Skip to main content

123123ДУШАНБЕ, 02.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ боло меравад. Дар бораи радабандии мақоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода чунин иброз намуд:

— Радабандӣ ё муайянсозии тартиби мақоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ва муайянсозии рейтинги онҳо ҳамчун низоми баҳогузории объективӣ ҳанӯз дар ибтидои асри ХХ пайдо шуда бошад ҳам, танҳо дар охирҳои соли навадуми ин қарн ин амалҳо шакли ниҳоӣ гирифтанд. Ҳоло ба таври даврагӣ аз ҷониби созмону институтҳои бонуфузи байналмилалӣ радабандии муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ тибқи низомҳои муайян дар самтҳои гуногун амалӣ карда мешаванд. Мавҷудияти чунин радабандиҳо имкон медиҳад, ки ҷолиб будани ҳар муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ арзёбӣ карда шавад. Ба ибораи дигар, рейтингҳое, ки аз ҷониби созмонҳои бонуфуз таҳия карда мешаванд, ба вазъи ин муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ таъсир расонида, метавонанд дар ҳолатҳои муайян шароити берунии ҳамкориро бо онҳо рушд диҳанд. Аз ин рӯ, имрӯз тамоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки зимни банақшагирии фаъолият барои давраҳои кӯтоҳмуҳлат ва ё дарозмуҳлат ҳатман беҳбуд бахшидани мақоми худро дар рейтингҳои байналмилалӣ ҳамчун яке аз роҳҳои таъмини рушди устувори ин ниҳодҳо ба инобат гиранд.

Дар замони муосир шумораи зиёди рейтингҳои байналмилалӣ вуҷуд доранд, ки дар онҳо мақоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори муассисаҳои давлатҳои дигари ҷаҳон муайян гардидааст. Чунин радабандиҳо бо истифода аз нишондиҳандаҳо (индикаторҳо), шохисҳо (индексҳо) ва тавассути арзёбиҳои электронӣ доир мешаванд. Бо ҳамин сабаб муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ҳамасола кӯшиш мекунанд, ки тибқи ҳамин талабот оид ба нишондиҳанда ва шохисҳо мақоми худро дар радабандиҳои рейтингӣ мустаҳкамтар кунанд.

Дар асоси гуфтаҳои боло мехостем, ки чанд андешаро дар бораи мақоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз чунин радабандиҳо, ки барои муассисаҳои дахлдори мо беш аз ҳама дастрас аст, яъне китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси русиягии иқтибосоварии илмии Федератсияи Русия (Российский индекс научного цитирования (РИНЦ) баён созем. Дар ин радабандӣ фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ пайваста арзёбӣ гардида, мақоми он дар байни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия ва дигар мамлакатҳои ба ин низом ворид муайян мегардад.

Бояд гуфт, ки болоравии мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар ин низом давоми як соли охир метавон на танҳо ҳамчун рушди эволютсионӣ ё рушди бесобиқа, балки ҳатто як дигаргунии куллӣ ҳисоб кард. Барои мисол, якчанд нишондиҳандаҳоро бо ҳам муқоиса мекунем. Соли 2023 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар байни 49 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондодҳои шохиси Хирш аз рӯи ҳама маводи дар китобхонаи электронӣ (e-library) нашршуда (10), шохиси Хирш аз рӯи ҳама маводи дар РИНЦ нашршуда (10) ва шохиси Хирш аз аз рӯи ҳама маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда (5) ҷойи охиринро ишғол карда буд. Ҳамзамон шумораи тамоми маводи дар китобхонаи электронӣ нашршуда ҳамагӣ 802 адад ва миқдори маводи нашршуда, ки аз онҳо иқтибос овардаанд, ҳамагӣ 519 ададро ташкил медод.

Дар натиҷаи қабули қарорҳои дурусти идорӣ, бастани шартномаи литсензионӣ SCIENCE INDEX №SIO-7380/2024 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Ҷамъияти дорои маъулияти маҳдуди «Китобхонаи илмии электронӣ» аз 11 июни соли 2024 ва тақвияти фаъолияти олимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар анҷоми соли 2024 ин нишондиҳандаҳо хеле боло рафтанд.

Имрӯз бо нишондодҳои шохиси Хирш аз рӯи ҳама маводи дар китобхонаи электронӣ (e-library) нашршуда (51), шохиси Хирш аз рӯи ҳамаи маводи дар РИНЦ нашршуда (49) ва шохиси Хирш аз рӯи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда (42) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар байни 49 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд, ҷойи аввалро ишғол мекунад. Ҳамзамон шумораи тамоми маводи дар китобхонаи электронӣ нашршуда 6692 ададро ташкил дода, миқдори маводи нашршуда, ки аз онҳо иқтибос овардаанд, ба 19595 адад расидааст. Дар баробари ин, шумораи муаллифон дар радабандии мазкур аз 188 нафари сабтшуда ба 455 нафар расид. Инчунин шумораи муаллифоне, ки дар шохиси Science Index ба қайд гирифта шудаанд, аз 153 нафар ба 445 нафар расидааст. Яъне, аз 1100 корманди илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2024 тақрибан 40 фоиз дар шохиси номбурда ба қайд гирифта шудаанд ва маводи илмии онҳо ба китобхонаи электронӣ ворид карда шудааст, ки имконият медиҳад дастовардҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ дастрас бошад ва бо он ошно шаванд. Ҳамзамон соли 2025 имконият аст, ки боқимондаи ходимон ва кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Шохиси русиягии иқтибосоварии илмӣ ба қайд гирифта шаванд ва мақом, нишондиҳандаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла миқдори маводи воридшуда ва иқтибосоварӣ ба онҳо дар шохиси номбурда боз афзун шавад.

Ҳамаи ин нишони он аст, ки фаъолияти илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рукуд боз монда, рӯ ба рушд дорад ва аз он дарак медиҳад, ки ҳисси масъулият, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ 30 майи соли 2024 ба олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон талқин намуданд, имрӯз боло гирифт ва дар ин ниҳоди бонуфузи илмӣ тартибу низом муқаррар ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ тақвият пайдо кард. Аз ин рӯ, пешрафтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар ин самт метавон ҳамчун туҳфаи сазоворе барои мардуми ҷумҳурӣ дар анҷоми соли 2024 ва оғози соли нави мелодии 2025 баҳогузорӣ намуд.