(эссе)
Дуруд ба Шумо модарҷони ширину ғамгусорам, эй олиҳаи умри зебои инсонӣ, эй сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт, дар ин рӯз шуморо васфу ситоиш дорам, аммо зебоӣ, доноӣ ва шабзиндадории шуморо қудрати пурра баён кардан надорам, зеро Шумо аз ҳам тавсифҳо болотаред. Ай фариштаи осмонии рӯзгор, соҳиби дару девори зиндагию диёр ва нахустин устоди аҳли башар, шуморо ҳамеша парастиш дорам ва ситоишиатонро то ба сурайё ба гӯши малаку фалак мебарам ва медонам ин ҳам бароятон модарҷон кам аст.
Имрӯз Рӯзи модарон, ҷашни хоҳарон, иди дилбарон аст ва дар ин рӯз ҳама ҷавонмардони кишварамон ба истиқболи Рӯзи модарон камари ҳиммат баста, бо гулу гулдастаҳо онҳоро шодбош мегӯянд, ки ин ифтихору имтиҳони фарзандии мост.
Медонам, модарҷон ин ҷашн барои миллати мо хеле бузргу муқаддас аст, ки Рӯзи модарон бо омад – омади ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар пайвандӣ таҷлил мегардад, шояд ин барои мо фоли нек бошад. Хурсандиовар аст, ки дар ин айём иззату эҳтиром ва посдории макому манзалати модарон чун ҳамеша, боз дучанд мегардад.
Модарҷон, афсус мехӯрам ва медонам, ки шумо дигар ба салому садои ларзони ман ҷавоб намегардонед, вале ман ҳамеша бо умед бароятон дуову дуруд мефиристам, ки дилам таскин ёфта бошад. Очаҷон, то ҳанӯз садои гарму ширин ва умеду орзуҳоятро ба гӯш дорам. Худоё, кош модарҷонам садои қалби мани танҳоро мешунид ва медид, ки чӣ гуна дили нозуку маҷрӯҳ дорам. Вале афсус, ки ин номумкин аст. Агар модарҷонам мебуданд , ман дигар танҳоии марди танҳоро ҳис намекардам ва шояд сирри нуҳуфтаи диламро каме ҳам кушода метавонистам. Аммо афсус…
Модарҷони азиз, Шумо дар кӯҷоед, ки мо ҳама имрӯз бузург гаштаем, фарзандонамон ҳам бузург шудаанд. Аммо ман барои Шумо чуноне, ки будам, ҳамонам. Бе муболиға бо ҳамон хислатҳои пешина, маро мешиносанд. Шумо дуруст мегуфтед, ки «ман бо ин хислату андеша ба куҷо мерафта бошам, ки дили хеле кӯдакона дорам». Худоё, кош Шумо лаҳзае омада медидед, ки чӣ гуна мӯйҳои марғулаи сипсиёҳам ранги сафеди барфӣ гирифтаанд. Дастону бозувону шонаҳои паҳлавониям шакли дигар доранд, чӣ илоҷ , инсон бо мурури замон тағйир меёфтааст. Аммо меҳри Шумо модари азизам, дар қалбам ҷовидонӣ боқӣ ва бетағйир мондааст. Ҳанӯз ҳам, модарҷон, шуморо ёд мекунам ва дӯст медорам, мисли тифли кӯчаке, ки аз навозишҳои модар ҳеҷ серӣ надорад.
Ёд дорам, модарҷон замоне, ки қиблагоҳамба ҳавлиамон ворид мегаштанд, аввалин суханашон «Модарат куҷост?» буд. Чунин дӯстдориҳо дар дунё хеле кам, вале дили саршори пӯр аз меҳру муҳаббатро ба ҳок бурдан ҳайф ҳам будааст.
Чӣ илоҷ, дӯст доштан ҳам замоне ба поён мерасидаст, аммо ин барои Модар нест, ситоиши Модар бароям ҳамеша кам аст.
Модарчон, оё медонӣ дар мулки мо баҳор омадааст ва
умри мо низ ба ҷойе расидааст, вале то ҳол ашкҳо аз дидаҳоям барои Шумо, нахушкидаанд. Аҷабо, модарҷон, ин чӣ шукуҳу шаҳомот, ва чӣ бузургвориест, ки ҳатто дар вақти васф намуданат дидагонам пур зи ашку қаламам гӯётар мешавад. Вале васфи ширинии меҳру муҳаббати шуморо очаҷон, аз ҳама баланду боло медонаму мехонам, ки ин ҳам бароям хеле кам аст.
Худоё, ман намедонам ва тасаввур карда наметавонам, ки аз модари ғамгусор дар дунё ширинтар касе бошад? Не, не. Харгиз! Модар чунон бузургест, ки «ба як даст гавҳораро меҷунбонаду бо дасти дигар ҷаҳонро такон медиҳад». Ин аст, ки ӯро саодати рӯзгор ва фариштае аз фариштаҳо болотару волотар медонам.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ин рӯзи саиди пурифтихорро ба ҳама модарон ба мардуми шарифи кишварамон таҳнияту шодбош мегӯям.
Муҳаммад Абдураҳмон - узви вобастаи АМИТ, профессор
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар Қасри Таврии шаҳри Санкт-Петербург дар кори ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил и
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар Қасри Таврии шаҳри Санкт-Петербург дар кори ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Дар кори ҷаласа раисони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд. Дар доираи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи пленарӣ як қатор лоиҳаҳои қонунҳои намунавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла дар бораи баҳодиҳии кадастрии давлатӣ, технологияҳои зеҳни сунъӣ, ворид намудани тағйирот ба ҷанбаи рақамикунонии Кодекси намунавии таълим дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар санадҳо баррасӣ гардиданд. Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарламентӣ муҳокимаронӣ сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
@RustamEmomali
Субҳи 18 апрел дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маросими гулгузорӣ дар Оромгоҳи ёдгории Пискарёв иштирок намуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамин ҷо дар назди Лавҳаи хотиравии сарбозони қаҳрамони тоҷикистонӣ – ҳимоятгарони шаҳри Ленинград дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулдаста гузошта, ба хотираи шаҳидон арҷ гузоштанд.
Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ишт
Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронии худ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои интихоботи парламентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда, аз кори мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноатмандӣ намуданд.
@RustamEmomali
17 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷараён гирифт, масъалаи дақиқ муайян намудани оқибатҳои заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва бартарафсозии онҳо баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузор кардани маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминҷунбӣ, дастгирӣ ва расонидани кумаки ҳаматарафа ба аҳолии осебдида мебошад.
Таъкид гардид, ки бо мақсади муайян намудани хисороти расида аз ин офати табиӣ ва ташкили корҳои бартарафсозӣ оқибатҳои он ба таври фаврӣ Комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири кишвар ва дар ҳайати роҳбарони вазорату идораҳо таъсис ёфта, ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод сафарбар гардид.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оқибатҳои заминҷунбӣ ва ташкили корҳои бартарафсозӣ роҳбари Комиссияи ҳукуматӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, роҳбарони як қатор мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод гузориш доданд.
Гуфта шуд, ки 13 апрели соли 2025, соати 09:24 дақиқа дар ҳудуди кишвар заминҷунбӣ ба амал омад. Маркази он дар масофаи 160 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ва 21 километр аз ноҳияи Рашт буда, қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5-6 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод. Худи ҳамон рӯз се ҳолати дигари заминҷунбӣ дар минтақаи мазкур бо қувваи камтар ба қайд гирифта шуд.
Тибқи маълумот, дар ноҳияҳои мазкур дар маҷмуъ 65 хонаи истиқоматӣ пурра ва 193 хона қисман вайрон шуда, ба 150 хонаи дигар осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон зарар расидааст. Аз ҷумла, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар иншоот зарар дидаанд.
Дар натиҷаи ин офати табиӣ 1 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки корҳо оид ба дақиқ намудани ҳаҷми пурраи хисорот идома дорад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди гузориши шахсони масъул барои ҳарчи зудтар ва пурра рафъ намудани оқибатҳои ин заминҷунбӣ, ҳалли мушкилиҳои пешомада ва бо ёриву ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифтани аҳолии осебдида ба Комиссияи ҳукуматӣ, мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, Комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳои ноҳиявии Рашту Тоҷикобод вазифадор гардиданд, ки оид ба муайян намудани хисороти расида аз заминҷунбӣ, ташкили корҳои бартарафсозӣ ва дар муҳлати кӯтоҳ пурра бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ фавран чораҳои зарурӣ андешанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ва дигар сохторҳои марбута аз Роҳбари давлат супориш гирифтанд, ки ҳаҷм ва маблағи зарари расидаро бо дарназардошти рӯйхати оилаҳои хонаҳояшон пурраву қисман вайроншуда ва дигар бинову иншооти зарардида фавран муайян намоянд.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки шахсони масъул дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқгардидаи комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод рӯйхати аниқшудаи оилаҳои зарардидаро барои расонидани кумакҳои яквақтаинаи моддӣ пешниҳод намоянд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти марбута барои арзёбии ҳолати бинову иншооти давлатии зарардида, ҷудо намудани миқдори зарурии масолеҳи сохтмонӣ, маводи хӯрока ва ниёзи аввалия, бо дарназардошти меъёрҳои сохтмонии ба заминҷунбӣ тобовар таҳия кардани лоиҳаи хонаҳои чорҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ барои дар муҳлатҳои кутоҳтарин сохтани хонаҳо ба оилаҳои осебдида, супориш доданд.
Дастур дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод баъд аз дастрас гардидани масолеҳи сохтмонӣ якҷо бо аҳолӣ ва шахсони саховатпешаву ватандӯсти кишвар барои тариқи ҳашар ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии хонаҳои вайроншуда тадбирҳо андешанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба оилаҳои хонаҳояшон вайроншуда баҳри бунёди манзили истиқоматӣ дар мавзеъҳои амн супориш доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазорату идораҳои дахлдор талаб карданд, ки барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани раванди таълим, ба табобати саривақтӣ фаро гирифтани нафарони ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, назорати қатъии ҳолати санитарию эпидемиологӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида ва сари вақт таъмин кардани сокинон бо маводи доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, чораҳои қатъӣ андешанд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва раванди таълиму тарбияи хонандагон, аз ҷумла дар ҷойҳои муваққатӣ, бояд бемонеа идома ёбад.
Дар асоси супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои дигар вазифадор шуданд, ки оид ба кӯчонидани аҳолӣ аз мавзеъҳои дорои хавфи баланди сейсмикӣ ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва сабабҳои ба вуқуъ омадани онро ба роҳ монда, барои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар дар минтақаи осебдида ба Ҳукумати кишвар таклиф пешниҳод намояд.
Ширкати “Тоҷиксуғурта” якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки ба ҳар як оилаи аҳолии аз заминҷунбӣ зарардида, сарфи назар аз мавҷудияти шартномаи суғуртавӣ, тибқи рӯйхати тартибдодаи Комиссияи ҳукуматӣ, маблағ пардохт намояд.
Аз мардуми саховатпешаю савобҷӯ, аз ҷумла онҳое, ки маблағҳои зиёди худро барои ҳаҷ ва умра сарф мекунанд, даъват карда шуд, ки хайроту садақоти худро ба расонидани кумак ба зарардидагони ин ва дигар офатҳои табиӣ низ равона созанд.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дастур дода шуд, ки хонаҳои навро барои оилаҳои хонаҳояшон пурра вайроншуда то якуми ноябр пурра ба истифода супорида, минбаъд корҳоро дар самти пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла омода намудани инфрасохтори дахлдор, огоҳии аҳолӣ ва дигар чорабиниҳо ба роҳ монанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикободро вазифадор карданд, ки бо дарки масъулияти баланд иҷрои вазифаҳои гузошташударо сари вақт таъмин намуда, аз натиҷааш мунтазам ба Ҳукумати кишвар маълумот пешниҳод намоянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назорати иҷрои дастуру супоришҳоро оид ба бартараф намудани оқибатҳои заминҷунбӣ ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намуданд.
Тавре Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар медиҳад, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода барандаи ҷоизаи башардӯстонаи ИДМ "барои саҳм ва дастовардҳои барҷаста дар соҳаи илму маориф" гардид.
Ба устоди гиромӣ ин дастоварди арзишмандро табрику таҳният хонда, дар фаъолияти илмю эҷодияшон барору комёбиҳоро таманно менамоем!
Кумакҳои Пешвои миллат ба зарардидагони заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 15.04.2025
15 апрел дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳои иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд.
Хотиррасон менамоем, ки 13 апрели соли 2025, соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди рух додани заминларза 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.
Комиссияи ҳукуматӣ иборат аз роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозию геодезия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминларза ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарардида машғул аст.
Тибқи маълумоти пешакӣ дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қариб 200 иншооти гуногун зарар дидаанд.
Ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ва рафти расонидани кумакҳои аввалия ба мардуми зарардида таҳти назорат ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
https://www.president.tj/event/news/50584
Имрӯз, 14 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи илми тоҷик бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳа ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо сухани муқадимавии хеш аҳли илмро муборакбод намуда, зикр дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Таъкид гардид, ки илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босуботи ҷомеа ба шумор меравад. Бо дарназардошти аҳаммияти хоссаи ин самти афзалиятнок дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёду мондагор дар амал табиқ гардида истодааст. Бо мақсади рушду инкишофи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа таваҷҷуҳ ба илм беш аз ҳар вақт аҳаммияти муҳим пайдо намудааст.
Гуфта шуд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илм ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият ва ба олим ҳамчун сарвати бебаҳои ақлонӣ нигариста, барои ривоҷу равнақи минбаъдаи илм ва беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон чораҳои зарурӣ меандешанд, зеро рушди босуботи соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва таъминкунандаи пешрафти ҷомеа ва давлат маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли илмро ба муносибати Рӯзи илми тоҷик муборакбод намуда, аз дастовардҳои илми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илм ёдовар шуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ олимону академиконе, ки солҳои тулонӣ дар рушди илми тоҷик заҳмат кашидаанд, бо ҷоизаву ифтихорномаҳои роҳбарияти академия, ва олимони ҷавон бо дипломҳои номзадиву докторӣ қадршиносӣ гардиданд.
ГУЗОШТАНИ ГУЛЧАНБАР ДАР НАЗДИ ОРОМГОҲИ ОЛИМОНУ АКАДЕМИКОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК
Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо 14 апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик бо шукуҳу шаҳомоти хоса таҷлил мегардад.
Имрӯз, (14.04.2025) ба ин муносибат президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо аҳли олимону кормандон барои пос доштани хотири аҳли илму адаб дар назди оромгоҳи шахсиятҳои арзишманди миллати тоҷик Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ гулчанбар гузошта, аз хизматҳои арзишманди ин шахсиятҳо ёдовар шуданд.
Таъкид шуд, ки воқеан ҳам хизматҳои ин шахсиятҳои арзишманди миллати тоҷик дар пешрафти илму адаб, забону фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ниҳоят бузург аст. Аз ин рӯ, пос доштани хотираи ин бузургон дар остонаи Рӯзи илми тоҷик ва ҳифзи осори онҳо вазифаи аввалиндараҷаи олимону академикон ба ҳисоб меравад.
