“Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд” Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишварамон руйдоди воқеан ҳам сарнавиштсоз мебошад, ки бахтномаи кишвари мо 31 сол пеш, 6 ноябри соли 1994 ба таври демократӣ бо раъйпурсии умумихалқӣ, ки аксарияти ҳамватанони мо ба тарафдории он овоз доданд, қабул гардид ва моро ба ояндаи нек умедвор сохт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.
Боби якум - Асосҳои сохтори конститутсионӣ
Боби дуюм - Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд
Боби сеюм - Маҷлиси олӣ
Боби чаҳорум - Президент
Боби панҷум – Ҳукумат
Боби шашум - Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ
Боби ҳафтум - Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон
Боби ҳаштум - Суд
Боби нуҳум - Прокуратура
Боби даҳум - Тартиби тағйири конститутсия
Бояд ёдовар шуд, ки дар давоми 31 сол ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба бо тариқи раъйпурсӣ – 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои мустаҳкам намудани ақидаҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, волоияти худи меъёрҳои Конститутсия, қонунияти ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ, адолати судии конститутсионӣ ва назорати судии конститутсионӣ, дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайраҳо равона карда шудааст.
Конститутсияи давлати тоҷикон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон шинохта шуда, он бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад. Пояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ормонҳои миллӣ ва мардумии халқи мо бино ёфтааст. Ин санади муҳимми тақдирсоз давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба сӯйи комёбиҳои бузург раҳнамоӣ мекунад. Давоми 31 соли баъди қабули Конститутсия ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ва кулли паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешравиҳои бузург ба даст омаданд. Зеро Конститутсияи амалкунандаи ҷумҳуриамон кафили сулҳ, якпорчагӣ, Ваҳдати миллӣ ва пойдориву таҷассумгари давлату давлатдории мо, барномаи амал ва зиндагии шоиставу раҳнамои ояндаи дурахшони мардуми тоҷик аст.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ҳама сол дар кишвари соҳибистиқлоламон 6-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем. Дар ин рӯз дар тамоми минтақаҳои кишвар ҷашни пуршукӯҳ ва як рӯзи таърихӣ барномаҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор карда мешаванд.
Хулоса, Конститутсияи давлати демократии мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои халқи дорои таърихи бою рангинамон, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ва амаликунандаи умеду ормонҳои чандинасраи ниёгонамон бошад. Бо назардошти ҳамаи ин гуфтаҳо мо олимони ҷавони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи милли илмҳои Тоҷикистонро зарур аст, ки ба қадри тинҷию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва озодию истиқлоли миллии дар Конститутсия эълонгашта расида, дар фаъолияти ҳаррӯзаамон қоидаҳои муқарраркардаи Конститутсияи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри ободии кишвар ва ҳифзи истиқлолу якпорчагии он ҳаматарафа талош варзем.
Бобоев К.О – Мудири шуъбаи бехатарӣ ва амнияти химиявӣ, доктори фалсафа (PhD), Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
“Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.
Эмомалӣ Раҳмон
12 июни соли равон бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Дипломат” ва Шурои занони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонбахшида ба соли “Маърифати ҳуқуқӣ”, “30 солагии ҲХДТ” ва “Ваҳдати миллӣ” хониши сиёсӣ бо иштироки меҳмонон ва кормандони Институт баргузор карда шуд.
Тибқи барнома, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуд. Р.Ҷ. Ҳайдарзода қайд намуд, ки либоси миллии тоҷикӣ як ҷузъи фaрҳaнги бою ғaнии миллaти соҳибтaмaддуни мо бa шумор мерaвaд. Он ёдгор aз aҷдодони соҳибхирaд вa тaърихофaрaмон будa, дaр тӯли қaрнҳо зебоӣ вa ҷaззобияти худро гум нaкaрдaaст. Хушбaхтонa, бaъди бa дaст овaрдaни Истиқлоли дaвлaтӣ бо тaвaҷҷуҳи роҳбaрияти кишвaр бa эҳёи ҳунaрҳои мaрдумӣ вa тaшвиқу тaрғиби либоси миллӣ, бори дигaр ин ғaновaти фaрҳaнгӣ вa тaърихии миллaти тоҷик дaр кишвaр вa берун aз он мaҳбубият пaйдо нaмуд.
Бояд ёдрас гардид, ки чунин хонишҳои сиёсӣ бо иштироки намояндагони боломақоми ҳукуматӣ пайваста дар Институти мазкур гузаронида мешавад. Бинобар ин дар чорабинии мазкур, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Дилноза Даврон иштирок ва суханронӣ намуда, қайд намуд, ки дар баробари ҳамаи ин таваҷҷуҳи роҳбари мамлакат нисбат ба баланд бардоштани мавқеи занону бонувон кам нагардида, дар кишвар бо мақсади дастгирии минбаъдаи занону бонувон “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва амали он ба роҳ монда шудааст.
Сипас, мудири шуъбаи Аврупо, д.и.т., профессор Воҳидова Санавбарбону дар мавзуи “Таърихи атласу адрас дар фарҳанги тоҷик” баромад намуда, иброз дошт, ки атлас матои мунаққашест, ки тораш аз абрешиму пудаш аз ресмони пахтагин буда, дар дастгоҳи махсус бофта мешавад ва ба саломатӣ манфиатбахш аст. Атлас матои рангаю сернақшунигор буда аз рӯзи пайдоишаш то ба имрӯз сифат ва мавқеи хоси худро гум накарда, дар байни газворҳои дигари бофандагӣ “шоҳи матоъҳо” ба ҳисоб меравад.
Инчунин, ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик н.и.ф. Ваҳобова Назирахон дар мавзуи “Нақши занон дар таҳкими оила” баромад карда, иброз намуд, ки “Оила бо ҳама соддагии зоҳириаш, ҷаҳони мураккаб аст ва таҳкиму солимии он аз зан сахт вобастагӣ дорад. Аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат низ мисолҳо оварда қайд карданд, ки “Нақши зани босавод дар тарбияи кӯдакони солиму солимандеша ниҳоят муҳим аст”.
Ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупо, н.и.ф. Мадимарова Гулҳаё дар мавзуи “Либосҳои миллӣ бозгӯяндаи арзишҳои миллист” гузориши илмӣ намуда, оид ба фарҳанги либоспӯшии тоҷикон суханронӣ намуд. Инчунин, дар баромадаш қайд намуд, ки либоси чакан нақшҳои ба худ хос дошта, дар аксари матоъ офтоб ва гулҳои гуногун тасвир ёфтааст.
Дар фарҷоми барнома устодони ботаҷриба мулоҳизаронӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳангу миллат ба иштирокдорон тавсия ва пешниҳодҳои муфид намуданд. Ҳамчунин, нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсти ободгари тоҷик давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар нақши онҳоро дар устувор гардонидани тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар афзун намудааст. Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон қайд намуд, ки тайи зиёда аз 32 соли соҳибистиқлолии мамлакат занону бонувон дар тамоми соҳаҳо баробари мардон хизмати босамар намуда истодаанд.
Кӯмак ба олимони ҷавон ҷиҳати таҳияи мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти олимони ИФСҲ- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ҳамарӯза баҳри тақвият бахшидани корҳо дар ин самт як қатор чорабиниҳо амалӣ карда мешаванд.
Имрӯз, санаи 11-уми июни соли ҷорӣ ба магистрон ва докторантони phd- и ихтисоси 240102 - ҳуқуқшиносии ИФСҲ - и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби муҳаққиқи хориҷӣ, доктори илмҳои фалсафа Азизи Мухаммед Башир доир ба таҳия ва иҷрои мақолаҳо ва кори илмӣ семинари омӯзишӣ ташкил карда шуд. Семинарро номзади илмҳои педагогӣ С.Абдумуминзода оғоз намуда, иброз дошт, ки омӯзиши роҳу равиши таҳияи мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ барои магистрон мубрам буда, ташкили чунин семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки олимони варзида ба мақсад мувофиқ аст.
Доктори илмҳои фалсафа Азизи Мухаммед Башир дар семинари омӯзишӣ доир ба нозукиҳои таҳияи мақолаҳо ва рисолаҳои илмӣ ибрози андеша намуда, бо мисолҳо аз интихоби мавзӯи кори илмӣ то таҳияи он, сохтори таҳияи рисолаҳои илмиро шарҳу тавзеҳ дод.
Имрӯзҳо маҳз бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар муҳим арзёби мегардад. Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ нақши занонро дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта, маҳз барои таҳсил ва фаъолияти онҳо дар ниҳодҳои гуногуни давлатӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо фароҳам овардааст.
Дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои занон ва бонувон фаъолият менамояд, ки занону бонувон дар ҳар давру замон бо масъулияти баланди ватанпарастӣ дар пешрафти соҳаи илми кишвар ва баланд бардошатни нуфузу эътибори кишвари Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард. Бо ҳамин мақсад бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар байни занону бонувони академия курси омӯзишии “Зан сарвар” таъсис дода шуд.
Шурӯъ аз лаҳзаи фаъолият дар ин курс аз тамоми ниҳодҳои илмӣ бонувон 34 нафар иштирок намуда, аз суҳбат бо бонувоне, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши устувор гузоштаанд баҳравар гардиданд.
Имрӯз (11.06.2024) зимни вохурии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо занону бонувон курси аввали омӯзишии “Зан – сарвар” ҷамбаст гардид. Дар оғоз роҳбарияти академия қайд намуданд, ки таи солҳои Истиқлолият таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тавонист, ки ба беҳбудии вазъи занон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намояд. Ҳукумати кишвар бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба таври хоскор карда баромад. Сипас дар анҷоми вохурӣ 20 нафар хатмкунандагони курси аввали омӯзиши “Зан сарвар” бо Шаҳодатномаҳо сарфароз гардиданд.
Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот
бо аҳли илм ва маорифи кишвар.
11 июни соли 2024 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Пешвои миллат – муаррифгари илми муосири тоҷик дар арсаи байналмилалӣ” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар кормандони Институти омӯзишимасъалаҳои давлатҳои Осиё ва АврупоиАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон ширкат варзида, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра мизи мудаввари мазкурро ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки муҳтавои суханронии арзишманду пурмӯҳтавои Пешвои миллат оид ба омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҳамчунин тақвияти сифат ва самаранокии таълиму тарбияи мутахассисони илмӣ дар байни донишҷӯён, магистрантҳо, муҳаққиқони ҷавон роҳнамо барои ояндаи дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шинохти он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
А. Шамолов д.и.ф., профессор оид ба дастовардҳои муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи илм ва пешрафти технологияҳои муосир дар кишварҳои хориҷӣ махсусан, таҷрибаи Ҷопон, Олмон ва Чин дар самти истифодаи “зеҳни сунъӣ” дар истеҳсолот ёдовар шуда, насли наврас ва ҷавононро ба ихтироъкорӣ ва аз худ намудани техника ва технологияи навин ташвиқ намуд.
Инчунин, А. Ашуров н.и.т. баромад намуда, аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар соҳаи маориф ва илми кишвар ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди илмомӯзии насли наврасва олимони ҷавони кишвар ёдовар шуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар кормандон, олимони соҳибмактаб иштирокчиён аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар рушду инкишофи соҳаи илму маориф изҳори сипоси худро баён намуда, қайд намуданд, ки тамоми имконот ва донишу малакаи худро барои рушду гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз равона месозанд. Ҳамчунин, қайд гардид, ки ҷиҳати дар татбиқи пайвастани илм ба истеҳсолот ва баланд бардоштани нуфузи илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Иштирок дар Ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10.06.2024
Иштирок дар Ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
10.06.2024
http://www.president.tj/node/33592
10 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои миллии рушд баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Шурои миллии рушд, роҳбарону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар иштирок намуданд.
Мақсади баргузории чорабинӣ натиҷагирӣ аз рафти татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, муайян кардани афзалиятҳои минбаъдаи рушд ва ҷалби таваҷҷуҳи шарикони рушд ҷиҳати зиёд намудани маблағҳо барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар мебошад.
Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ бахшиданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки сарфи назар аз шиддати вазъи ҷаҳони имрӯза ва таъсири бевоситаи омилҳои манфии берунӣ ба иқтисоди миллӣ дар ҳашт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,4 фоизро ташкил дода, созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро аз рӯи суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ ҳамчун кишвари дорои иқтисоди тезрушдёбанда арзёбӣ намуданд.
Президенти кишвар иброз доштанд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 2,6 баробар ва ба ҳар нафар аҳолӣ 2,3 баробар, даромадҳои пулии аҳолӣ 4,4 баробар, музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар, андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар ва шумораи соҳибкорон 1,6 баробар афзоиш ёфта, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии Ҳукумати кишвар сатҳи камбизоатӣ аз 31,3 фоизи соли 2015 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш ёфта, Тоҷикистон тибқи арзёбии Бонки Умумиҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид.
Дар идомаи суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, тибқи арзёбиҳо дар маҷмуъ 70 фоизи ин ҳадафҳо ва баъзе нишондиҳандаҳои онҳоро беш аз 90 фоиз иҷро намудааст.
Сипас, дар ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо, котиби масъули Шуро Завқизода Завқӣ Амин оид ба рафти татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тибқи рӯнамо гузориш дод.
Инчунин дар ҷаласа Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад ал-Ҷасер, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Салсия Алишахбана, Директор оид ба масъалаҳои глобалии об дар Бонки Ҷаҳонӣ Сароҷ Кумар, Директори Генералии Бонки Осиёии Рушд барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков баромад намуда, омодагии шарикони рушдро ҷиҳати дастгирии ҳадафу афзалиятҳо ва ташаббусҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карданд.
Ҳамзамон маърӯзаи Раиси Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Роҳбари Намояндагии Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ Озан Севимли доир ба саҳми шарикони рушд ва ҳадафу афзалиятҳои миллӣ шунида шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шарикони рушд даъват намуданд, ки дар шароити хеле ҳассосу зудтағйирёбандаи иқтисоди глобалӣ барои татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор саҳми худро баҳри амалӣ гардонидани афзалиятҳои минбаъдаи рушди Тоҷикистон бештар намоянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба таҳияи лоиҳаи санадҳои дахлдор ҷиҳати таҷдиди назари Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 бо назардошти Ҳадафҳои рушди устувор, Низомномаи Шурои миллии рушд, омода намудани шарҳи фосилавии татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, гузоштани замина ба таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ба вазорату идораҳо ва масъулини мақомоти давлатӣ дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд ҷиҳати густариши ҳамкорӣ барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар тавсияҳои дахлдор доданд.
10 июни соли равон таҳти раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо иштироки кормандони раёсат, директорони муассисаҳои илмии таҳқиқотӣ, мудирони марказ ва шуъбаҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт масъалаҳое, ки зимни суханронии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар доир ба рушду пешрафти соҳаи илми кишвар равона гардидаанд мавриди баррасӣ ва таҳили қарор доданд.
Қайд гардид, ки зимни баромади хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди дурнамои соҳаи илми кишвар ибрози андеша намуда, фаъолияти чандин ниҳодҳои илмии моро ғайриқаноатбахш хонданд. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар яки мо кормандони соҳаи илм дар кутоҳтарин муддат доир ба ҳалли ин масъалаҳои мубрам тадбирҳои нав ҷуста, натиҷаи онро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудан лозим аст.
Сипас дар идомаи ҷаласаи корӣ масъалаҳои мубрам доир ба фаъолияти муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуданд.
09 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Академияи хурди илмҳо – и назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ байналмилалӣ дар толори Институти геология сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати кушодашавии 45 – умин Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар баргузории конференсия Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт - президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло - муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзораҳимзода Акобир Карим - ноиби президенти АМИТ, ҳамзамон раиси Шуъбаи илмҳои биологӣ, Файзизода Исмоил – муовини якуми Федератсия мустақили иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худоёров Фарҳод Таварович – намояндаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Саъдизода Ҷаҳонгир – мудири Шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи Ҳукумати шаҳри Душанбе, Аминзода Пулод – директори Институти геология сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҳисориев Ҳикмат – мудири Шуъбаи Академияи хурди Раёсати АМИТ ва хонандагони узви ин Академия иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст ба кори конференсия Ҳисориев Ҳикмат – мудири Шуъбаи Академияи хурди назди Раёсати АМИТ ҳусни оғоз бахшида, сухани муқадимавиро ба Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт - президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ доданд, мавсуф зимни баромади хеш сараввал аҳли иштирокдоронро ба муносибати кушодашавии 45 – умин Сессия хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки шумо наврасону ҷавонони хушбахтед, чун ки зодаи даврони истиқлолед ва барои шумо ба хусус барои таҳсилу донишандӯзӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхориҳои зиёде намуда, тамоми шароитро муҳаё намудаанд. Зимнан ба хонандагон барои омӯхтани илмҳои замона алалхусус фанҳои дақиқ, табиию риёзӣ, забономӯзӣ тавсеаҳои судманд дод. Дар идомаи конференсия шахсони болозикр бо суханони пандомези худ иштирокдорони конференсияро табрику муборакбод намуда, хонандагонро ба илмомӯзи талқин намуданд. Ҳамзамон хонандагон ба саволҳои худ аз аҳли раёсат ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд. Дар интиҳои конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аҳли раёсатро ҳамроҳӣ намуда, аз озмоишгоҳҳои наву замонавии институт дидан намуданд.
