Skip to main content

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, №АП-480 доир ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва №АП-481 оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурўғи маърифат” ба тавсиб расонида шуда, дар доираи амалигардонии амрҳои болозикр қарорҳои раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли 2024, № 1 оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурўғи маърифат” ва № 2 доир ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тасдиқ карда шудааст.

Бо мақсади амалӣ гардонидани талаботҳои Низомномаҳои озмун бо иштироки Сардори раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдулзода Зиёдулло ва котиби даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” Саломов Сайдалӣ миёни ғолибони даври дуюми шаҳру ноҳияҳо суҳбати озод доир карда шуд.

(аксгузориш аз оғози чорабинӣ)