Skip to main content

28 декабр дар толори Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар ироа гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Яке аз масъалаҳои басо муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, масъалаи ҳифзи суботу амнияти миллӣ ба ҳисоб мерафт. Воқеан, дар шароити босуръат тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ин масъала аҳамияти бештар касб кардааст.

Сарвари давлат нахуст бо қаноатмандӣ аз саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созандаи миллати тоҷик вобаста ба ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ва 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон хотирнишон намуда, таъкид намуданд, ки “Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст”.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки 6 ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва дар моддаи якуми ин ҳуҷҷати тақдирсоз сохти давлатдории навини тоҷикон муайян шуд ва Тоҷикистон бо иродаи мардум давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф гардид.

Дар идомаи ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки “ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.

Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои қаблиашон низ аз «торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам» изҳори нигаронӣ намудаанд.

Ба маънои васеъ мафҳуми «амният» фароҳам овардани шароити зарурӣ ба шаҳрвандон барои зиндагии арзанда ва рушду нумӯи озодонаи онҳоро дар бар мегирад. Зери мафҳуми «амнияти миллӣ», ҳолати ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдиду хатарҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва зери мафҳуми тъмини амнияти миллӣ, маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, низомӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фароҳам овардани фаъолияти ҳаёти мӯътадили миллат, бартараф сохтани хатароти имконпазир равона шудаанд фаҳмида мешаванд.

Бо назардошти ин, муқаррароти моддаи 8 Конститутсия таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро, ки мақсад ё амали онҳо барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ, вайрон кардани якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, халалдор сохтани амнияти давлат, таъсис додани воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва динӣ, поймол кардани ҳуқуқ ва тартиботи ҳуқуқӣ равона мебошанд, манъ мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ зина ба зина заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии таъмини амнияти миллиро мукаммал гардонидаанд.

Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти хатарҳои муосир ва бо мақсади дарёфти роҳу воситаҳои самараноки таъмини амнияти миллӣ соли 2004 барномаи мукаммал дар шакли “Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расидааст, ки ҳамчун як падидаи мусбӣ дар самти таъмини амният ба шумор меравад.

Консепсияи мазкур дар заминаи баҳисобгирии манфиатҳои миллӣ бо мақсади тадриҷан қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ қабул гардида, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими аҳамияти стратегидошта роҳбалади зарурии мақомоти қудратӣ, низомӣ ва тамоми муассисаҳои идоракунандаи корҳои давлатию ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Моҳияти онро ташхиси масъалаҳои стратегии инкишофи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳу воситаҳои ба низом овардани онҳо ташкил медиҳад.

Ҳамзамон то давраи ба тасвиб расидани “Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» 14 ноябри соли 1999 ва «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» аз 8-уми декабри соли 2003 ба тасвиб расидаанд, ки дар онҳо асосҳои ташкилӣ — ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатиро дар самти таъмини амнияти миллӣ ба таври мушаххас муқаррар намудаанд.

Дар робита ба ин, бо дарназардошти вазъи имрӯза, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ёдовар шуданд, ки “моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки номи «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Тоҷикистон мавқеи устувори худро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуд”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “дар ин ҷода, мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст”.

Бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳои экстремистӣ ва террористӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зина ба зина моддаҳои дахлдор ва андозаву навъҳои ҷазо барои чунин ҷиноятҳо муайян гардиданд. Аз ҷумла, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 майи соли 2004 таҳти №35 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои зерин ворид карда шуданд: Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм (м. 3071 КҶ ҶТ), ташкили иттиҳоди экстремистӣ (м. 3072 КҶ ҶТ) ва ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (м. 3073 КҶ ҶТ).

Инчунин, бо мақсади тақвият бахшидани мубориза ба экстремизм ва терроризм бо қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 августи соли 2011 таҳти №750 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 3074 (Ташкили таълим ё гурӯҳи таълимии хусусияти динии экстремистидошта) ворид гардид, ки ҳамаи инҳо бо мақсади пешгирӣ намудан аз экстремизм ва терроризм амалӣ гардонида шудаанд.

Зарурати ворид намудани моддаҳои мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ аз аввали солҳои 90 — уми асри гузашта сар карда бо роҳи гуногун ҷавононро гумроҳ гардонида истодаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём аз ҳама нуктаи муҳиммро нисбат ба вазъи имрӯза чунин баён намудаанд: “Вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд.

Гузашта аз ин, ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим қарор дорад.

Бо дарназардошти ин омилҳо, моро зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошамонро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳем.

Иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд”.

Вазъи муташанниҷи сиёсии ҷаҳон таҳдиду хатарро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, афзоиш бахшида истодааст. Давлатҳое, ки аз ғояҳои террористӣ ҷонибдорӣ мекунанд дар оянда низ ҳамчун заминаи рушди терроризм баромад намуда, барои гузаронидани технологияҳои гуногуни «ҷангҳои омехта» ба монанди «ҷангҳои террористӣ», «ҷангҳои мухаддиротӣ», «ҷангҳои иттилоотӣ», «ҷангҳои киберӣ» ва ғайра бар зидди кишварҳои Осиёи Марказӣ, боқӣ хоҳад монд.

Ҳамин тариқ, маврид ба зикр аст, ки таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа ва ҷиноятҳои дигари фаромиллӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баъзеи онҳо дар Паёми худ мутазаккир шуданд, ҳамоно ҷой доранд.

Дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, қайд намудаад, ки “стратегияи кишвари мо зимни рушду тавсеаи муносибатҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ минбаъд низ дар заминаи ҳусни эътимод ва самимият бо ҳадафи мусоидат дар таҳкими фазои сулҳу субот ва таъмин намудани рушду пешрафти муштарак дар минтақа бунёд мегардад.

Тоҷикистон тавсеаи муносибатҳоро бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ медонад.

Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва таҷрибаи ҳамкории беш аз се даҳсола бо кишварҳои Аврупо, Амрико, Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар қитъаҳои дунё омодагии хешро ҷиҳати идомаи таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо онҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар қолабҳои бисёрҷониба изҳор мекунад.

Бо ин мақсад, мо аз тавсеаи робитаҳо, бахусус, дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамоем”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади паст кардани шиддати вазъи сиёсии мураккаб ва босуръат тағйирёбандаи ҷаҳон дар ҳама ҳолат даъват ба сулҳ, осоиштагӣ ва муборизаи дастаҷамъона бар зидди ҳама гуна хавфу таҳдидҳои амниятӣ кардаанд ва дар ин Паём низ, чунин мавқеъгирӣ доранд: “Тоҷикистон ҳамкориҳои созанда ва қобили дурнаморо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд густариш медиҳад.

Дар ин росто, кишвари мо робитаҳои худро бо Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар сохторҳои марбут ба равобити бисёрҷониба вусъат бахшида, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ ва қолабҳои гуногуни байналмилалӣ талош меварзад”.

Зеро ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ вобаста мебошад. Яъне таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза зарурат ва аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Аз муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки яке аз масъалаҳои асосӣ дар назди Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳури масъалаи таъмини амнияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти миллӣ чораҳои муассир меандешад.

Дар фароварди Паём Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем.

Аз ин рӯ, дар таъмини амнияти миллӣ лозим аст, ки тамоми мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, дигар қишрҳои ҷомеа ва аҳолӣ муттаҳид шаванд. Дар ҳама вазъияти сиёсӣ чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳимоятгари манфиатҳои давлату миллат ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бошем.

Қудратов К.А., мудири шуъбаи ИДМ

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дотсент