Skip to main content
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ки ба таври муфассал самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар соли 2024, дар муқоиса бо солҳои сипаришуда натиҷагирӣ намуданд, воқеан як дастурамали муҳим, як барномаи мукаммал андар тарҳрезии як нақшаи низомноки солона ҷиҳати иҷрои вазифаву уҳдадориҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

212Махсусан, Пешвои миллат дар баробари таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори соҳаи иқтисоди ватанӣ бинобар сабаби канда шудани таҳвили молу маҳсулоти воридотӣ, рақамикунонии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва созгор кардани шароит барои зиндагии шоистаи онҳо ва ғайра ба масоили стратегии кишвар: маориф, илм ва фарҳанг аҳамияти вижа дода, барҳақ зикр намуданд, ки то “тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд”.

Дар робита бо ин гуфта, Пешвои миллат омӯзгорро шахсияти калидии низоми таълиму тарбия муаррифӣ намуданд. Зеро, маҳз ӯ ташаккулу возеҳдиҳандаи ҷаҳонбинии шогирдон, такмилдиҳандаи маҳорату малакаи касбӣ, забондонӣ, ватанпарастии хонандагону донишҷӯён, маншаи худшиносию худогоҳӣ, ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ, илмомӯзию рушди тафаккури созандагии насли наврасу ҷавон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, имрӯз омӯзгорони мо бояд новобаста аз зинаи таҳсилот ба талаботи ҷомеаи муосир ва фазои ҷаҳонии таҳсилот сатҳу сифати дониш, касбияти худро мутобиқ гардонанд. Тарбиятдида, хушахлоқ, босавод, зирак, ҳушёр, тавонманд, забондон, масъулиятнок ва содиқ ба касби худ бошанд. Қобилияти кор кардан бо воситаҳои технологияи муосирро дошта бошанд ва дар раванди баргузории машғулиятҳои дарсӣ, семинару конференсияҳои илмӣ-назариявӣ аз онҳо самаранок истифода баранд. Аз ганҷинаи маънавии гузаштаи миллат, аз арзишҳои фарҳанги моддию маънавии ниёкони худ дониши зарурӣ дошта, хотираи таърихиашон ғанӣ бошад, то дар раванди тарбияи дурусти шогирдон ба хатоӣ роҳ надиҳанд, шогирдони соҳибкасб, боистеъдод, ихтироъкору навоварро тарбия намояд. То дар мағзи холигӣ пайдо нагардад ва онро бо андешаҳои хурофотию таассубангез, тарғиб ва парастиши фарҳанги бегона пур нагардонанд. Зеро “сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад”.

Ҳамзамон, мағрурӣ, худписандӣ, бадбинӣ, канаандӯзӣ, тамаллуқкорӣ ва дигар сифатҳои нораворо нисбат ба шогирдон дар сиришти худ ҷоё надиҳанд, то ба раванди таълиму тарбия, руҳу равони онҳо асари бад нагузоранд. Аммо ба хотири иззату эҳтиром доштанаш дар назди шогирдон фосиларо байни худ ва онҳо риоя дорад. Камбудиҳояшонро одобона, вале дар алоҳидагӣ ба шогирдон ошкоро гӯяд, барои ислоҳашон маслиҳатҳои судманд диҳад. Бавижа, ҳангоми ҷавоб додан ба саволҳои пешниҳодкардаи шогирдон худро дағал, сахтгир ва пурвиқор нишон надиҳад. Ба саволҳо ҷавоби мувофиқ дода, талаботи хонандаро қонеъ гардонанд.

Бо дарназардошти вазъи кунунии ҷомеаи муосир аз андешаҳои Пешвои миллат чунин идея дар тафаккур инъикос меёбад, ки миллати босаводу дурандеш воқеан таъмингари амнияту субот, муттаҳидӣ ва ягонагӣ мебошад. Чунки дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониши мукаммали таърихӣ дошта, аз мактаби ахлоқмеҳварӣ ва фарҳангсолории гузаштагони худ сабақ андӯхтааст, касбу пешаҳои замонавиро хуб азхуд карда, хешро ба муҳити нави ҷамъиятӣ мутобиқ гардонидааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаро таъмин намояд.

Дар маҷмуъ, ҳамасола дар баробари баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаҳои маорифу илм ва фарҳанг, ки ба беҳтар гаштани шароити зист ва сатҳу сифати зиндагиашон мусоидат менамояд, нуктаҳои калидии зерин, ки бозтоби худро дар Паём ёфтанд, барои дурнамои рушди ин соҳаҳои калидӣ нақши муассир мегузоранд. Чунки ин се соҳаҳо бо ҳам робитаи ногусатанӣ доранд ва онҳо пайваста тақвият ва рушддиҳандаи якдигаранд. Аз ҷумла:

- вобаста ба талаботи ҷомеаи техногенӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис додани факултет ва кафедраҳои технологияи инноватсионӣ ва рақамикунонӣ;

- аз рӯйи ихтисосҳои барои ҷомеа ниёзманд сафарбар кардани ҷавонони болаёқату соҳибистеъдод дар бонуфузтарин муассисаҳои олии кишварҳои хориҷ;

- барои ташаккули дараҷаи касбияти омӯзгорону кормандони соҳаҳои илму фарҳанг ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули илмии омӯзгорону донишҷӯён, корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ;

- таҷдиди назар кардан ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани лоиҳаи «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»;

- дар ҳар як деҳоти кишвар, ки аҳолияш аз 100 хоҷагӣ зиёд мебошад, бунёд кардани муасссиаи томактабӣ ва аз ин марҳилаи синну солӣ ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба кӯдакон;

- ташаккул ва тақвият додани тафаккури кошифӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонон ба хотири фурӯши идеяҳои созанда ба ширкатҳои бузургтарини дунё ба хотири ба даст овардани фоидаи соф;

- дар амал воқеъбинона татбиқ кардани идеяи пешниҳодкардаи Ҷаноби Олӣ андар масъалаи “сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад”;

- фарҳангро ҳастии миллат эътироф кардан ва вобаста ба раванди болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони бузург бахшидан ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ. Зеро вақте ки “фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад”;

- барои фароғат ва болидахотирии аҳолии минтақаҳои кишвар фаъол гардонидани кори рӯзмарраи муассисаҳои фарҳангӣ. Дар робита бо ин, дар Паём Пешвои миллат роҳбарони шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоияти давлатӣ дар маркази ҳар як шаҳру ноҳия барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби мусиқӣ сохта, ба истифода диҳанд;

- аз ҷониби роҳбарони шаҳру ноҳияҳо таъсис додани китобхонаҳо, шабакаҳои махсуси телевизионӣ, таъмир ва азнавсозии ёдгории таърихиву фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалидоштаи минтақаҳо;

- ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллат ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома дода шавад. Махсусан, пешниҳоди маводи зарурӣ ба ЮНЕСКО ба хотири таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мавриди татбиқ қарор гирад;

- таъмини аҳолӣ ба шуӯли пурмаҳсул ва ғайра.

Самиев Б.Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири шуъбаи фалсафа ва фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ