Skip to main content

Дар таҳқиқи масъалаҳои муосири давлатдорӣ ва ҳуқуқи инсон, калимаи «дунявият» мавқеи марказӣ дорад. Он аз калимаи лотинии saeculum гирифта шуда, дар луғатҳо ба маънои “дунё”, “замон” ё “аср” оварда шуда, шакли secularism-и он принсипи бо дунё будан, замонавӣ буданро ифода мекунад. Аммо ҳамчун мафҳуми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ он ба ҷудо будани дин аз давлат ишора мекунад. Асарҳои муҳақиқони ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки ин мафҳум пас аз давраи Ренессанс (дар Аврупо) ва пайдоиши давлатҳои миллӣ ва демократӣ ба ҳайси заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ эътироф гардидааст. Дар ҷаҳони муосир, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва эҷоди фазои иҷтимоиву сиёсие, ки дар он шаҳрвандон метавонанд бо озодӣ ва бо эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ зиндагӣ кунанд, ба яке аз масъалаҳои афзалиятноки давлатдории муосир табдил ёфтааст. Дар ин асно, мафҳуми «дунявият»-яъне ҷудо будани давлат аз дин, кафолати озодии виҷдон ва эътиқод нақши муҳимро ишғол мекунад. Ҷумҳуриҳои муосир, махсусан онҳое, ки дар марҳилаи гузариш ба низоми демократӣ қарор доранд, ҳадафгузорӣ менамоянд, ки тавассути принсипи дунявият суботи сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ ва рушди устуворро таъмин намоянд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ принсипи дунявият аҳамияти калидӣ дошта, ба он дар асоси принсипҳои гумманистӣ диққати махсус зоҳир мегардад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри 1994 сол (бо тағйиру иловаҳо дар 1999, 2003 ва 2016) қабул гардида, дар моддаи 1 он мафҳуми мазкур бо чунин ҷумла оварда шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Ин ҷумла ҳамчун сутуни ҳуқуқии давлатдорӣ роҳандозӣ шудааст ва нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи давлати дунявиро ҳамчун унсури муҳими сохтори конститутсиониаш эътироф намудааст. Калимаи «дунявӣ» дар ин ҷо ҳамчун як унсури мухтасари сохтори давлат дохил шудааст, ки вазифаи муайян дорад, яъне нишон додани он, ки давлат барои ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз эътиқод, миллат ё дину мазҳаб, баробар ва бидуни ғараз хидамат ва амал мекунад. Дар таҳқиқоти ҳуқуқии миллӣ инчунин қайд шудааст, ки Конститутсия асоси ҳуқуқии таъмини давлати дунявӣ мебошад ва дар он меъёрҳо оид ба озодии виҷдон ва мухолиф набудани дин бо давлат ба назар гирифта шудаанд. Бар асоси таҳлилҳои илмӣ ва амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлати дунявӣ дар кишвар чунин принсипҳоро фаро мегирад:

- Давлат, сохтор ва мақомоти он аз дин мустақиланд ва вазифаҳои худро дар асоси конститутсия ва қонунҳо иҷро мекунанд.

- Давлат аз ташкилотҳои динӣ ҷудо буда, ва ташкилотҳои динӣ низ аз давлат ҷудо аст

- Мафкураи ягон дин ё мазҳаб ҳамчун мафкураи давлатӣ ва ҳатмӣ эътироф карда намешавад.

- Меъёрҳои динӣ аз меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷудо буда набояд, ки меъёри динӣ ба Қонун ё Конститутсия чолиш оварад.

Конститутсия барои арзи принсипи дунявӣ заминаи ҳуқуқиро муҳайё мекунад. Масалан, моддаи 26-и Конститутсия чунин муқаррар мекунад: «Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.» Ин қонунгузорӣ озодии виҷдон ва эътиқодро кафолат медиҳад. Илова бар ин, таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон модели махсуси давлати дунявӣ ба вуҷуд омадааст, ки ҳамзамон бо эҳтироми арзишҳои динӣ ва ҳифзи озодии виҷдон, инчунин бо нигоҳи миллӣ ва арзишҳои эҳёшуда ҳамоҳанг аст. Модели дунявӣ дар Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи муҳими шинохти миллӣ ва сохтори давлатӣ арзи вуҷуд мекунад. Яъне, ғояи “давлати дунявӣ” дар таҳаввули давлатсозӣ нақши муҳим мебозад. Бинобар ин, дар Тоҷикистон принсипи давлати дунявӣ метавонад бо чунин имкониятҳо тавсиф шавад, аз ҷумла, кафолати баробарии ҳуқуқӣ ва озодиҳои шаҳрвандон новобаста аз дину мазҳаб, сабки ҳамзистии динӣ-фарҳангӣ, ки дар он ташкилотҳои динӣ метавонанд иштирок намоянд, таҳким ва мустаҳкамсозии истиқлоли давлат ва ҳифзи ҷавобгории шаҳрвандон дар низоми ҳуқуқӣ.

Дар заминаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ, давлати дунявӣ дар Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, ки шаҳрвандон баробарии ҳуқуқӣ дошта, дар фаъолияти фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ иштирок кунанд. Ин низом ҳамзамон эҳтироми арзишҳои динӣ ва фарҳангӣ, инчунин эҳёи анъанаҳои миллӣ ва таҳкими ҳамзистии осоишта байни гурӯҳҳои гуногуни аҳолиро таъмин мекунад. Ин модел дар амал нишон медиҳанд, ки ҳамзистии динӣ-фарҳангӣ дар Тоҷикистон бо назардошти арзишҳои миллӣ ва эҳтироми озодиҳои шаҳрвандон амалӣ мегардад ва давлати дунявӣ ҳамчун кафолати адолати иҷтимоӣ ва баробарӣ хизмат мекунад.

Бо вуҷуди ин, татбиқи принсипи дунявӣ бо мушкилот низ ҳамроҳ аст. Аз ҷумла, таҳдидҳои ифротгароӣ, бегонапарастӣ ва хурофот метавонанд баъзан озодиҳои шаҳрвандон ва суботи иҷтимоиро халалдор кунанд. Аз ин рӯ, принсипи давлати дунявӣ дар Тоҷикистон ҳамзамон ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва мубориза бо таҳдидҳои ифротгароӣ равона мебошад. Дар ҳамин замина, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ ва фарҳангии шаҳрвандон барои таҳкими давлати дунявӣ ва ҳамзистии осоишта муҳим арзёбӣ мегардад. Рушди дунявият дар Тоҷикистон ба таҳкими муҳити ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ барои озодона эътиқоди динӣ доштан ё надоштан, пешбурди ҳамзистии динӣ ё мазҳабӣ бо эҳтироми арзишҳои миллӣ ва кафолати устувории ҷомеа тавассути риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон вобаста аст. Бинобар ин, мавҷудияти давлати дунявӣ ҳамчун механизми таъмини ҳамзистӣ, ҳифзи субот ва рушди устувор нақши муҳим дорад .

Хулоса, принсипи давлати дунявӣ дар Тоҷикистон на танҳо пояи ҳуқуқии давлатдорӣ мебошад, балки воситаи муҳими таъминкунандаи баробарӣ, озодии виҷдон ва ҳамзистии осоиштаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Иҷрои дурусти ин принсип ба таҳкими истиқлол, пешгирии аз хурофоту бегонапарастӣ ва рушди устувори ҷомеа мусоидат мекунад. Аз ин ҷиҳат, давлати дунявӣ ҳамчун унсури стратегии давлатдорӣ дар заминаи ҷаҳони муосир аҳамияти беназир дорад ва барои тадбиқи ҳамаҷиҳатаи он бояд ҳамзамон бо таълими ҳуқуқӣ, ташаккули фарҳанги шаҳрвандӣ бо ҳамгироии арзишҳои миллӣ амалӣ гардад.

Гулҳаё Мадимарова, - ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Адабиёти истифодашуда:

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Боби 1-Моддаи 1

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. (1994, бо тағйиру иловаҳо 1999, 2003, 2016). Душанбе: Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. [https://www.wipo.int/wipolex/edocs/lexdocs/laws/en/tj/tj001en.htm])

Hélène Thibault. Transforming Tajikistan State-building and Islam in Post-Soviet Central Asia. Bloomsbury Publishing.-2018