Skip to main content

(Бардоштҳо аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ 30-юми майи соли 2024)

KaromatulloПеш аз ҳама бояд зикр кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон ба аҳли илм ва рушди илм аҳамияти вижа медоданд. 30- юми майи соли 2024 бори дигар аз муносибаташон ба илм, махсусан илми академӣ, ки ба таҳқиқи самтҳои бунёдӣ равона шудааст, ёдовар шуданд. Воқеан ҳам, мулоқот бо Пешвои муҳтарами миллат барои ҳар олим ва корманди илму маориф як падидаи фараҳбахш аст, зеро дастуру ҳидоятҳои Сарвари кишвару миллат барои муайян кардани самтҳои нави илмӣ, таҳқиқотҳои бунёдӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ такони тоза мебахшад. Ҳамчунин зикр карданд, ки дар замони ҳозира ба зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ зиёд буда, илми ватанӣ бояд ба техника ва технологияҳои навин, ба истифода ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот бештар рӯ орад.

Президенти муҳтарам қайд карданд, ки баъд аз мулоқоташон бо аҳли илму фарҳанги кишвар, ки бори охир дар соли 2020 сурат гирифта буд, хулосаҳои худро роҷеъ ба иҷрои дастуру супоришҳои додаашон баён мекунанд.

Дар ҳақиқат, Суханронии Пешвои муҳтарами миллат дар баргирандаи як марҳилаи таърихӣ буд, ки рушди илми ватанӣ , вазъи он ва вазифаҳои олимонро дар оянда хеле равшан намуд. Суханронӣ ва суҳбати хеле амиқназаронаи Пешвои миллат гувоҳи муносибати дилсӯзонаашон нисбат ба илм ва кормандони илму маориф буд. Таҳлили донишмандонаи Президенти муҳтарам хеле амиқ ва пайгирона буда, вазъи илми ватаниро дар пайванд бо роҳи тайкардаи давлати соҳибистиқлоламон дар бар мегирифт.

Дар шароити ниҳоят ногувори дохилию хориҷӣ дар солҳои навадуми асри гузашта ба халқи азизи мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки ҷанги шаҳрвандии таҳмилии бародаркушро хомӯш кунад. Хидмати бузурги Пешвои миллат барои илм пеш аз ҳама дар он зоҳир шуда буд, ки Академияи илмҳои Тоҷикистон нигоҳ дошта шуд. Дар чанде аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди шӯравии собиқ Академияҳои илмҳо ҳамчун маркази таҳқиқоти ҷиддиии илмӣ амалан барҳам дода шуда буданд. Вале, бо вуҷуди душвориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию психологӣ, дар солҳои вазнини оғози Истиқлоли давлатӣ маҳз Пешвои миллат аҳамияти бузурги илмро дар назар гирифта, ба олимон ғамхорӣ намуда, дар доираи имкониятҳои ҳамон давра илм ва олимонро пуштибонӣ намуданд.

Мо, як гурӯх кормандони Академияи илмҳо (аз ҷумла олимони шинохтаамон Зоҳир Аҳрорӣ, Мусо Диноршоев, Раҳим Масов, Кенҷабой Юсуфов, Додоҷон Обидов, Рақиб Абулҳаев ва чанде дигар) дар як маърака шоҳиди воқеае будем, ки як нафар аз роҳбарони маркази исломии он солҳо ба воситаи микрофон эълон карда буд, ки Академияи илмҳоро бояд барҳам дод, зеро он маркази куфр аст.

Бо масъулият ва бемуболиға метавон зикр кард, ки оташи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро шахси дигар ба ҷуз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хомӯш карда наметавонист. Пешвои миллат на танҳо кишвари харобгашта ва тороҷшударо аз ҷанг наҷот доданд, балки барои ҳифз ва рушди маорифу илми он шароити мувофиқ муҳайё намуданд.

Дар суханронии Президенти муҳтарам бори дигар таъкид гардид, ки танҳо аз соли 2000-ум муяссар шуд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ рӯ оварда шавад. Аз сифр Артеши миллӣ эҷод карда шуд, Низоми ягонаи энергетикии кишвар ба вуҷуд оварда шуд, барои ҳимояи сарҳадҳои давлатӣ чораҳои таъхирнопазир дида шуд. Зиёда аз 2 ҳазор км роҳ, чандин нақб, пулҳо эъмор шуданд.

Барои илми акдемӣ дар ин муддат зиёда аз як миллиарду 400 миллион сомонӣ ҷудо шуд, ки маблағи қобили мулоҳиза мебошад. Натиҷаи чораҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ буд, ки ҳисоби миёнаи умри шаҳрвандон дар ҷумҳуриамон ба 76, 3 сол расидааст. Аҳолии кишвар аз 5,5 миллион ба 10, 3 миллион расидааст. Ҳар сол аҳолии кишвар 250 ҳазор нафар зиёд мешавад. Нирӯгоҳҳои барқи обии Сангтуда-1, Сангтӯда-2, Норак, Помир-1, Қайроқкум ва гайра бо маблағҳои зиёд, аз ҷумла бо маблағҳои грантӣ таҷдиду таъмир шуданд.

Кори сохтмони НБО-и Роғун пайваста идома дорад. Ҳоло дар он ҷо 17 ҳазор нафар машғули кор ҳастанд ва 90 дарсади он коргарону муҳандисони маҳаллӣ мебошанд.

Ҳозирини маҷлис суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ба ҷаҳони муосир ҳамчун узви комилҳуқуқ ворид Шудани Тоҷикистон, пешниҳодҳои аҳамияти умумиинсонӣ дошта, ки аз тарафи СММ, ЮНЕСКО пазируфта шудаанд, аз ҷумла дар бораи ҳифзи пиряхҳо, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва ғайра бо мароқи том гӯш карданд. Суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллатро ҳозирин ба нишони тасдиқ ва ифтихор аз нуктаҳои муҳими он борҳо бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол менамуданд, ки рамзи ваҳдати аҳли илм бо Президенти кишвар ва тарафдорӣ аз сиёсати дукандешона ва амалии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд.

Дар айни замон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки бо вуҷуди ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ба муассисаҳои илмӣ ва олимон фаъолияти онҳо қонеъкунанда нест, ба талаботи замон ҷавобгӯ намебошад. Саҳми аъзои вобаста ва пайвастаи АМИТ ва Академтяи илмҳои кишоварзӣ назаррас набуда, таҳқиқотҳои зарурӣ иҷро карда намешаванд. Бинобар ин дастур доданд, ки ба сохторҳои Академияи илмҳо таҷдиди назар шавад. Мавзуъҳои таҳқиқотӣ ба ниёзмандиҳои ҷомеа мувофиқ карда шаванд. Робитаи илм бо истеҳсолот бояд бештар бошад. Ҳамчунин ҷобоҷогузории мутахассисон дар пажӯҳишгоҳхои илмӣ дуруст ба роҳ монда шавад. Бинобар ин дастур доданд, ки барои мутахассисон озмуни ғайринавбатӣ доир карда шавад.

Яке аз эродҳои ҷиддии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи кадрҳои илмии ҷавон дахл дошт, зикр карданд, ки ба тарбияи олимони ҷавон аз ҷумлаи магистрантон, аспирантон ва докторантон диқкати махсус дода шавад. Дар илм низ анъанҳои хуби ниёгонамон- мактаби устоду шогирд ҷорӣ гардад, то ки пайванди наслҳо бардавом бошад. Паркҳои технологӣ ба талаботи замон мутобиқ карда шаванд.

Дар суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили авзои ҷаҳони муосир ҷои махсус дошт. Таъкид намуданд, ки ҷаҳон имрӯз мураккаб ва хатарнок аст. Махсусан раддикализм ва экстремизми динӣ хавфи зиёд дорад. Ҷавононро аз шомил шудан ба ҳаракатҳои ифротӣ бояд ҳифз кард. Дар ин масъала бетарафӣ бадтарин кор аст. Президент зикр карданд, ки агар дар солҳои 90-ум як қисми зиёиён бетарафиро ишғол намекарданд, шояд кор ба ҷанг рафта намерасид.

Дар ҳақиқат , ташвишҳои Пешвои миллат аз воқеаҳои ахир комилан бамавқеъ мебошад. Дар партави суханронӣ, дастурҳо ва супоришҳои боарзиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо кормандони илму маорифи кишвар масъулияти бузурги ватандӯстона ва инсондӯстонаи худро амиқан дарк намуда, вазифаҳои аз тарафи Сарвари давлат дар назди аҳли илм гузошташударо бояд самимона ва шарафмандона иҷро намоем. Дар атрофи Сарвари бузурги давлатамон муттаҳид шуда, ваҳдати миллиро мустаҳкам кардан ва барои ободии Ватани азизамон ва осудагии халқамон кӯшиши пайваста намудан кафили бақои давлат ва саодати наслҳои оянлаи миллат хоҳад буд.

Академик - Кароматулло Олимов