Skip to main content

11 июни соли ҷорӣ дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илм ва инноватсия” баргузор гардид.

Мизи мудаввар дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар ташкил ва гузаронида шуд.

Дар мизи мудаввар кормандони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мењмонон ширкат варзида, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Аз ҷумла, директори Марказ, дотсент Кодиров А.С. дар баромадашон қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша соҳаи илму инноватсияро дастгирӣ мекунанд ва таҳти назорати худ қарор додаанд.

Муовини директор оид ба илм ва таълим Раҳматов Љ.Ш. оид ба супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба забономӯзӣ ёдовар шуданд.

Мудири шуъбаи рушди инноватсионии Марказ, профессор Зубайдов С. ёдовар шуда, қайд намуданд, ки баъди пош хурдани Иттиҳоди шуравӣ ба ҳамаи мушкилот нигоҳ накарда, Пешвои миллат Академияи миллии илмҳоро аз пошхурӣ нигоҳ дошта, барои рушди он заҳмату кушишҳои зиёд карданд.

Инчунин мудири шуъбаи технологияҳои нави Марказ, профессор Азизов Р.О. оид ба зарурияти бознигарии сохтори муассисаҳои илмию таҳсилотии кишвар гуфта гузаштанд, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар зикр гардида буд.

Ҳамин тариқ, мизи мудаввар дар руҳияи худогоҳии миллӣ, инсонсириштӣ ва ватандӯстӣ сурат гирифт.