23 – феврали соли равон дар Институти астрофизикаи АМИТ бахшида ба 31 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Институт, кормандони илмӣ, магистрантон, докторантони PhD чорабинӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ директори Институти астрофизика Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна ҳамаи кормандонро ба 31 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз намуданд, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бевосита таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне таъсис дода шуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати но устувор қарор дошта, барои он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Зеро ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст.
Дар идомаи чорабинӣ Муовини директор оид ба илм ва таълим Раҳматуллоева Фируза Ҷамшедовна оид ба раванди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ, аввалин гузашти низомӣ, иқтидори мудофиавии кишвар, ки кафили сулҳу оромии ватан аст, суханронӣ намуда ҳозиринро ба ин рӯз табрик намуд.
Зимнан раиси Иттифоқи касабаи Институт Буриев Анварҷон Маҳмадалиевич зикр намуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори бузург аст. Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Ходими калони илмии Институт Нарзиев Мирҳусен дар суханронии худ, қайд намуд, ки 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ директори Институти астрофизика Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна ҳамаи кормандонро ба ин рӯз бори дигар табрик намуда ба кишвари азизамон Тоҷикистон сулҳу оромӣ, осмони соф ва ба ҳар як фарди кишвар хонаи обод ва осоиштагӣ таманно намуданд.