Skip to main content

16 майи соли равон бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Президенти Шуъбаи Синзянии Академияи илмҳои Хитой Чен Си ва Президенти Ассотсиатсияи Синзянии илм ва технология, профессор Ванг Гуанчиангро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмононро хайрамақдам гуфта, оид ба фаъолияти пурсамари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии мардумии Чин маълумот дода афзуд, ки ҳануз соли 2014 санадҳои ҳамкории байни муассисаҳои илмии ҳарду ҷониб ба имзо расида буд.

Дар асоси созишномаи имзогардида соли 2016 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази татқиқоти экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ ифтитоҳ ёфт, ки ин аввалин муассисаи муштараки барҷастаи Чину Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон оид ба ҳамкориҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳоро тақвиат дода, барои равнақ додани илми ҳарду кишвар дар арсаи байналмилалӣ кушиш ба харҷ дод.

Дар идомаи вохурӣ, директори Инситути экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой Чен Си дар суханронии хеш оид ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳо байни муассисаҳои илмии Тоҷикистону Хитой изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дар оянда беҳтару хубтар ва дар низоми сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни соҳаи илм ибрози андеша намуд.

Қайд гардид, ки мо бояд дар якҷоягӣ тибқи низомномаи ҳамкориҳо барои омода намудани олимони ҷавон дар бахшҳои гуногуни илмӣ тадбирҳо андешем. Ҳамзамон аз ҷониби меҳмонон таклиф гардид, ки Президенти АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт моҳи июни соли равон ба Ҷумҳурии мардумии Чин ташриф оварда, дар намоиши Экспо Евразия 2024 (EXPO EURASIA) иштирок намояд.