
Дар муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳалли одилонаи ҳудудҳои баҳснок ҳамеша барои ҳар давлат як мушкили доимӣ, аксаран драматикӣ ва дар айни замон нозук ва дарднок буд ва боқӣ мемонад. Чомеаи ҷаҳонӣ ба мавзӯи сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи зиёд медиҳад, зеро аҳамияти он барои сулҳу амният хеле бузург аст.
Рӯзи 13 марти соли 2025 миёни Тоҷикистону Қирғизистон протокол дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатӣ ба имзо расид, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон вокуниши мусбатро ба бор овард. Раванди гуфтушунид мураккаб ва хеле тулонӣ буд. Мавҷудияти сарҳади умумӣ ҷараёни воқеаҳоро тағйир медиҳад, кишварҳо маҷбур мешаванд, ки муносибатҳои дуҷониба барқарор кунанд ва барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳо бо Ҷумҳурии Қирғизистон самти афзалиятноки сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб мераванд.
Омӯзиш ва таҳлили муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар формати дуҷониба хеле муҳим аст, зеро ҳарду давлат дорои манфиатҳои муштараки байналмилалӣ, яъне тарафдори таҳкими сулҳу субот дар минтақа, таъмини рушди устувор, пешбурди ташаббусҳои глобалӣ оид ба коҳиш додани тағирёбии иқлим, идоракунии одилонаи захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо аз обшавӣ ва ғайра мебошанд.
Ба шарофати дурандешии сиёсии роҳбарияти ду кишвар ва баррасии ҳамаҷонибаи сабақҳои таърихӣ ҳамкориҳои дуҷониба ҳоло симои комилан нав пайдо кардаанд. Рӯзи 31 марти соли ҷорӣ дар вазъияти тантанавӣ се кишвари ҳамсоя - Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон Созишнома дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои се кишвари сарҳадиро ба имзо расониданд.
Баъди ба имзо расонидани созишномаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯйдоди 31-уми мартро «бисёр муҳим» арзёбӣ намуда, гуфтанд, ки «мо ба муносибат бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки бар пояи накӯҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем».
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Ҷабборов, пешниҳод кард, ки дар се кишвар ба мисли ҳавзаи Шенген виза ё раводиди ягона ҷорӣ шавад, то сайёҳон ба тамоми кишварҳои минтақа озод равуо кунанд. Ба таъкиди С.Ҷабборов, «ҳамгироӣ дар минтақа дар ҳоли рушд аст ва таҳкими равобит дар ҳама бахшҳо метавонад дар рушди устувор ва шукуфоии Осиёи Марказӣ мусоидат кунад».
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расидани созишномаи сарҳадиро фоли нек хонда, таъкид намуд, ки «Дар солҳои охир гардиши мол миёни Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон даҳ баробар афзудааст. Қариб нисфи он ба минтақаҳои марзӣ рост меояд».
Хизмати боарзиши ҷонибҳо дар он аст, ки онҳо бо иштироки бевоситаи раванди музокирот оид ба масъалаҳои марзӣ бори нахуст ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мавҷудаи сарҳадӣ ва аҳамияти он барои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон корҳои некро анҷом доданд. Ба ҷонибҳо лозим омад, ки мушкилоти мураккаб ва печидаи марбут ба муқаррар кардани сарҳад байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро босаброна ҳал кунанд.
Ҳуҷҷатҳои ба имзорасида проблемаи сарҳади давлатироро дар муносибатҳои тоҷику қирғиз барои абад ба таври одилона ҳаллу фасл кард.
Бо талошҳои ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати роҳандозии музокирот дар формати дуҷониба, низоъе, ки як садсола ҳалли худро наёфта буд ва мушкили таъсиси сарҳади як ҳазор километраи байни давлатҳои номбурда ба маънои томи он масъалаи ҳаёт ва мамоти тарафайн буд, бори нахуст дар таърихи худ мақоми ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ гирифт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муносибатҳои хешро бар асоси принсипҳои эҳтироми соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, мудохила накардан ба корҳои дохилии ҳамдигар, ҳамсоягии нек пеш бурда, тарафдори таҳкими сулҳу субот ва рушди устувор дар минтақа ва ҷаҳон мебошанд.
Саидумар Раҷабов - мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии
ИФСҲ АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Наворҳои видеоӣ
3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” вориди шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.
3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” вориди шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Узбекистон истиқбол гирифтанд.
3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.
3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдо, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
3 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Миннихановро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Тотористон баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзалиятҳои ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳои Тоҷикистону Русия ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки робитаҳо бо Ҷумҳурии Тотористон ба марҳилаи фаъол ворид мегардад.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, мошинсозӣ, логистикаву нақлиёт, сохтмон ва кишоварзӣ аз самтҳои ояндадори муносибатҳо номида шуд.
Имконияти ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди ашёи хом то ба маҳсулоти тайёр, аз ҷумла ришта аз абрешим ва пашм, навъҳои гуногуни матоъ, либоси махсуси корӣ ва мебел муҳокима шуд.
Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб ба таҳкими ҳамкорӣ барои таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ манфиатдоранд.
Дурнамои ҳамкорӣ дар бахши дорусозӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли якҷояи маҳсулоти тиббӣ низ таъкид гардид.
Густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ ҳам аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд.
Афзун намудани шумораи квотаҳои таҳсилотӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур дониста шуд.
Ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор сурат гирифт.
https://www.president.tj/event/news/50412
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Русия #Россия #Russia #Тотористон #Татарстан #Tatarstan
Дар бораи даъвати иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум
Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 11 апрели соли 2025 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе 3 апрели соли 2025 №1016
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфтанд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдонро ба ҳузур пазируфтанд.
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, бо роҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото мулоқот намуданд.
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ, бо роҳбари намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото мулоқот намуданд.
Имрӯз, 1 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади ҳамовозӣ ба робитаи дӯстии кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар роҳбарони муассисаҳои илмӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш зикр дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равобитҳои дӯстонаи худро бо ҳамсоякишварҳо хуб ба роҳ мондааст. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронияшон иброз медоранд: “Мо итминони комил дорем, ки густариши ҳамкории созанда бо якдигар дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, амниятиву экологӣ ва муқовимат ба таҳдиду хатарҳои глобалии муосир буда, ба манфиатҳои ҳаётии ҳамаи минтақа ва ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ комилан созгор аст”.
Таъкид гардид, ки кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон равобитҳои муштарак ва фарҳанги бисёр ҳам наздик доранд. Маҳз ин равобиту муносибатҳои дустона дар заминаи сиёсати бобарор ва сулҳҷӯёнаи роҳаброни ин кишварҳо мебошад, ки имрӯз мустаҳкам гардидааст. Бояд гуфт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи муосири тоҷик буда, дар сиёсати хориҷию дохилии кишвар заминаҳои назаррас гузоштааст.
Бояд қайд кард, ки бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъди ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ равобитҳои дӯстонаи худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ устувор намуд.
Имрӯз мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон маҳз аз ҳамин сиёсати сулҳҷӯёна ва бобарор маншаъ мегирад.
Пас аз анҷоми овоздиҳӣ Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи интихоботро эълон кард. Дар натиҷа ба тарафдории номзад Рустам Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе 100% овозҳои вакилони интихобкунанда, ба тарафдории Каримзода Мунир
Пас аз анҷоми овоздиҳӣ Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи интихоботро эълон кард. Дар натиҷа ба тарафдории номзад Рустам Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе 100% овозҳои вакилони интихобкунанда, ба тарафдории Каримзода Мунира Бобохон – сартабиби Муассисаи давлатии «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона» 98% овозҳо, ба тарафдории Муҳиддин Нуриддин Давлатали – ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» 98% овозҳо, ба тарафдории Давлатзода Қудрат Қамбар – ректори Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ 97% овозҳо ва ба тарафдории Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 99% овозҳои вакилони интихобкунанда дода шуданд.
@RustamEmomali