Skip to main content

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои обу иқлим дар ҳошияи видеоконференсияи 3 марти соли 2021 баргузоршуда, пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи 21 март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Ин иқдом 14 декабри соли 2022 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) зимни иҷлосияи 77-умм он бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ, бо қатъномаи махсус, пазируфта шуд.

Мувофиқи ин Катънома, соли 2025, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад. Дар ин робита, 31 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025», аз ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор оид ба баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланд, Кумитаи тадорукот таъсис дода шавад.

Ин Кумита дар доираи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025” аз 31 августи соли 2023, №407 таъсис дода шуда, ҳайати он тасдиқ гардид.

Дар чаҳорчӯби ин Конфронс Стратегия, Харитаи роҳ ва дигар санадҳои лозимаи байналмилалӣ оид ба татбиқи чораҳои зарурии муштарак дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ, таҳия гардида, тасдиқ хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, ки зимни баргузории Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намуданд, ки Тоҷикистон саҳми аввалини молиявии худро ба Фонди мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо мегузорад. Тоҷикистон умед дорад, ки дигар созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд низ дар ин Фонд ҳиссагузор хоҳанд буд.

Қабули Қатъномаи СММ дар давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи нави таърихӣ буда, бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи об ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Воқеият аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ ва истеҳсолкунандаи неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза ҷой гирифтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пиряхҳои Тоҷикисон, аз он ҷумла пиряхи калонтарини мамлакат - пиряхи Ванҷях (Федченко) солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор гирифта, обшавии онҳо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Маҳз бо ҳамин сабаб Пешвои миллат давоми ду даҳсолаи охир аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ин масъаларо бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро аз таъсир ва оқибатҳои ногувори он ба сайёраи Замин, ҳушдор медиҳад.

Бинобар ин моро зарур аст, бо назардошти пешниҳодҳои саривақтии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои обу ва иқлим, ҳамчун мутахассис ва муҳаққиқ ташаббускор бошем ва тамоми чорабиниҳои нақшавиро дар ин самт пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем.

Маҳмад Сафаров - мудири шуъбаи гидрометеорология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва адаптатсияи “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Шомаҳмадов Алишо – сарходими шуъбаи гидрометеорология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва адаптатсияи “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон