Китобхона номи Индира Гандӣ дода шуд.

Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар соли 1991 Ҳукумати Ҷумҳурӣ рушди анъанаи китобдорию  китобшиносиро яке аз самтҳои асосии сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, бо вуҷуди мушкилоти иқтисодию иҷтимоии солҳои аввал шароити лозимро барои низоми ҷадиди соҳа фароҳам овард. Кунун ҳаллу фасли масоили китобдорию китобшиносӣ ба тарзи мустақил бо дарназардошти илми соҳа ва татбиқи шеваҳои ҷадид сурат мегирифт, яъне бо тақозои талаботи давлати мустақил ҳама риштаҳои соҳа пайваст гардиданд.

Ваифаи китобхона

Китобхона хазинаи давлатии адабиёти илмӣ ва техникаи ватанӣ  ва хориҷӣ мебошад ва барои иҷрои ин вазифа фаъолиятҳои фавқро ба зимма гирифтааст:

- ба истифодабарандагон пешниҳод намудани маҷмӯаи санадҳои ватанӣ ва хориҷии аҳамияти илмӣ дошта тавассути ҳамаи навъи воситаҳои чопӣ: анъанавӣ (нашрҳои чопӣ), электронӣ (дар компютер, компакт дискҳо), савтӣ (китобҳои гӯё, овоздор), маҷозӣ (дастёбӣ ба манобеи Интернет);

- хизматрасонии китобдорӣ, иттилоотӣ, иттилоотию библиографӣ ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳҳо ва донишкадаҳои Тоҷикистон, корхонаҳои истеҳсолии  ватанӣ;

- коркарди илмӣ ва дастрасӣ ба фондҳои Китобхона тавассути низоми феҳристҳои анъанавӣ ва электронии муосир, фароҳам овардани китобхонаҳои электронӣ, манбаъҳои иттилоотӣ ва хазинаҳои маълумот, ташкили дастрасии озод ба онҳо ва дигар захираҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ, ширкат дар табодули иттилоотӣ;

- ташкил ва идораи беҳдошти депозитарии адабиёти илмию техникии ватанӣ ва хориҷӣ;

- ташкил ва пешбурди корҳои илмӣ – таҳқиқотию амалӣ дар соҳаи китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографӣ ва таърихи китоб;

- ташкилу татбиқи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи китобдорӣ;

- густариши робитаҳои мустақим бо китобхонаҳои кишвар ва мамлакатҳои хориҷӣ;

- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ;

- ширкат дар ҳамкориҳои байналмилилии соҳаи китобдорӣ;

- татбиқи дигар намуди фаъолиятҳое, ки ба мақсад ва вазифаҳои Низомномаи Китобхона мутобиқат мекунад. 

Сохтори китобхона

 Китобхона дорои дастгоҳи идорӣ буда, сохтори он аз 12 шуъба иборат аст:

1. Шуъбаи мукаммалгардонии фонд. Вазифаи шуъба: пурракунии комили хазинаи Китобхона бо адабиёти илмӣ ва маводи иттилоотии нашрияҳои ватаниву хориҷӣ.

2. Шуъбаи феҳристнигорӣ ва мураттабсозии адабиёт. Вазифаи шуъба: татбиқи стандартҳои давлатӣ дар самти феҳристнигорӣ ва гурӯҳбандии адабиёти ба захира воридшуда, таҳияи феҳристҳои анъанавию электронӣ ва пешниҳоди онҳо барои истифодаи хонандагон.

3. Шуъбаи хизматрасонӣ. Вазифаи шуъба: роҳандозии хадамоти китобдорӣ – библиографӣ ба хонандагони Китобхона.

4. Шуъбаи маълумотдиҳии библиографӣ. Вазифаи шуъба: пешниҳоди маълумотномаҳои хаттиву шифоҳӣ ба хонандагон ва қонеъ намудани талаботи иттилоотӣ – библиографии онҳо.

5. Шуъбаи иттилоърасонӣ. Вазифаи шуъба: ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхона.

6. Шуъбаи библиографияи илмӣ. Вазифаи шуъба омоданамоии дастурҳои библиографӣ ва биобиблиографӣ мебошад.

7. Шуъбаи адабиёти хориҷӣ. Вазифаи шуъба: фароҳамоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғибу ташвиқи адабиёти хориҷӣ доир ба илмҳои математика, физика, кимиё, биология, шарқшиносӣ, санъатшиносӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва дигар илмҳо, ки бо забонҳои арабӣ, форсӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ интишор ёфтаанд.

8. Шуъбаи адабиёти нодир. Вазифаи шуъба: ҳифзу нигоҳдории китобу рисолаҳои пуарзиши илмии нодиру камёб.

9. Шуъбаи ҳифзи адабиёти ватанӣ. Вазифаи шуъба: ҳифзу нигоҳдории китобҳо ва маводи ахборотӣ доир ба ҳамаи соҳаҳои дониш, ки ба забони давлатӣ ва дигар забонҳои давлатҳои ИДМ интишор ёфтаанд.

10. Шуъбаи депозитарӣ. Вазифаи шуъба: ҳифзу нигоҳдорӣ ва ба хонандагон пешкаш кардани китобҳои камталаб ва маводи иттилоотӣ, ки дар Китобхона маҳфузанд.

11. Шуъбаи хоҷагӣ. Вазифаи шуъба: таъмини беҳдошти амният ва ҳолати санитарии хазинаҳои китоб, шуъбаҳои Китобхона ва таъмин намудани Китобхона бо васоити техникӣ ва маводи зарурии корӣ.

12. Шуъбаи маъмурӣ. Вазифаи шуъба: ба танзимдарории фаъолияти Китобхона, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва таъмини назорати фаъолияти онҳо дар китобхона.

        

Фондҳои китобхона:

Китобхона дар маҷмӯъ дорои беш аз 1,4 млн. нусха ҳуҷҷатҳои чопиву электронӣ оид ба  соҳаҳои гуногуни илму техника мебошад.

Фонд дорои хусусияти универсалӣ буда, аз се бахш иборат аст: бахши китобҳо, бахши маҷаллаҳо ва бахши рӯзномаҳо.

Таркиби фондҳои Китобхона миқдоран чунин аст:

1.  Хазинаи адабиёти илмӣ              605 000 нусха

2.  Хазина адабиёти нодир ва дастхатҳо 40 000 нусха

3.  Хазинаи адабиёти хориҷӣ            10 510 нусха

4.  Хазинаи адабиёти депозитарӣ    169 490  нусха

5.  Хазинаи маҷаллаҳо     198 000 нусха

6.  Хазинаи рӯзномаҳо    1700 нусха

7.  Хазинаи умумии  китобхонаи электронӣ  150000  нусха

Аз ҷумла,  адабиёти электронии илмӣ 130 000 адад ва адабиёти бадеӣ 20 000 ададро ташкил медиҳад.

Барои дарёфти адабиёти зарурӣ дар Китобхона феҳристҳои «алифбоӣ» ва «мураттабӣ» ташкил карда шуда, дар маҷмӯъ, онҳо дорои  беш аз 4 миллион баргаҳои феҳристӣ мебошанд. Ҳамзамон, Китобхона дорои феҳристҳо ба забони русӣ - «Тоҷикистоншиносӣ» («Таджикистаника») ва “Олимони Тоҷикистон” («Ученые Таджикистана») мебошад.

Таъмини китобхона бо адабиёти тозанашри илмӣ ва илмӣ-техникӣ:

Китобхона пайваста ба адабиёти тозанашри илмӣ ва илмӣ-техникӣ таъмин мегардад. Танҳо дар давоми солҳои 2018-2023 ба фонди китобхона 12020 китоб, 2866 брошюра, 1389 рисолаи илмӣ, 2205 автореферати  рисолаҳои илмӣ, 4005 маҷалла, 3800 рӯзнома ворид гардидааст.

Дар шуъбаи иттилоотрасонии Китобхона дар феҳристи электронии ИРБИС беш аз 100 000 китоб ворид карда шуданд.

Шумораи хонандагони китобхона аз ҳисоби олимону мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, унвонҷӯёну аспирантон, магистрантон ва дигар категорияҳои кормандони илмӣ пайваста меафзояд. Танҳо дар давоми солҳои 2023 ва шаш моҳи соли 2024 ба китобхона 910 хонандагони нав ба қайд гирифта шудаанд.

Имкониятҳои техникиву технологии китобхона:

Баҳри дар сатҳи баланд ва саривақт қонеъ гардонидани талаботи олимону мутахассисон китобхона бо 30 адад компютер, 6 адад принтер,  4 адад сканер, 3 дастгоҳи нусхабардорӣ, 1 мултипроектор, мизу курсӣ, рафҳои китобгузорӣ, дастгоҳҳои ҷойгиркунии феҳристҳо (каталожные тумбы)  таъмин мебошад.

Китобхона барои дастрасии мунтазам ба адабиёти илмӣ ва таълимӣ, тавассути толори интернетии худ, муштариёнро ҳамарӯза бо «Китобхонаи виртуалии илмии Тоҷикистон», ки дорои 16,5 ҳазор маҷаллаҳои илмӣ ва 12,8 млн. мақолаҳои илмӣ ва «Системаи китобдории электронии Россия «Книга-Фонд», ки дорои 152 ҳазор адабиёти илмӣ мебошад, мепайванданд.

Китобхона барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти хонандагон ба манбаҳои муҳими иттилоотиро дар радифи пешниҳоди феҳристҳои электронӣ дар низоми on-line фаъол ва дастраси хонандагони муқимӣ ва маҷозӣ гардонидааст.

Дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд Китобхона  феҳристҳои электронии худро дар платформаи боэътимоди интернетии Китобхонаи оммавии илмӣ-техникии  Россия (ГПНТБ) ҷойгир намуда, ба ин васила дасрасии хонандагони муқимӣ ва маҷозиро ба манобеи  электронӣ таъмин менамояд.

 Китобхона таҳияи феҳристҳои электронии «Китобҳои нодир», китобҳои тибқи лоиҳаи «Китобхонаи Пушкин» ба Китобхона воридшуда, феҳристи электронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмаон ва феҳристҳои электронии коллексияҳои шахсии олимон (М.Осимӣ, М.Андреев ва С.Олденбург)–ро   ба охир расонид.

Кормандони китобхона инчунин ба таҳияи нашрияҳои ҳаҷман хурд, аз ҷумла ҷузваҳои рекламавӣ (буклетҳо), руйхатҳои тавсиявии адабиёт, рӯйхатҳои иттилоотӣ, хатчӯбаҳо (закладки) барои китобҳо, ёддошт ба хонанда (памятки читателю), рӯнамои электронӣ ва пойгоҳи маълумотии дар мавзӯҳои гуногун, аз ҷумла «Олимони Тоҷик», «Саҳми олимони тоҷик дар рушди илм» ва ғайра машғул мебошанд.

Ҳамзамон, Китобхона таввасути сомонаи худ https://acadlib.org/, ки тарғибгари осори илмии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба хонандагони виртуалӣ хизмат мерасонад.  Дар он Ахборотҳои навин дар соҳаи илм, китобҳои электронӣ, дастовардҳои илмӣ, версияҳои  электронии  осори чопии китобхона ҷой дода шудаанд, ки истифодабарандагон метавонад, аз онҳо ба таври васеъ истифода намоянд.

Нашрияҳои итттилоотию библиографии Китобхона барои  олимону мутахассисон:

В 2017-2023 годах библиотекой изданы следующие библиографические издания: Солҳои 2017-2023 аз ҷониби китобхона нашрҳои библиографии зерин ба табъ расидаанд: «Далер Набиджанович Пачаджанов» (2017. 154 с.); «Каюмов Нуриддин» (2017. 198 с.); «Сафиев Хайдар Сафиевич» (2017. 120 с.); «Якубова Мухиба Мухсиновна» (2017. 96 с.); «Абдулхак Раджабович Файзиев» (2018. 107 с.); «Донишманди Соҳибназар» (2018. 114 с., 2023. 148 с.); «Зафар Джураевич» (2018. 188 с.); «Изатулло Наврузович Ганиев» (2018. 272 с., 2023. 548 с.); «Назаров Талбак Назарович» (2018. 130 с.); «Ахмедов Хаким Мунавварович» (2019. 144 с.); «Раҳмонзода Абдуҷаббор» (2019. 151 с.); «Абдуллаев Абдуманон» (2020. 91 с.); «Алиев Курбон» (2020. 125 с.); «Муҳаммад Осимӣ» ( 2020. 280 с.); «Огоназар Акназаров» (2020. 155 с.); «Пулат Бабаджанович Бабаджанов» (2020. 123 с.); «Рахим Масов» (2020. 134 с.); «Ғафуров Бобоҷон» (2021. 540 с.); «Мирзо Муллоаҳмад» (2021. 189 с.); «Набиев Абдухолиқ Мирзоевич» (2021. 159 с.); «Саидов Абдусаттор» (2021. 176 с.); «Сатторзода Абдунабӣ» (2021. 247 с.); «Бобоев Тошбой Бобоевич» (2022. 145 с.); «Тоҷиддин Нуриддин Мардонӣ» (2022. 165 с.); «Хикмат Хисориев» (2022. 252 с.); «Абулхаев Ракиб Абулхаевич» 168 (2023. 146 с.); «Мамадшо Илолов» (2023. 200 с.); «Искандаров Қосимшо» (2023. 138 с.); «Аскаралӣ Раҷабов» (2023. 219 с.) ва ғ.

Bacground Image