Skip to main content

Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳоинави АМИТ

 

0

МАРКАЗИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ

ИЛМ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН 

Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2011, таҳти №394 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Асосгузори Марказ доктори илмҳои физикаву математика, профессор, академики АМИТ Мамадшо Илолов буда, то моҳи августи соли 2019 инчунин ба ҳайси директори Марказ кору фаъолият намуданд. Аз соли 2019 инҷониб номзади илмҳои техникӣ Кодиров Анвар Саидкулович директори Марказ мебошад.

Таъсисдиҳанда, директори Марказ (солҳои 2011-2019)

Директори Марказ 

(аз соли 2019)

12

32

​​Илолов Мамадшо

д.и.ф.-м., 

академики АМИТ

Кодиров Анвар Саидкулович

н.и.т., дотсент

Сохтори Марказ:

 

21

 

Самтҳои асосии фаъолияти Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

- гузаронидан ва ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмӣ дар самтҳои илмҳои бунёдӣ ва амалӣ, ки асоси рушди фаъолияти инноватсионӣ маҳсуб меёбанд;

- таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ки барои рушди кишвар аҳамият доранд;

- ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ, техникӣ ва инноватсионӣ;

- дастгирӣ ва таҳияи пешниҳодот дар соҳаи истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи энергия, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ;

- иштирок дар корарди маҳсулоти самти энергетикаи алтернативӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Точикистон;

- рушди донишҳо ва коркардҳои илмию техникӣ, маҳсулот ва қарорҳои инноватсионии техникӣ;

- ташкили инкубаторҳои лоиҳавӣ: кӯмак, дастгирии машваратӣ, таҳия ва эҷоди лоиҳаҳои дорои афзалиятҳои инноватсионӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда.

 

Лоиҳаҳои илмӣ – таҳқиқотӣ

            Дар айни замон дар Марказ аз рӯи се лоиҳа корҳои илмӣ-тадқиқотӣ рафта истодаанд:

1). №ГР0123TJ1513 «Тадқиқ ва коркарди технологияҳои инноватсионии истеҳсоли энергияи электрикӣ ва гармӣ, ногоҳдории мавсимии энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва пешниҳоди тавсияҳо доир ба ҷанбаҳои амалии истифодаи онҳо» (2023-2027).

Роҳбари лоиҳа: д.и.ф.-м., акад. АМИТ, Илолов М.И.

2).  №ГР0122TJ1478 «Таҳқиқоти параметрҳои электрикии нерӯгоҳҳои гибридии шинокунандаи фотоэлектрикӣ ва НБО хурд ва истифодаи онҳо дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон» (2022-2024).

Роҳбари лоиҳа: д.и.ф.-м., акад. АМИТ, Илолов М.И.

3). iTAG-SATREPS «Коркард ва татбиқи технологияи таъмини гармии биноҳои истиқоматӣ дар асоси гармии замин» (2022-2027).

Роҳбари лоиҳа: н.и.т., дотсент Кодиров А.С.

 

Дастовардҳои илмӣ

Фаъолияти табъунашрӣ

Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти табъунашрӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Институт ҳамасола китобу монографияҳои ходимони илмиро ба нақша гирифта, тибқи нақша тавсияи нашри онҳоро таъмин менамояд. Дар замони Истиқлолият шуруъ аз соли 2014 то инҷониб аз ҷониби ходимони илмӣ зиёда аз 92 китоб ва 552 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 350 мақола дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, 105 дар нашрияҳои ИДМ ва 87 дар нашрияҳои хориҷи дур ба табъ расидааст.

Дастовардҳои асосии илмӣ-амалӣ

1). Обгармкунаки дукаратаи офтобӣ бо коллектори ҳамвор дар асоси алюминийи аввалияи Ширкати алюминии Тоҷикистон. Дар асоси батареяи офтобӣ ва батареяи истеҳсоли Чин ва схемаи контролери худ сохта шудааст, тасдиқ карда шудааст, ки он метавонад ҳамчун системаи захиравӣ ё ҷудогонаи таъминоти барқ барои бустонсаройҳо, котеҷ ё хонаи деҳот истифода шавад.

2). Модели таҷрибавии «Хонаи офтобӣ». Омӯзиши мунтазами таъсири шароит ба кори панелҳои офтобии иқтидори 100 ва 200 Вт дар майдони таҷрибавии Марказ нишон дод, ки дар шароити табиии истифода параметрҳои кории панелҳои офтобӣ аз параметрҳое, ки дар асоси стандартҳо гирифта шудаанд, хеле фарқ мекунанд. Дар шароити табиӣ ба самаранокии панелҳои офтобӣ аз омилҳо, аз ҷумла шиддати нури офтоб, дарозии рӯзҳои соф, шароити обу ҳаво ва боришот таъсир мерасонад.

3). Технологияи истифодаи гармии замин. Тадқиқот оид ба истифодаи энергияи замин тавассути таҳияи технологияҳои инноватсионии гарм кардани биноҳо (дар зимистон) ва салқинкунии онҳо (дар тобистон) дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Ин технология на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ низ нав буда, бори нахуст дар Тоҷикистон санҷида мешавад.

4). Дар ҷумҳурӣ бори аввал нерӯгоҳи электрикии офтобии шинокунанда шинонида шуда, омӯзиши самаранокии он идома дорад.

5). Таъсири ионҳои дувалентии Mg2+, Zn2+, Cd2+ ва Sr2+ ба баланд бардоштани шиддатнокии фотолюминесентии маводи оксиди CaAl12O19, ки бо иони Mn4+ омехта шудааст, бо истифода аз усулҳои таҷрибавӣ ва назариявӣ омӯхта шуд.

6). Технологияи насоси офтобӣ. Мақсади ин тадқиқот муайян кардани параметрҳои оптималии системаҳои обтаъминкунии офтобӣ мебошад.

Ин системахо барои обшор кардани чарогоххо, обьёрй кардани заминхои нав, бо об таъмин намудани аҳолӣ ва ғайра дар ноҳияҳое, ки аз хатти электрикӣ хеле дуранд ва расиданашон душвор аст, пешбинӣ карда шудаасд.

7). Технологияи «Занҷиравӣ»-и истифодаи энергияи офтобӣ.

Мақсад аз ин технология таъмин намудани ахолии деҳот бо энергияи офтобӣ мебошад.

Хусусияти навоваронаи ин технология дар он аст, ки панелҳои офтобӣ дар хонаҳои истиқоматӣ насб карда, ба шабакаи ягонаи барқи ноҳия ​​пайваст карда мешаванд.

Ҳамин тавр, аҳолӣ рузона қувваи барқ гирифта, ҳамчунин қувваи зиёдатии барқро ба маркази ноҳия интиқол мекунад ва шабона бошад, маркази ноҳия ба аҳолӣ қувваи барқ медиҳад.

 

Ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои илмии соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ

Маркази рушди ииноватсионӣ ва технологияҳои нави АМИТ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии худро бо Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, Институти химияи ба номи В.И.Никитини АМИТ, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, Маркази таҳқиқи технологияҳои иинноватсионии АМИТ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, Кооперативи тиҷоратии "Ҳакимӣ". Созишнома байни МРИИ ва ТН ва ЧДММ «ФАРНА» ш. Истаравшан оиди ҳамкорӣ барои гузаронидани таҷриба дар ҳудуди он оиди истифодабарии насосҳои инновациони барои обкашӣ аз чоҳи амуди бо истифода аз таҷҳизонидани паненльҳои офтобии энергетики дар хоҷагии номбурда карордод баста шудааст. (ш.Душанбе, 26.04.2023). Айни замон кормандони шуъба бо кафедраи «Масолеҳшиносӣ, Т ва ММ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар масъалаи ба вуҷуд овардани СГЭ ҳамкорӣ менамоянд.

Ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ

Маркази рушди ииноватсионӣ ва технологияҳои нави АМИТ ҳамкории илмии байналмилалиро бо муассисаҳои илмии зерини хориҷӣ амалӣ менамояд:

- Институти метрологияи биёбони Хадамоти метеорологии Хитой, ш. Урумчи;

- Институти физикаи атмосфераи Академияи илмҳои Хитой, ш. Пекин;

 - Донишгоҳи Акита, ш. Акита, Ҷопон;

- Донишгоҳи занонаи Нара, ш. Нара, Ҷопон;

- Донишгоҳи илмҳои табиатшиносии Норвегия дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Водная гармония - II».