Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 20 соли охир таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои марбут ба об ва муҳиммияти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ҷалб намудааст, ки ба рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд.
Дар доираи ташаббусҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани “Соли оби тоза (соли 2003)”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028”, эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба сифати кишвари ташаббускор дар соҳаи ҳалли мушкилоти об боло бурд.
Имрӯз (09.10.2024) дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмии байналмилалии “Ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи устувори захираҳои обии Осиёи Марказӣ” бахшида ба “Соли 2025 - Соли ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид, нахуст ба кори конфронс директори Маркази илмии таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осёи Марказӣ, узви вобастаи АМИТ Абдусаттор Самадов ҳусни оғоз бахшида, доир ба рушду густариши ҳамкориҳои илмии дуҷонибаи муассисаҳои илмиву таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Хитой изҳори андеша намуд.
Сипас, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқаддимавии хеш бори дигар ташрифи менҳмононро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 6 фоизи масоҳати умумии кишварро ташкил медиҳанд, на танҳо манбаи бебаҳои оби тоза, балки танзимгари захираҳои об ва иқлим дар Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд.
Тайи даҳсолаҳои охир обшавии босуръати пиряхҳо таҳти таъсири тағирёбии иқлим ба таҳдиди глобалии сайёра табдил ёфтааст. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон, дар шароити тағйирёбандаи иқлим дар охири асри XXI сеяки пиряхҳои кураи Замин аз байн мераванд. Обшавии пиряхҳо мувозинати экологиро вайрон намуда, ба гардиши об дар сайёраи мо таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ин раванд боиси сар задани офатҳои табиӣ - обхезӣ, фаромадани тарма ва сел мегарданд, ки ҳисороти калони иқтисодӣ меоранд ва боиси талафоти ҷонӣ низ мегарданд.
Таъкид гардид, ки дар тули даҳсолаи охир ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмони бонуфузи ҷаҳонӣ Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирӣ ёфтани онҳоаз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор мекунад, ки сари ин масъалаҳо андешида, баҳри дар амал татбиқ намудани ин масъалаҳои мубраму саривақтӣ кушиш ба харҷ диҳем.
Дар идома олимону коршиносони соҳаи экология, география ва пиряхшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Хитой бо маърӯзаҳо баромад намуда, оид ба самтҳои мавзуи муайяншуда ибрози ақида намуданд.