Skip to main content

Санаи 16.10.2024 дар Институти кимиёи ба номи В.И Никитини АМИТ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии 19-умин хонишҳои Нӯмоновӣ дар мавзӯи "Рушди кимиёи амалӣ ва бунёдӣ ва саҳми он дар саноатикунонии кишвар" баргузор гардид.

Дар кори конференсия меҳмонон дӯстдорони илм ва пайвандону шогирдони зиндаёд академик Нуманов Эшонқул Усмонович иштироки фаъол доштанд! Сухани ифтитоҳии конфренсияро директори Институт, д.и.х., профессор Сафаров Аҳрор Мирзоевич ҳусни оғоз бахшида, ҳозирини толорро хайрамақдам гуфта, барои иштироки фаъол дар кори конференсия изҳори ташаккурӣ намуданд. Тибқи барномаи кории конференсия сараввал суханронии ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои техникӣ, раиси Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АМИТ Амонзода Илҳом Темур шунида шуд.

Сипас сухани навбатӣ аз ҷониби академики АМИТ муҳтарам Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович дар мавзуи "Академик

И.У. Нуманов и научные традиции Института химии им. В.И. Никитина НАН

Таджикистана" шунида шуд.

Аз рӯи барномаи конференсия олимон ва муҳаққиқони равияи химия доир ба мавзӯъҳои илмии самтҳои гуногун баромад намуда, натиҷаҳои ба даст овардаи худро пешкаши аҳли толор намуданд.

Фарзандони олими зиндаёд Эшонқул Усмонович аз рӯзгор ва лаҳзаҳои хотирмони зиндагиашон бо падар ёдоварӣ намуда, ба ташкилкунандагони ин ҳамоиши илмӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Инчунин дар қисмати дувуми конференсия баромади муҳаққиқон аз рӯйи 7 бахш баргузор гардид.