Skip to main content

123Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳими ҳуқуқии кишвар ба шумор рафта, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, шакли давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ба расмияти ҳуқуқӣ дароварда шудаанд.

Ин санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад. Тамоми санадҳои дигари ҳуқуқӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма гирифта, бояд ба он мутобиқат намоянд.

Конститутсияи соли 1994 маҳсули зеҳнии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он тариқи райпурсии умумихалқӣ муҳокима ва қабул карда шудааст. Тақдирсоз будани Конститутсияро дарк намуда, Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудан, бевосита ба мураттабсозии лоиҳаи он ба ҳайси Раиси комиссияи конститутсионӣ машғул гардиданд ва новобаста аз вазъи ногувори сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ барои омӯзиши таҷрибаи пешрафта, аъзоёни комиссияро ба давлатҳои гуногуни мутараққӣ фиристоданд. Комиссия таи ду соли мураттабсозии лоиҳаи Конститутсия фикру андешаҳои гуногунро омӯхта, лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд. Таклифу пешниҳодҳои мардуми шарифи Тоҷикистон имконият дод, ки лоиҳа манзури рӯзи гузаронидани райпурсӣ карда шавад. Дар байни аъзоёни комиссия оид ба идоракунии президентӣ ва парлумонӣ баҳсҳои гуногун вуҷуд доштанд ва ниҳоят шакли идоракунии президентӣ пазируфта шуд, ки мо самараи онро ҳамарӯза эҳсос мекунем.

Ҳанӯз соли 1993 бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда буд, ки «мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ аст». Ин суханҳои пешгӯинамудаи Сарвари давлат баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6-уми ноябри соли 1994) ба қисми таркибии ин санади сарнавиштсоз ворид гардид ва дар муддати кӯтоҳи таърих самараи худро нишон дод.

6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фархунда ва фаромӯшнашаванда мебошад, чунки дар ин рӯз ду зуҳуроти муҳим ва тақдирсоз - қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин ду воқеаи сиёсӣ дар давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав ба шумор мераванд. Халқи тоҷик тавонист дар он марҳилаи ҳассос шахси ботаҳаммул, хоксор, пурзаковату хирадмандро сарвари давлати худ интихоб намояд.

Ба хизматҳои барои халқ иҷронамудаи Президенти ҷумҳурӣ, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мо шоҳидем, ки он ба таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад.

Конститутсия низ ҳамчун санади қувваи олии ҳуқуқидошта самтҳои асосии фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян намуда, бо ёрии он мо тавонистем миллати тоҷикро аз парокандагиҳо эмин нигоҳ дошта, давлати мутамаркази ҳуқуқбунёду муосирро бунёд намоем ва алангаи оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро хомӯш созем.

Бо дарназардошти муҳимияти ин санаи таърихӣ дар ҳаёти мардуми саодатманди кишвари соҳибистиқлоли мо, ҳар сол 6-ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Таърих гувоҳ аст, ки Конститутсия барои инкишофи босуръати давлатҳои абарқудрати дунё заминаи ҳуқуқии боэътимод гузоштааст. Аз ҷумла, Конститутсияи Амрико соли 1787 ва Фаронса соли 1791 таърихи тулонӣ дошта, инқилоби буржуазӣ сабаби асосии қабули онҳо гардидааст. Ин санадҳои ҳуқуқӣ бо мутобиқгардонӣ ба талаботи ҷомеа ва давлат то ҳол амал мекунанд, ки аз муҳимият ва боэътимод буданашон шаҳодат медиҳад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ заминаҳои пайдоиш ва ташаккулёбии худро дорад. Дар марҳилаи рушди қонунгузории Тоҷикистон дар ҳайъати Иттифоқи Шӯравӣ чор маротиба Конститутсия (солҳои 1929, 1931, 1937, 1978) қабул ва такмил ёфта буд.

Дар муқоиса бо конститутсияҳои замони Шӯравӣ Конститутсияи соли 1994 хусусиятҳои фарқкунанда ва афзалиятҳои зиёд дорад. Ин Конститутсия сохти нави давлатдории миллии тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намудааст, барои такрор наёфтани вазифаҳои мақомоти давлатӣ таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шуд, Президенти мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои вакилони ҳалқи маҳаллӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия бо пурсиши иродаи халқ тариқи интихобот ва райпурсӣ муқаррар карда мешавад. Инчунин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ-конститутсионӣ ва қабули қонунҳои миллӣ дар Тоҷикистон замина гузошт. Дар марҳилаи мавҷудияти Конститутсия 22 Кодекс ва зиёда аз 400 қонунҳои умумию соҳавӣ қабул карда шуданд, аз ҷумла Кодексҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, гумрук, андоз ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, таълиму тарбияи кӯдак ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ қабулгардида, барои таъмини амният, сулҳу суботу оромии ҷомеа ва танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ саҳми сазовор гузоштанд.

Аз ин лиҳоз метавон зикр намуд, ки Конститутсияи амалкунанда орзуҳои ҳазорсолаи аҷдодони моро ҷомаи амал пӯшонид ва шукрона бояд кард, ки мо аз ин афзалиятҳо баҳравар ҳастем.

Се маротиба ворид шудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (солҳои 1999, 2003 ва 2016) шаҳодат аз он медиҳад, ки меъёрҳои он вобаста ба талаботи замон ва рушди давлатдории миллии тоҷикон такмил дода шуд. Такмили Конститутсия имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор гардад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар арзи ҳастӣ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали мустақими меъёрҳои он шаҳодат медиҳанд, ки он яке аз конститутсияҳои асосии беҳтарини дунё маҳсуб меёбад. Бо шарофати замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналхалқӣ будани Конститутсия, Тоҷикистони соҳибистиқлолро зиёда аз 160 давлати дунё пазируфтаанд. Имрӯз давлати мо бо зиёда аз 130 давлати дунё муносибатҳои дӯстона ва равобити дипломатӣ дошта, аъзои зиёда аз 80 ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад. Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии халқ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд.

Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.

Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем.

Шоев Сино Ҳайдаралиевич докторант PHD-и Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи баноми А.Баҳоваддинови АМИТ

17 майи соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташабуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Институти оила дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва нақши он дар рушди сармояи инсонӣ” бо иштироки олимону кормандон ва магистрантону докторантони PhD баргузор гардид.

Ба кори конфронс директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ Маҳмадизода Нозим ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки оила натанҳо асоси давлат, инчунин дар рушди шахсият, ҳифзи анъана ва фарҳанги миллӣ, ки аслан асос ва бунёди осоиши ҳамаи таносуби ботинии институтҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Анъанаҳои миллӣ асоси натанҳо пойдорӣ ва инкишофи иҷтимоиёти давлат балки шарти рушди иқтисодиёти он низ мебошад.

Дар идомаи конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобаста АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани муқадимавии хеш ба иштирокдорони конфронсро барор хоста, зикр доштанд, ки ташаккули сармояи инсонӣ ҳамчун маҷмуи донишҳо, малакаву маҳорати шахс, барои қонеъгардонии талаботи мухталифи фарди алоҳида ё ҷомеа дар умум истифода мегарданд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз ҳама дар оила ташаккул меёбанд.

Таъкид шуд, ки оила барои миллати мо муҳимтарин ниҳод ва фурӯғи иҷтимоиест, ки мавҷудияти насли инсонӣ таълиму, тарбияи насли наврас, ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, таҳкими тамоми дастовардҳои моддиву маънавии ҷомеаро аз як насл ба насли дигар таъмин менамояд. Махсусан оилаҳои Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешгирии хатарҳо ба ҷомеа, ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллӣ нақши бузург доранд.

Умуман, дар кишвари мо оила ягона ниҳоди иҷтимоӣ мебошад, ки инсон аз таввалуд то охири умраш дар он зиндагӣ мекунад ва ҳар яки мо ба оила ҳамбастагии зиёд дошта, ҳамаи муваффақияту нобарориҳои мо аз фазои зиндагии оилаамон вобастагии калон дорад.

16 майи соли равон бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Президенти Шуъбаи Синзянии Академияи илмҳои Хитой Чен Си ва Президенти Ассотсиатсияи Синзянии илм ва технология, профессор Ванг Гуанчиангро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба фаъолияти пурсамари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии мардумии Чин маълумот дода афзуд, ки ҳануз соли 2014 санадҳои ҳамкории байни муассисаҳои илмии ҳарду ҷониб ба имзо расида буд.

Дар асоси созишномаи имзогардида соли 2016 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази татқиқоти экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ ифтитоҳ ёфт, ки ин аввалин муассисаи муштараки барҷастаи Чину Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон оид ба ҳамкориҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳоро тақвиат дода, барои равнақ додани илми ҳарду кишвар дар арсаи байналмилалӣ кушиш ба харҷ дод.

Дар идомаи вохурӣ, директори Инситути экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой Чен Си дар суханронии хеш оид ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳо байни муассисаҳои илмии Тоҷикистону Хитой изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дар оянда беҳтару хубтар ва дар низоми сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни соҳаи илм ибрози андеша намуд.

Қайд гардид, ки мо бояд дар якҷоягӣ тибқи низомномаи ҳамкориҳо барои омода намудани олимони ҷавон дар бахшҳои гуногуни илмӣ тадбирҳо андешем. Ҳамзамон аз ҷониби меҳмонон таклиф гардид, ки Президенти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт моҳи июни соли равон ба Ҷумҳурии мардумии Чин ташриф оварда, дар намоиши Экспо Евразия 2024 (EXPO EURASIA) иштирок намояд.

16 майи соли равон гуруҳи калони олимони Хитой таҳти роҳбарии Президенти Шуъбаи Синзянии Академияи илмҳои Хитой, узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Чен Си (Chen Xi) ба Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и АМИТ бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии ин муассисисаи муштараки Тоҷикистону Хитой ташриф оварданд.

Ба ҳайати гуруҳи олимон Хитой ҳамчунин Президенти Ассотсиатсияи Синзянии илм ва технология, профессор Ванг Гуанчианг (Wang Guangqiang), котиби генералии Ассотсиатсия Занг Чианг (Zang Qiang), директорони бахшҳои ассотсиатсия - Ванг Тингтинг (Wang Tingting), Вей Личунг (Wei Liqung), Аскар Таваккалӣ (Aisikeer Taiwakul, хонума Ши Бенгбинг (Shi Benbing) ва дигар олимони шинохта шомил буданд. Меҳмонони Хитойи бо дастовардҳои илмии Марказ шинос шуда, ба фаолияти он баҳои баланд доданд.

Президенти Ассотсиатсияи Синзянии илм ва технология, профессор Ванг Гуанчианг изҳор дошт, ки ҳамкориҳои илмии байни ду давлати ба ҳам наздику ҳамсоя бояд рушди устувор дошта бошанд ва дар оянда ҳамкориҳои илмӣ-техникии тарфайн вусъат ёбанд.

14 майи соли равон бо қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 14.05.2024 бо тартиби муқарраргардида президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт узви вобастаи АМИТ интихоб гардид.

Ба устоди гиромӣ дар ин ҷода барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоем. Бигзор дар роҳи пешрафту муаррифии илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои назаррасро рӯи кор оварда, бо пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани сиёсати илмии кишвар ва рушди соҳаҳои гуногуни илмӣ, пайи амалӣ намудани ҳадафҳои бузурги миллӣ талош намоянд.

Дар асоси фармоиши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Қосимзода Солеҳ Салим доктори илмҳои филологӣ ба вазифаи Сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD- и АМИТ ва Қурбонов Қобилҷон Шарифбоевич доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ба вазифаи Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ таъйин гардиданд.

Ба устодони гиромӣ дар ин вазифаи пурмасъулият барору комёбӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем.

14 майи соли равон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бо қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чаҳор ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иваз шуданд.

Ҳамин тариқ дар асоси қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 14.05.2024 Амонзода Илҳом Темур – доктори илмҳои техникӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АМИТ, Мирзораҳимзода Акобир – доктори илмҳои биологӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси Шуъбаи биологии АМИТ, Саломиён Муҳаммаддовуд – доктори илмҳои филологӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АМИТ, Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа – доктори илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ таъйин гардиданд.

Ҳар як миллат арзишҳои ба худ хосро дорост ва миллатро аз рӯи арзишҳои доштааш дар арсаи ҷаҳонӣ медонанду мешиносанд. Хушбахтона миллати куҳанбунёди тоҷик аз қадим дорои расму русум ва арзишҳои миллии хеш ҳастанд, аз он ҷумла сару либоси миллӣ ин муаррифкунандаи миллат ва шахсият аст, миллати тоҷик бо бузургиву ғайрату матонати ба худ хос фарҳангу маданияту донишу арзишҳои худро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда тавонистаанд.

Қобили қайд аст, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон атлас ва чакан дар Созмони Милали Муттаҳид ворид гардида, ҳамчун матои миллии зебову шинам пазируфта шудааст, ки инҳам шаҳодат аз тамаддундориву қадимӣ будани миллати тоҷик дарак медиҳад. Имрӯз 15.05.2024 дар ҳавои мусоиди фасли зебои баҳори оламафрӯз аҳли бонувони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо бабаркунии либосҳои миллии шинаму зебои худ барои муаррифии либосҳои миллӣ ба сайру гашт ва тамошои шаҳр баромаданд.

14 майи соли равон дар толори Маркази “Пажӯҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат” –и Раёсати АМИТ курси омӯзишии “Зан –Сарвар” баргузор гардид. Дар ин курси омӯзишӣ масъалаҳои мубрам ва муҳим оид ба “Фаъолияти бонувон дар илм чун ҳадафи рушди устувор” аз ҷониби раиси бахши магистратура ва докторантураи АМИТ Азизхонова Р баррасӣ шуд. Қайд гардид, ки имрӯз зани тоҷик натанҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки пеш аз ҳама шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаи бунёдгари давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократии мост.

Ҷомеаи имрӯзаи на танҳо Тоҷикистон, балки кулли сайёраро бе зан тасаввур намудан имконнопазир мебошад, зеро бонувон дар тамоми соҳаҳои илмӣ – фарҳангӣ, иқтисодӣ – иҷтимоӣ, сиёсӣ, техникӣ саҳмгузор ҳастанд ва аз замонҳои қадим сар карда,то имрӯз баробари мардон дар рушду нумӯи ҳаёти аҳли башар нақши дастони зан – модар дида мешавад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳам тақвияти мақому манзалати занон пайваста ғамхорӣ менамояд. Барои ба таври шоиста баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаро аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва пешниҳод намоянд.

Дар доираи татбиқи ин санади муҳим масъалаи ҷалби занон ба корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои занон, тайёр намудани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавондухтарон, беҳдошти хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ намудани фавти модару кӯдак ва риояи ҳуқуқҳои баробари занону мардон ба эътидол оварда мешаванд. Дар атрофи ин мавзуҳо дар хотима Раиси занони АМИТ Маҳмадҷонова М.Т. ва иштикочиёни курси омӯзишӣ ибрози ақида намуданд.